Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ордени "Шараф" ба Азамат Азимов ва манзил ба хонаводаи ӯ


Азамат Азимов
Азамат Азимов

Хонаводаи як афсари тоҷик пас аз якуним соли кушта шуданаш дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон соҳиби манзили зист шуд.

Хонаводаи Азамат Азимов, сардори як дидбонгоҳи сарҳадӣ, ки 25 августи соли 2014 дар марзи миёни Тоҷикистон бо Қирғизистон ҳангоми даргирии мусаллаҳона кушта шуд, то соҳиби хона шудан зиндагии сахтеро пушти сар мекард.

Ҳадяи хонаи дуҳуҷарагӣ дар шаҳри Душанбе ба Замира Мирзоҳасанова, ҳамсари Азамат Азимов дар ҳоле даст дод, ки арзаш то дасти Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар расид.

Ним соли пеш Радиои Озодӣ дар бораи ин хонавода гузориш карда буд. Замира он замон гуфт, манзили зист надоранд, аз ин рӯ, рӯзҳои ҳафтаро бо навбат дар хонаводаи наздикони худу наздикони шавҳар рӯз мекунанд. Ӯ аз он нигарон буд, ки бо чунин шеваи зиндагӣ фарзандонаш таълиму тарбияи дуруст нахоҳанд гирифт. Пас аз шунидани ҳадяи манзили зист дар Душанбе мо меҳмони ин хонавода шудем. Замира Мирзоҳасанова, ҳамсари ин афсари ҳалокушда гуфт, рӯзи 29 декабр барояшон занг заданд, ки ба Душанбе биоянд.

“Кӯдаконро гирифтам ва омадам. Бароям ин хонаро доданд. Ҳазорон раҳмат, ки раҳми моро хӯрданд. Ҳоло ҳама шароит дар хона муҳайё ҳаст ва мо бе овардани ягон ҷиҳоз дар ҳамин ҷо зиндагӣ дорем. Ба кӯдакон либос ва ғизо ҳам додаанд,” – гуфт ӯ.

Ордени "Шараф" ва манзил ба хонаводаи Азамат Азимов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Қаблан, наздикони Азамат Азимов шикоят доштанд, ки пас аз марг ба онҳо танҳо 4 ҳазор сомонӣ додаанд, ки барои ҷони аз даст додаи афсар ночиз аст. Аммо ҳоло бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ин афсар ордени “Шараф”, дараҷаи як дода шуд. Ин орден то панҷсад сомонӣ нафақаи кӯдакони ин занро боло мебарад ва, инчунин, аз пардохти маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ озод мекунад.

Замира мегӯяд, ҷойи холии шавҳарашро ҳеч чизе наметавонад пур кунад, аммо ин хона ва ояндаи фарзандон ӯро ба идомаи зиндагӣ дилгарм месозад: “Духтарам дар Кӯлоб дар синфи як мехонд. Ӯро мехоҳам ин ҷо биорам, то таҳсилашро давом диҳад. Писарам ва духтарамро ба боғча диҳам ва худам ягон кори мувофиқ пайдо кунам, то кӯдаконамро тарбияи дуруст диҳам.”

Абубакр, писари шашсолаи ин хонавода падарашро хуб дар ёд дорад. Ӯ мегӯяд, бо бузург шудан ҳатман мисли падараш марзбон хоҳад шуд.

Шукронаи Азамат, духтари ҳафтсолаи ин афсар аз лаҳзаҳои бо падар будан ёд мекунад: “Моро ба оббозӣ мебурд, яхмос мехарид. Либоси ҳарбӣ дошт падарам. Ӯро ёд кардам, барояш зиқ шудам. Падари ман паҳлавон, падари ман қаҳрамон.”

Азамат Азимов, сардори як гурӯҳи сарҳадбонӣ рӯзи 25 августи соли 2014 дар канори ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми як задухӯрд бо марзбонони қирғиз кушта шуд ва 26 август дар зодгоҳаш Кӯлоб ба хок супурда шуд.

XS
SM
MD
LG