Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамзи хоккейи Шӯравӣ Виктор Тихонов аз дунё рафт


Виктор Тихонов
Виктор Тихонов

Мураббии маъруфи хоккейи Шӯравӣ Виктор Тихонов шаби 24 ноябр дар Маскав дар синни 84 аз дунё чашм пӯшид. Тихонов шӯҳратёртарин ном дар таърихи хоккейи Шӯравӣ ба шумор мерафт.

Виктор Тихонов – мураббии шӯҳратёри хоккей, қаҳрамони секаратаи Бозиҳои олимпӣ, қаҳрамони 8-каратаи ҷаҳон ва қаҳрамони 13-каратаи СССР шаби 24 ноябр дар синни 84 дар шаҳри Маскав аз дунё рафт.

Игор Есмантович, мудири кулли бошгоҳи хоккейи ЦСКА (Маскав), бошгоҳе, ки Тихонов қариб тамоми умрашро сарфи он кардааст, рӯзи 24 ноябр ба хабарнигорон гуфт: «Имшаб, соати як Виктор Василевич Тихонов аз мо рафт. Ӯ баъди бемории тӯлонӣ дар бемористон даргузашт. Бошгоҳи хоккейи ЦСКА бо изҳори ҳамдардии амиқтарин тамоми масоили марбут ба ташкили маросими дафни Тихоновро бар дӯши худ мегирад.» Аммо ӯ афзуд, ки ҳанӯз таърихи маросими видоъ ва дафни мураббии шӯҳратёр дақиқ нашудааст.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин низ, ба гуфтаи сухангӯяш Дмитрий Песков, ба пайвандону наздикони Виктор Тихонов изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Дар миёнаҳои моҳи октябр гузориш шуда буд, ки Тихонов дигар мустақилона ҳаракат карда наметавонад ва дар манзилаш таҳти табобат қарор дорад. Як моҳ пеш ӯро ба бемористон интиқол доданд. Бино ба маълумоти шабакаи телевизионии Lifenews, Тихоновро чанд рӯз пеш ба далели бад шудани вазъи саломатиаш ба шӯъбаи реаниматсияи бемористони Пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и ба номи Склифосовский гузарондаанд.

Виктор Тихонов соли 1930 ба дунё омада, аз 12-солагӣ дар як парки автобусҳо ба ҳайси челонгар ба кор сар кардааст. Соли 1943 барои идомаи таҳсил ба мактаб баргашт ва баъди хатми мактаби миёна ба мактаби савдо дохил шуд. Соли 1948, баъди даъваташ ба сафи артиш ба ҳайати бошгоҳи хоккейи ВВС МВО – бошгоҳи нирӯҳои ҳавоии ҳавзаи низомии Маскав – пазируфта шуд. Ӯ солҳои 1949-1953 ба ҳайси ҳимоятгар дар ҳайати ВВС МВО, солҳои 1953-1963 - дар ҳайати "Динамо" (Маскав) бозӣ карда, 3 дафъа қаҳрамони СССР шуд. Ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии хоккейи Шӯравӣ дар маҷмӯъ 296 бозӣ карда, 35 гол (ба истилоҳи хоккейбозон – шайба) задааст.

Баъди анҷоми ҳунарнамоӣ Тихонов аз соли 1962 мураббии хоккей шуд. Ба ҳайси сармураббӣ ӯ бори аввал дар соли 1968 тими "Динамо"-и Рига, пойтахти Латвияро ба майдон баровард. Аммо нуқтаи авҷи ҳунари мураббигии Виктор Тихонов тими ЦСКА шуд. Ӯ аз миёнаҳои солҳои 70 сармураббии ин тим буд ва ЦСКА таҳти раҳбарии Тихонов 14 маротиба қаҳрамони СССР, 14 маротиба барандаи Ҷоми қаҳрамонҳои хоккейи Аврупо ва ду маротиба барандаи Ҷоми хоккейи СССР шуд.

Тихонов аз соли 1977 то 1992 сармураббии тимоҳои миллию олимпии СССР ҳам буд. Таҳти раҳбарии ӯ тими хоккейи Шӯравӣ 8 маротиба – дар солҳои 1978, 1979, 1981, 1982, 1983, 1986, 1989 ва 1990 қаҳрамони ҷаҳон ва 14 маротиба – тайи солҳои 1978-1991 қаҳрамони Аврупо шудааст. Ӯ се дафъа - дар солҳои 1984, 1988 ва 1992 - тими олимпии Шӯравиро қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ ҳам кард.

Соли 1994, вақте тими олимпии Русия таҳти раҳбарии Тихонов барои бори аввал дар таърихаш бидуни медалҳои олимпӣ монд, ӯро аз тими миллию олимпӣ ҷавоб доданд. Дар соли 2003 ӯро бори дигар ба ҳайси сармураббӣ ба тими миллӣ хонданд, вале баъди шикасти тимаш дар қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2004 ӯ аз ин мақом истеъфо дод.

Аммо бо ин вуҷуд, ба гуфтаи шореҳони варзиш, фатҳи ин қадар қуллае, ки Тихонов дар хоккей фатҳ кардааст, ба ягон мураббии дигар то ҳол муяссар нашудааст. Ба ин далел, дар соли 1998 исми Виктор Тихонов дар толори шӯҳрати Иттиҳодияи ҷаҳонии хоккей ворид карда шуд. Номи Тихонов, ҳамин тавр, осорхонаи Шӯҳрати олимпӣ дар Лозаннаи Швейтсарияро зиннат медиҳад.

Писари ягонаи ӯ – Василий Тихонов, ки низ мураббии хоккей буд, соли 2013 дар натиҷаи яке тасодуф аз тирезаи манзилаш афтода, ҳалок шуд. Набераи ӯ, ки низ мисли бобояш Виктор Тихонов ном дорад, дар соли 2014 дар ҳайати тими миллии Русия қаҳрамони ҷаҳон ва беҳтарин нишонзани ин мусобиқот шуд. Виктор Тихонови калонӣ ин комёбии набераашро аз толор тамошо мекард ва ашк мерехт.

XS
SM
MD
LG