Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирҳои нишонраси Зебуннисо Рустамова


Зебуннисо Рустамова ҳунари камонвариро ба насли нав меомӯзонад
Зебуннисо Рустамова ҳунари камонвариро ба насли нав меомӯзонад

Меҳмони маҷаллаи навбатии «Ҷаҳони варзиш» камонвари машҳури тоҷик ва барандаи медали биринҷии олимпӣ Зебуннисо Рустамова аст, ки 29-уми январ 55-сола мешавад.

Комёбиҳои Зебуннисо, Гурдофариди асри навин, баландтарин қуллаест, ки як зани тоҷик дар соҳаи варзиш ба даст овардааст. Бо Устоди шоистаи варзиши СССР Зебуннисо Рустамова, варзишгари барҷастаи Тоҷикистон дар қарни ХХ, сӯҳбате оростем перомуни вазъи имрӯзаи варзиш дар кишвар ва роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳа.

- Хонум Зебуннисо, Шуморо бо ҷашни зодрӯзатон табрик гуфта, бароятон тансиҳатию хонаободӣ ва хушиҳои рӯзгорро орзумандем.

-Ташаккур.

-Шуморо насли бузургсолу миёнасоли ҳаводорони варзиши тоҷик хуб мешиносанд ва аз дастовардҳоятон комилан огаҳанд. Ҳаёту фаъолияти варзишии Шумо барои насли ҷавони имрӯзаи тоҷик низ ибратомӯз аст. Бинобар ин, лутфан аввал дар бораи худ ва комёбиҳои ба даст овардаатон ҳарф мезадед.

- Ман 29-уми январи соли 1955 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаам. Соли 1972 мактаби миёнаи рақами 18-и пойтахти ҷумҳуриро хатм карда, ҳамон сол ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанбе дохил шудам. Донишкадаро соли 1976 ба итмом расонидам. Инчунин соли 1980 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро ғоибона хатм кардаам.

Зебуннисо Рустамова дар Олимпиадаи соли 1976 дар Канада барандаи медали биринҷии сабқати камонварӣ шудааст
Аз соли 1969 ба камонварӣ шуғл меварзам. Солҳои 1974–1987 узви дастаи мунтахаби камонварии Иттиҳоди Шӯравӣ будам. Қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон (1975, шаҳри Интерлакени Швейтсария – қаҳрамони мутлақ дар рақобатҳои инфиродӣ ва соҳиби медали тилло дар ҳисоби даставӣ, 1985, шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ, 1987, шаҳри Сиднейи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 1976 дар шаҳри Монреали Канада, қаҳрамони секаратаи Аврупо (1976, шаҳри Копенгагени Дания, 1985, шаҳри Измири Туркия, 1986, шаҳри Пориси Фаронса), қаҳрамони 15-каратаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ғолиби бисёркаратаи Шӯрои марказии ҷамъияти варзишии «Динамо», қаҳрамони 20-каратаи Тоҷикистон, рекодсмени ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ мебошам. Ҳамчунин дар Бозиҳои «Дружба – 84» дар Чехословакия, ки ба Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба таври алтернативӣ доир гашта буданд, сазовори медали нуқра шудаам.

Аз соли 1986 то соли 1992 муовини раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва аз соли 1992 то соли 1995 раиси ин кумита будам. Ҳамчунин аз соли 1992 то соли 2000-ум вазифаи ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба ӯҳда доштам.

Бо унвонҳои фахрии «Устоди шоистаи варзиши СССР», «Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон», ордени «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва ғайра сарфароз шудаам.

Феълан дар шаҳри Хуҷанд ба сар мебарам ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии занону кӯдакон»-ро сарварӣ мекунам. Инчунин, раиси Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон мебошам. Ду фарзанд дорам - Диловар ва Дилшод.

- Ба назари Шумо вазъи имрӯзаи варзишро дар Тоҷикистон чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?


- Ба ин соҳаи муҳим дар Тоҷикистон тайи чанд соли охир, хусусан баъди барқарории сулҳу оромӣ дар кишвар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои вижаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишварро тасдиқ кардааст, ки дар он вазъи соҳа тайи солҳои истиқлоли Тоҷикистон таҳқиқ гардида, самтҳои асосии рушди варзиш дар мамлакат муайян шудааст.

Вале, ба назари ман, вазъи варзиш дар кишвар, бахусус дар деҳот дар сатҳи поин қарор дорад. Хусусан ба варзиш занону духтарони тоҷик кам таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Бори гарони рӯзгор, ташвишҳои ҳамарӯзаи зиндагӣ ба занони мо имкон намедиҳад, ки ба варзиш шуғл варзанд. Зимнан, дар замони шӯравӣ ҳама дар мактаб бо тарбияти бадан машғул мешуданд ва ҳам машқ дар толорҳои варзишӣ ройгон ва барои ҳама дастрас буд. Вале ҳоло чунин нест. Албатта, шавқи варзиш дар мардуми мо решаҳои қадимӣ дорад ва тоҷикон худро аз ихтироъгарони чавгонбозию шоҳмот ва дигар навъҳои варзиши ҷисмонию равонӣ медонанд. Ва иди Наврӯзу Меҳргон бидуни сабқати паҳлавонону аспсаворон ид ҳам шуморида намешуд.

Ҳарчанд варзишгарони кишвар дар мусобиқоти байналмилалӣ дар риштаҳои мухталифи варзиш ширкат карда, ба як қатор дастовардҳо муваффақ гаштаанд ва миёни онҳо барандагони медалҳои олимпӣ, қаҳрамонони ҷаҳону Осиё низ ҳастанд, вале пас аз пирӯзии гурзандоз Андрей Абдувалиев дар Бозиҳои ХХУ тобистонаи олимпӣ дар Барселонаи Испания тӯли 17 сол ягон нафари дигар ба унвони қаҳрамони олимпӣ даст наёфтааст. Инчунин тӯли 14 соли ахир касе аз Тоҷикистон ба мисли Абдувалиев дар навъҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст.

-Дар робита ба он ки вазъи имрӯзаи варзиш дар кишвар чандон хуб нест, пас роҳи ҳалли масъала ва беҳбуди соҳаи варзишро ҳамчун як нафар коршинос дар чӣ мебинед?

- Ҳукумати Тоҷикистон набояд танҳо бо қабули Барномаи рушди варзиши Тоҷикистон маҳдуд шавад, балки шароити зарурии шуғли мардумро ба варзиш таъмин намояд. Рушди варзиш ва ширкати комгори варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ ва Бозиҳои олимпӣ танҳо дар сурати сармоягузории кофии давлат ва соҳибкорон имконпазир мебошад. Пуштибонии молии ҳукумат аз варзиши ҳирфаӣ дар Тоҷикистон дарк карда мешавад, вале ин кофӣ нест ва бояд аз сармоягузориҳои хусусӣ ва мадади соҳибкорон дар баробари коҳиши андоз аз даромади онҳо истифода ба амал ояд. Сармоягузории давлат ба варзиш бисёр ночиз аст. Зеро барои офаридани як қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ маблағи зиёд даркор аст. Воқеъан, барои омодагиҳо ва ширкати варзишгарон дар Бозиҳои олимпӣ Амрико ва Чин беш аз 1 млрд доллар, Олмон 750 млн евро, Русия 135 млн доллар масраф мекунанд. Вале Тоҷикистон чунин имкониятро надорад.

Зебуннисо Рустамова дар айёми ҷавонӣ. Акс аз хазина
Барои рушди варзиш дар ҷумҳурӣ ташкили пойгоҳҳои зарурии таълимию машқӣ, бунёди база ё урдугоҳи махсуси олимпӣ барои аъзои дастаи мунтахаби кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ширкати бомуваффақияти варзишгарони мо дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ва оммавӣ гардондани варзиш миёни табақаҳои гуногуни аҳолӣ зарур аст. Бояд ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи варзиш ва дар ин замина таъмини дастаҳои мунтахаби кишвар бо мураббиёни соҳибихтисос бештар таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.

Ба андешаи ман ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» баъзе тағйироту иловаҳо бояд ворид кард. Аз ҷумла, ба шахсоне, ки клуб ё бошгоҳи варзишӣ таъсис додаанд, тоҷироне, ки ба соҳаи варзиш кӯмак мекунанд, дар пардохти андоз сабукиҳо дода, ҳамчунин, як боб «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии варзишгарон» бояд илова шавад.

Ба андешаи ман хуб мебуд, барои рушд ва ҳалли мушкилоти соҳа бо сарварии Президенти кишвар як Шӯрои давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис меёфт, ки ба ҳайати он дар баробари масъулини соҳа, кормандони варзида ва мураббиёну варзишгарони маъруф дохил мешуданд. Дар ин кор аз таҷрибаи муфиди кишварҳои хориҷӣ бояд истифода кард.

- Воқеъан, дар аҳди шӯравӣ як комиссиюни ҷумҳуриявӣ оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳти сарварии раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон фаъолият дошт, ки барои пешрафти соҳа корҳои зиёдеро анҷом дода буд.

- Бале. Ман низ ба ҳайси раҳбари Кумитаи варзиши ҷумҳурӣ дар кори ин комиссиюн фаъолона ширкат варзидаам. Ва ин комиссиюн, дарвоқеъ барои пешрафти соҳа дар ҷумҳурӣ хизмати арзанда кардааст. Ба варзиш, ба истиснои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, ҳамчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба мисли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, федератсияҳо ва ҷамъиятҳои варзишӣ, Вазоратҳои қудратӣ, маориф, тандурустӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ сару кор мегиранд. Бинобар ин шомил шудани раҳбарони ин вазорату кумитаҳо ба ҳайати як Шӯро ё Комиссиюни давлатӣ барои ҳалли мушкилоти соҳа аз фоида холӣ нест.

-Зимнан, дар бораи камонварӣ ва вазъи имрӯзаи он дар кишвар чӣ назар доред?


-Камонварӣ ҳамчун навъи миллии варзиш дар Тоҷикистон аз нав эҳё мешавад. Дар замони шӯравӣ ин риштаи варзиш дар ҷумҳуриамон хеле ривоҷ ёфта буд. Дар Тоҷикистон мусобиқоти байналмилалӣ бо ширкати беҳтарин камонварони олам баргузор мешуд. Ҳамчунин онҳо барои машқи худ ҷумҳурии моро интихоб мекарданд. Вале баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ таваҷҷӯҳ ба камонварӣ дар кишвари мо сол то сол коҳиш ёфт ва танҳо се-чор соли охир ба ин намуд то як андоза аҳамият дода мешавад. Боиси хушнудист, ки бонувони камонвари тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат варзида, натиҷаҳои хуб ба даст меоранд. Вале ба иллати сармоягузории ночиз камонварони тоҷик хеле кам дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат мекунанд. Ба андешаи ман барои рушди минбаъдаи ин риштаи олимпии варзиш дар Тоҷикистон таъсис додани мактаби махсуси варзишӣ оид ба камонварӣ ва бунёди машқгоҳи махсуси камонварӣ дар шаҳри Душанбе зарур аст.

-Барои сӯҳбати самимӣ аз Шумо як ҷаҳон ташаккур.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG