Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши маргумири муҳоҷирони хатлонӣ


Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон мегӯяд, тайи ҳафт моҳи гузашта дар хоҷир аз кишвар 126 мавриди фавти муҳоҷирони корӣ сабтином шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2009-ум 48 ҳодиса зиёд мебошад.

Шоҳимардон Ҳамдамов, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати давлатии вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, наздик ба 50 дарсади ҳодисаҳои фавти муҳоҷирон бар асари маризиҳои гуногун ба вуқӯъ пайвастааст.

Ӯ гуфт: «Ҳодисаҳои фавқуллодаи табиӣ, заҳролудшавӣ, садамаҳои нақлиётӣ, садамаҳои сохтмонӣ, ғарқшавӣ. Ин ҳама аз сабабҳои дигари маргу мири марги муҳоҷирони меҳнатии мо ҳастанд…»

Ба таҳқиқи Хадамоти муҳоҷирати Хатлон, агарчи муҳоҷирони кории хатлонӣ ба ҷуз аз Русия, ҳамчунин дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Украина ҳам кору фаъолият доранд, бештар аз ҳама шаҳрҳои Русия барои мардикорони тоҷик хатарзо унвон мешаванд.

Гулбаҳор Муродова, раиси созмони "Муҳоҷират" мегӯяд, муносибати русҳо нисбат ба муҳоҷирон торафт бадтар мешавад
"Вилоятҳои хатарнок"


Шоҳимардон Ҳамдамов, умовини сардари Хадамоти муҳоҷирати Хатлон: «Бар асоси пажӯҳишҳои мо, аз ҳама бештар дар вилоятҳои Маскав, Свердловск, Челябинск ва Самараи Федератсияи Русия нисбат ба мардикорони тоҷик ҳодисаҳои нохуш ба амал меоянд…»

Коршиносони масоили муҳоҷирати корӣ мегӯянд, дар воқеъ шароити сангини кор дар Русия ва тарзи муносибати сокинони маҳаллӣ ба мардикорони бурунмарзӣ бисёре аз онҳоро мариз ва ғайриқобили кор мекунад.

Гулбаҳор Муродова, раиси созмони ҷамъиятии мавсум ба «Муҳоҷират»-и вилояти Хатлон, дар ин иртибот мегӯяд: «Шароити кор дар Русия бисёр сахту сангин аст. Ба наздикӣ тобути ҳамсояи моро аз Русия оварданд. Вай бори аввал аз кишвари муҳоҷират сахт бемор шуда омад. Ҷигараш дардманд шуда буд. Аммо то охир муолиҷа нагирифта, дубора тавассути қатора ба Русия барои мардикорӣ раҳсипор шуд. Азбаски бемориаш ҷиддӣ буд, ин бор ҷасади беҷонашро ба Тоҷикистон интиқол доданд. Умуман, дар ин авохир муносибати худи русҳо ҳам нисбат ба муҳоҷирони корӣ бад шудааст, зеро худи онҳо ҳам ба кор низ доранд…»

Ва аммо ба иддаои бархе соҳибназарон, ҳамоно мизони қатли барқасдонаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия коҳиш наёфта, теъдоди қобили мулоҳизае аз тобутҳои хасида ба Тоҷикистон марбут ба онҳоест, ки аз сӯйи гурӯҳҳои милатгарои рус, ё муҳоҷирони дигари корӣ аз Тоҷикистон кушта шудаанд.

Омилони қатлҳо ошкор намешаванд


Абдувалӣ Нодиров, сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, мегӯяд, бародари бузурги ӯ ҳам соле пеш дар муҳоҷират аз сӯйи афроди номаълум кушта шуда, омилони қатли вай ҳамоно дастгир нашудаанд:

"Он гуна, ки ҳамраҳонаш ба мо гуфтанд, бародарамро дар Свердловск шабона баъд аз маркет берун шуданаш дар ноҳияи қафаси синааш ҳафт корд зада, куштанд. Вай барои дарёфти пайса барои барпо кардани арӯсиаш ба муҳоҷирати корӣ рафта буд. Вале мо дигр ба дидораш нарасидем. Тобути бародарамро танҳо пас аз 5 рӯз ба ватан интиқол доданд, мо мушкили зиёд доштем дар ин кор…"

Дар Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон мегӯянд, интиқоли тобути муҳоҷирони фавтидаи тоҷик мушкил нест, танҳо таҳқиқи сабаби фавт аз сӯйи пизишкони рус ва ба фурудгоҳ мунтақил кардани ҷасад вақт мехоҳад.

Кишвари барои муҳоҷират хатарзо

Дар ҳамин ҳол, Саидраҳмон Ҷумъаев, сокини ноҳияи Бохтар, ки пайваста барои мардикорӣ ба Русия сафар мекунад, мегӯяд, дар воқеъ ин кишвар барои муҳоҷирони кории тоҷик хатарзо мебошад. Вай аз рӯзгори худ мисол овард, ки боре мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои миллатгаро қарор гирифтааст: «Тоссарҳои хунхор заррае ба мардуми ғайрирус раҳму шафқат надоранд. Онҳо ба хотири пул аз ваҳшонитарин амалҳо даст намекашанд ва баъзан мешавад, ки баъзе аз ҳамватанони ҷиноятпешаи мо ҳам ба онҳо кӯмак мекунанд…»

Ин ҳама дар ҳолест, ки Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон мегӯяд, дар бораи қатли барқасдона ё марги иҷбории муҳоҷирони кории тоҷик дар кишвари муҳоҷират рақами мушаххасе рӯйи даст надорад.

Бар асоси омори расмӣ, имсол наздик ба 40 ҳазор сокини вилояти Хатлон тоза ба мардикорӣ рафта, феълан дар хориҷ аз кишвар беш аз 140 ҳазор сокини вилояти Хатлон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Шуғли асосии муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар бинокорӣ, кишоварзӣ, тиҷорат ва умури дигари сангин ба ҳисоб меравад.
XS
SM
MD
LG