Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зебуннисо Рустамова дар бораи мушкилоти варзиши тоҷик


Акси солҳои ҷавонии Зебуннисо Рустамова

Акси солҳои ҷавонии Зебуннисо Рустамова

Камонвари машҳури тоҷик Зебуннисо Рустамова дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз мушкилоти риштаи варзиши Тоҷикистон ва камбуди сармоягузорӣ ба ин риштаи ифтихорзои кишвар сӯҳбат кард.

Ахиран дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мулоқоти хабарнигорони риштаи варзиши кишвар бо Зебуннисо Рустамова, камонвари машҳури тоҷик, қаҳрамони собиқи ҷаҳон ва барандаи медали биринҷии олимпӣ, ки феълан раиси Созмони олимпичиёни тоҷик аст, доир шуд. Бояд гуфт, ки комёбиҳои Зебуннисо баландтарин қуллаест, ки як бонуи тоҷик дар соҳаи варзиш ба даст овардааст.

Устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Зебуннисо Рустамова ба хабарнигорон перомуни вазъи имрӯзаи варзиш дар кишвар ва роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳа ибрози назар кард.

Ӯ гуфт, ки имрӯз варзишгарони тоҷик бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ ҳастанд. Ба иллати камбуди молӣ наметавонанд ба мусобиқоти байналмилалӣ хуб омодагӣ бигиранд. Ба андешаи хонум Рустамова варзишгари ҳирфаӣ бояд бо хона, маошу шароити хуби тамрин таъмин бошад.

“Соли 2016 соли Бозиҳои олимпист. Вале то имрӯз варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия ҳамагӣ як роҳхат гирифтаанд”, - бо таассуф иброз дошт раҳбари Созмони олимпичиёни Тоҷикистон Зебуннисо Рустамова.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG