Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

2 ВИДЕО аз маросими видоъ бо Махдуми Муҳаммадикром


Махдуми Муҳаммадикроми Муҷахарфӣ

Махдуми Муҳаммадикроми Муҷахарфӣ

Ҷанозаи Махдуми Муҳаммадикроми Муҷахарфӣ, як рӯҳонии маъруф дар водии Рашт рӯзи 27 феврал дар зодгоҳаш - деҳаи Муҷахарфи ноҳияи Нуробод - ба хок супурда шуд.

Ҷанозаи рӯҳонии шинохта Махдуми Муҳаммадикром (ҳамчунин маъруф ба Махдуми Муҳаммадкиром), фарзанди рӯҳонӣ ва шоири маъруфи ибтидои асри 20 Шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ, рӯзи 27 феврал дар зодгоҳаш - деҳаи Муҷахарфи ноҳияи Нуробод, воқеъ дар 130-километрии шимолу шарқи пойтахти Тоҷикистон - ба хок супурда шуд. Ин рӯҳонии маъруфи суннатгаро баъд аз зӯҳри 26 феврал дар Муҷахарф дар синни 99 баъд аз бемории тӯлонӣ даргузашт.

Ҳоҷӣ Ҳисорӣ Саломов, яке аз муридони Махдуми Муҳаммадикром, ки рӯзи 27 феврал бо Радиои Озодӣ тавассути телефон аз Муҷахарф сӯҳбат мекард, гуфт, ҷанозаи ин рӯҳониро дар гӯристони нави воқеъ дар теппаҳои болои деҳаи Муҷахарф ба хок супурданд. Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Ҳисорӣ, азбаски шумораи ҷанозахонҳо ба чанд ҳазор мерасиду ягон масҷиди дараи Муҷахарф тавони гунҷондани ҳамаи онҳоро надошт, намози ҷанозаи Махдуми Муҳаммадикромро дар як майдони васеъ дар соҳили дарёи Муҷахарф хонданд.

Ин 2 видео аз маросими видоъ бо ҷанозаи Махдуми Муҳаммадикром дар шабакаи "Одноклассники" нашр шудааст:

ВИДЕОИ 1: Маросими видоъ

ВИДЕОИ 2: Намози ҷаноза

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Ҳоҷӣ Ҳисорӣ Саломов гуфт, ба ҷуз аз раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода, ки бо сафаре дар хориҷ қарор доштааст, тақрибан ҳамаи дигар аъзои Шӯрои уламо ширкат доштанд. Ӯ афзуд, барои таъмини амният дар ҷараёни маросими видоъ бо ин рӯҳонии маъруф то 30 тан аз нирӯҳои ОМОН -воҳиди вижаи милиса - низ ҷалб шуда буд.

Суннатуллоҳ Саидов, як сокини дараи Муҷахарф ба Озодӣ гуфт, рӯҳониёни шинохтае, чун Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, ва Эшони Абдулвоҷиб, писари эшони Абдураҳмонҷон, аз рӯҳониёни маъруфи суннатгарои Тоҷикистон, дар маросими видоъ ва намози ҷанозаи Махдуми Муҳаммадикром ширкат доштанд. Суннатуллоҳ Саидов гуфт, аз Муҷахарф то Зорон, деҳае ки дар саргаҳи дараи Муҷахарф қарор дорад, дар тӯли 2 километр кӯчаҳо пури эътиқодмандҳоест, ки аз манотиқи мухталиф барои видоъ бо Махдуми Муҳаммадикром омадаанд.

Намози ҷанозаи Махдуми Муҳаммадикромро Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ имоматӣ кардааст. Махдуми Муҳаммадикром ва Домулло Ҳикматуллоҳ аз нигоҳи равиши мазҳабӣ ва дидгоҳашон ба меъёрҳои мазҳаби Ҳанафия ҳамеша хеле ба ҳам наздик буданд. Онҳо аз ҷумлаи он рӯҳониёни водии Раштанд, ки дар аксари масоил аз ҳукумат тарафдорӣ мекарданд ва ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар канори мухолифини исломгарои ҳукумат қарор нагирифтанд.

Наздиконаш мегӯянд, Махдуми Муҳаммадикром, тайи қариб 6 моҳи охир бемори бистарӣ буд. Ӯ аз бемории диққинафас азият мекашид ва ин беморӣ билохира вайро аз пой афканд.

Ҳоҷӣ Ҳисорӣ Саломов, яке аз муридони Махдуми Муҳаммадикром, шоми 26 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Махдуми Муҳаммадикром соати тақрибан 15 аз олам чашм пӯшид, вале хабари марги ин рӯҳонии мӯҳтарам аллакай даҳҳо тан аз пайравону муридон ва пайвандони ӯро аз гӯшаҳои мухталифи кишвар ба Муҷахарф овардааст. Ба гуфтаи ӯ, намози ҷанозаи Махдуми Муҳаммадикром рӯзи ҷумъа, 27 феврал баъди адои намози ҷумъа хонда шуда, ӯро дар оромгоҳи Муҷахарф ба хок месупоранд.

Ин видеоро яке аз муридони ин рӯҳонӣ замоне бардоштааст, ки Махдуми Муҳаммадикром дигар дар бистари беморӣ буд:

Сӯҳбати Махсуми Муҳаммадикром

Махдуми Муҳаммадикроми Муҷахарфӣ

Махдуми Муҳаммадикроми Муҷахарфӣ

Махдуми Муҳаммадикром аз рӯҳониёни суннатгарои Тоҷикистон аст, ки дар байни аҳли дин дар ин кишвар эътиқодманду пайрави зиёде дошт. Ин хонаводаи рӯҳонӣ бахусус дар дараи Муҷахарфи ноҳияи Нуробод (Комсомолободи собиқ) нуфузи зиёд ва ҳамчунин дар навоҳии дигари водии Рашт ва дар водиҳои Ҳисору Вахш ҳам пайрав дошт.

Махдуми Муҳаммадикром фарзанди Шайх Абдулҳайи Домулло Муҳаммадсобири Абдулазим, як рӯҳонӣ ва шоири маъруфи ибтидои асри 20 дар водии Рашт аст. Гуфта мешавад, аҷдоди ӯ аз Даҳбеди Самарқанд омада, дар Муҷахарф муқим шудаанд.

Дар соли 1930, баъди омадани Артиши Сурх Абдулҳайи Муҷахарфӣ, ки он замон 63 сол дошт, ҳамроҳи писари калониии он замон сисолааш бо туҳмат дар Оби Гарм ҳамчун "унсури аксулинқилобӣ" ба қатл маҳкум шуданд. Домулло писараш Абдуфаттоҳро аз боздошт гурезонд ва ӯ баъдан ба Афғонистон ва баъди ҳамлаи нирӯҳои Шӯравӣ ба Афғонистон ба Арабистони Саудӣ фирор кард. Аммо худи рӯҳонӣ ва шоири маъруф Абдулҳайи Муҷахарфиро соли 1931 дар синни 64 -солагӣ, бино ба бархе манбаъҳо, дар маҳаллаи Сариосиёи шаҳри Душанбе, ки он замон як қатлгоҳи мақомоти амниятии Шӯравӣ шуда буд, куштанд.

Аз Абдулҳайи Муҷахарфӣ чандин китоб, аз ҷумла “Муфизу-л- анвор», «Далоилу-л- салотин», «Муфиду-л-мўъминин», «Канзул-маъовиз» ва «Девони ашъор» то имрӯз боқӣ монда, аз китобҳои дигараш, чун Гулзори таҳрир», «Ойинаи шавқ», «Тахмисот» танҳо номаш дар ёд мондааст.

Ҷони писари дигари Шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ Муҳаммадикромро дар соли қатли падараш танҳо ноболиғ будани ӯ харид. Махдуми Муҳаммадикром танҳо баъди 60 соли ҷудоӣ, дар оғози солҳои 90, вақте Шӯравӣ шикаст хӯрду роҳи сафари Ҳаҷ барои мардум боз шуд, тавонист ба Арабистони Саудӣ сафар карда, бародараш Абдулфаттоҳро дубора бубинад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG