Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Ҷонибеки Акобир


Ҷонибеки Акобир
Ҷонибеки Акобир

Ҷонибеки Акобир, аз намояндагони барҷастаи "насри кӯҳистонӣ" дар адабиёти тоҷик, рӯзи 25 июл дар синни 62 ба зиндагӣ падруд гуфт.

Ҷонибеки Акобир, яке аз адибони шинохтаи муосири Тоҷикистон рӯзи 25 июл дар синни 62 дар манзилаш дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе даргузашт. Ҷонибеки Акобир дар солҳои охир аз асароти сактаи мағзӣ ва саратони мағзи сар азоб мекашид, вале бо ин вуҷуд то замони маргаш ҳамчун сардабири маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” кор мекард. Ҷанозаи адиби маъруфро баъд аз намози ҷумъа дар оромгоҳи маҳаллаи Зарафшон ба хок супурданд.

Саттор Турсун, адиби шинохтаи тоҷик рӯзи 25 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ даргузашти Ҷонибеки Акобирро як талафоти бузург барои адабиёти тоҷик номид ва гуфт, “Ҷонибек як инсони хубу нависанди хубе буд. Тақдири инсонҳои оддӣ дар ҳолатҳои мухталифи чӣ иҷтимоӣ ва шахсӣ ва чӣ сиёсӣ мавзӯи асосии ҳикояҳои ӯ буд. Кӯшиш мекард, то рисолати асосиии адабиётро, ки дар маркази таҳқиқаш инсон аст, ҳамеша ба ҷо биорад. Ва ӯ аз ангуштшумор адибонест, ки ин рисолатро иҷро карда тавонистааст. Ҳайф ва Худо раҳматаш кунад!”

Қодиршоҳи Мурувват, аз фарҳангиёни тоҷики муқими Қирғизистон дар номаи таслияташ аз Бишкек навиштааст: Устод Ҷонибек Акобир - нависандаи хушсалиқа ва муҳимтар аз ҳама инсони поку шариф буданд. Ҷои эшон дар саҳифаи насри муосири тоҷик холӣ мемонад.”

Шоири тоҷик Исфандиёри Назар дар саҳифаи “Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб” дар бораи даргузашти Ҷонибеки Акобир навишт: “Адабиёти точик бо зоеаи аз даст додани нависандаи тавоно устод Ҷонибек Акобир садамаи бузург дид. Ин гузашти асафборро ба ҳамаи пайвандону алоқамандони осори марҳум тасаллият мегӯям.”

Ҷонибеки Акобир аз нависандаҳои хушноми тоҷик буд, ки асосан дар жанри ҳикоя менавишт. Ӯро аз намояндагони барҷастаи ба истилоҳ “насри кӯҳистонӣ” дар адабиёти тоҷик медонанд ва мегӯянд, Ҷонибеки Акобир тавонистааст дар ҳикояҳояш образи сокини ба сурати умум софдилу содадили кӯҳистонро бо як маҳорати хос тасвир кунад.

Ҷонибеки Акобир соли 1952 дар рустои Рӯшании ноҳияи Комсомоболод(Нурободи ҳозира) ба дунё омада, соли 1980 риштаи забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ҷонибеки Акобир дар солҳои 80 ва авоили солҳои 90 ба ҳайси мудири шӯъбаи насри маҷаллаи “Садои Шарқ” кор мекард. Ӯ соли 1992 як муддат сухангӯи кафили раиси Шӯрои олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров буд. Ҷонибеки Акобир соли 1996 сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” таъин шуд ва ба гуфтаи адибон, тавонист ин маҷалларо, ки дар солҳои 90 дучори рукуд шуда буд, дубора ба по бихезонад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар муаррифии китоби охирин ӯ бо номи “Қаламҳои кӯҳистонӣ”, ки силсилаи ҳикояҳо ва ҳам қиссае бо номи “Бозии тақдир”-ро дар бар мегирифт, навишта буд, ки Хонандагони тоҷик ӯро ба сифати «нависандаи кӯҳистонӣ» хуб мешиносанд ва нақди адабӣ низ Ҷонибекро ба ҳайси нависандаи чирадаст ва тасвирсоз муаррифӣ кардааст. Дар чакидаҳои қалами Ҷонибек Акобир чизи муҳиме, ки пеш аз ҳама, диққати хонандаро ба худ ҷалб месозад, забони навиштаҳои ӯст. Забони асарҳои нависанда саршор аз калимоти ноби тоҷикианд, ки мутаассифона, имрӯз аз истифодаи аҳли қалам берун монда, дар шеваи гуфтугӯии мардуми кӯҳистон маҳфуз мондаанд.”

XS
SM
MD
LG