Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Турфа "шогирд"-е, ки дар ҳайрат накард устодро


Игор Черевченко
Игор Черевченко

Дар чемпионати Русия оид ба футбол рӯзи 16 август ду дастае вориди сабқат шуданд, ки масъулияти сармураббигии онҳо бар дӯши шогирдони футболи Тоҷикистон – бозигарони собиқи дастаи “Помир”-и Душанбе буд. Дар ин мусобиқаи қаҳрамонӣ “Локомотив”-и Маскав зери раҳбарии Игор Черевченко ва “Терек”-и Грозний зери раҳбарии Рашид Раҳимов ба майдон баромаданд.

Дар ин бозӣ, ки дар шаҳри Маскав гузашт, ҳисоб кушода нашуд ва дастаи Игор Черевченко аз имкони гузаштан аз дастаи “Зенит” ва дар хатти дувуми ҷадвал ҷой гирфитан маҳрум монд. Ҳоло “Локомотив” дар мақоми сеюм ва “Терек” дар мақоми даҳум қарор доранд.

Рашид Раҳимов
Рашид Раҳимов

Зимнан, Рашид Раҳимов як муддат дар дастаи “Локомотив” бозӣ мекард ва баъдан сармураббии ин даста шуд. Соли 2008 Игор Черевченко, ки акнун ба фаъолияти мураббигӣ шурӯъ карда буд, як муддат ёвари Рашид Раҳимов дар “Локомотив” буд. Ба ибораи дигар, Игор Черевченко шогирди Рашид Раҳимов маҳсуб мешавад.

Игор Черевченко, ки зимнан, шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳифз кардааст, рӯзи 3 июни соли равон ҳамчун сармураббии нави “Локомотив”-и Маскав муаррифӣ гардид. Раҳбарони даста назди ӯ вазифа гузоштаанд, ки “Локомотив” дар ин мавсим ҳадди ақалл дар сегонаи аввал ҷой бигирад.

Игор писари ҳимоятгари маъруфи тими “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко аст ва дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Тоҷикистонро ватани худ меҳисобад ва ҳар дафъа ба ин ҷо на ба меҳмонӣ, балки ба хонаи худ меояд.

XS
SM
MD
LG