Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Порлумон кабинети навро бидуни баҳс қабул мекунад"


Эмомалӣ Раҳмон бо судури як қатор фармонҳо дар сохторҳои раҳбарикунандаи соҳаҳои илму маорифи кишвар тағйироти кадрӣ ба вуҷуд овард.

Раисҷумҳур аз ҷумла бо фармони худ Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистонро ба сабаби ба нафақа баромаданаш аз мақом озод ва Гавҳар Шарофзода, собиқ ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро ҷойгузини ӯ кард.

Ҳамчунин бо фармони дигари раиси ҷумҳур Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи кишвар, барканор ва ба ҷои Мамадшо Илолов, президенти Академияи улуми Тоҷикистон таъйин гардид.

Ин ҳам дар ҳоле, Мамадшо Илолов, аз соли 2005 инҷониб дар симмати президенти Академияи улуми Тоҷикистон кор мекард. Ҷаноби Илолов то таъйин шуданаш ба мансаби президенти Академияи улум аз соли 2003 вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ буд.

Тағйиротҳо дар сохторҳои раҳбарикунандаи соҳаи илму маориф идомаи тағйирот дар ҳайати ҳукумати нави Тоҷикистон аст ва мавзуи меҳварии ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагону Маҷлиси олии Тоҷикистон дар таърихи 16-уми декабр низ маҳз тасдиқи фармонҳои раисҷумҳур аст.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки то куҷо афроди тоза ба симматҳои нав таъйиншуда ҳирфаӣ ҳастанду аз уҳдаи кори хеш мебароянд? Оё имкон дорад, ки вакилони МН ва аъзои ММ нафаре аз ин афроди пешниҳодкардаи раисҷумҳурро дар вазифаҳояшон тасдиқ накунанд?

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумон ва муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар замони раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон боре ҳам нашудааст, ки вакилон ин ва ё он нафаре ки раисҷумҳур барои тасдиқ дар ягон вазифа ба парлумон ироа карда бошаду вакилон онро рад кунанд: «бо назардошти он парлумоне, ки мо дорем ман хеле баъид медонам нафаре ки аз боло пешниҳод мешавад вакилон тарҷумаи ҳоли ӯро хонда озодона фикри худро дар нисбаташ баён кунанд. То имрӯз чунин коре нашудааст. Ҳарчанд мо аз ҷумлаи вакилҳое ҳастем, ки фикри худро озодона баён мекунем ва ҳар чизе ки ба манфиати миллат бошад ҷонибдорӣ мекунему ҳар чизе набошад не. Вале мо хеле садои кам дорем дар онҷо, бинобар ин овози мо ба таъйин шудан ва ё нашудани моён чандон таъсир намерасонад».

Дар ҳамин ҳол, бархе аз вакилони дигар мегӯянд мушкили Тоҷикистон на ба ҳирфаӣ ва ё ҳирфавӣ набудани кадрҳои алоҳида марбут аст, балки умуман ба низоми сохтории ҳукумат дар кишвар бастагӣ дорад.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунист ва вакили палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон аз афроде, ки тоза ба мансабҳои давлатӣ таъин шудаанд, истиқбол мекунад, вай мегӯяд, «аммо гап сари он аст, ки худи шакли ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон ғалат аст. Ин шакли иқтисодна дар кишварҳои Аврупо ва на дар Амрико ҷой надорад. Агар ба аробаи шикаста, ки тормоз надорад профессор ҳам бишинад ба садама дучор мешавад. Ин рафиқоне, ки ба вазифаҳои нав таъин шуданд муахасисони хуб ҳастанд, вале мо бояш шакли иқтисодиётро дигар кунем. Мисли усули пешбурди иқтисод дар Чину Ветнаму қисман Олмон. Вагарна ин нафароне, ки нав ба вазифа таъин шуданд дар зери ин система маъюб мешаванд».

Дар ҳамин ҳол, маҳофили Тоҷикистон бештар на дар мавриди ҳирфаият ва таҷрибаи кории нафарони навтаъиншуда андеша мекунанд, балки ба омилҳои маҳалл ва муносиботи хешутабории эшон бо афроди баландпояи кишвар бештар таваҷҷуҳ доранд.

Аз ҷумла гуфта мешавад аз 23 нафар мансабдорони сатҳи болои Тоҷикистон 11 нафарашон дар вилояти Хатлон таваллуд шудаанд. Аммо нисфе аз ин 11 нафар ҳам дар ноҳияи Данғара зодгоҳи Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омадаанд.

Аммо Галия Рабиева, узви кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии порлумони Тоҷикистон мегӯяд муҳим нест, ки шахс дар куҷо таваллуд шудааст, балки вақти он расидааст, ки мо бештар ба ҷанбаҳои ҳирфавии кадрҳои навтаъиншуда аҳамият диҳем: «шахсан худи ман 10 сол қабл бо сисёати кадрҳо машғул будам ва нафароне, ки имрӯз ба вазифаҳои нав таъйин шуданд 15 сол қабл нав ба корҳои давлатӣ шурӯъ карда буданд. Онҳо дар пеши назари мо зина ба зина то ба ин мақомҳои баланди давлатӣ расиданд. Масалан вазири энергетикаи нав номзади илмҳои техникӣ аст ва солҳои дароз дар ин соҳа фаъолият дошт. Магар вай ба ин симмат арзанда нест? Дар бораи аксарияти онҳо ҳамин гапҳоро гуфтан мумкин аст».

Хонум Рабиева афзуд вай шахсан дар ҷаласаи муштараки МН ва ММ, дар таърихи 16-уми декабр ба ҷонибдорӣ аз кадрҳои пешбаришуда овоз хоҳад дод.

Афзун бар ин соҳибназарон мегӯянд, бо таваҷҷуҳ ба он ки аксарияти вакилони Маҷлиси Намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллӣ, намояндагони ҳизиби ҳоким ҳастанд фармонҳои президенд бидуни баҳс тасдиқ хоҳанд шуд.

Аз 63 вакили Маҷлиси Намояндагон, беш аз 46 вакил узви ҲХДТ мебошанд. Аъзои Маҷлиси Миллӣ бошад, комилан аз намояндагони ин ҳизби ҳоким иборатанд.
XS
SM
MD
LG