Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамарӯза видеорегистраторҳо ё таҷҳизоти сабти видеоӣ дар Русия ҳазорҳо ҳодисаҳои роҳу садамаҳои нақлиётиро навор мегиранд.

Ин таҷҳизот тавони сабти чаҳор тарафи мошинро дорад ва ронандагон аз он ҳам барои собит кардани бегуноҳии худ, ҳам барои мубориза бо нозирони фасодзада ва ҳам барои фирор аз доми қаллобон истифода мекунанд.

Алексей Дозоров, яке аз фаъолони “Сатилҳои кабуд”, як созмони мудофеъ аз ҳуқуқҳои ронандагон, мегӯяд, ки “шумо метавонед ба мошини худ беэзор нишинед, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ бидуни таҷҳизоти сабт сари фармон нашинед. Ман ба ҳама мегӯям, ки ин таҷҳизотро дар мошини худ насб кунед ва шумо пули барои хариди он пардохткардаро ба карат ҷуброн мекунед. Худо нишон надиҳад, ки ягон садама рӯй диҳад ё қонуншикании вазнине, ки метавонад маҳрумият аз санади ронандагиро дар пай дошта бошад! Ҳатман таҷҳизоти сабтро дар мошин насб кунед ва бо нозири роҳ фақат бо такя ба сабти он ҳарф занед, зеро дар шароити мо ин чиз комилан ногузир аст”.

Дозоров меафзояд, худи ӯ таҷҳизоти сабти видеоиро бо маблағи 6 ҳазор рубл, муодили 191 доллар харидааст ва чанде пеш агар сабти он намебуд, барои тасмими ноодилонаи нозири роҳ маблағи бузургеро пардохт мекард.

Алексей ҳатто барои скутери худ таҷҳизоти сабт харидааст. Ӯ аз як ҳодисаи тобистони гузашта ёдовар шуд, ки дар он дар назари аввал худаш айбдор буд ва бояд барои тахриби як мошин 30 ҳазор рубл (955 доллар) пардохт мекард. Аммо сабти видеоӣ собит кард, ки бегуноҳ аст ва тарафи муқобил барои шикастани скутер ба Дозоров 33 ҳазор рубл дод.

Видеорегистратор ё таҷҳизоти сабти видеоӣ дар кишварҳои зиёд истифода мешавад, вале он аз ҳама бештар дар Русия маъмул шудааст. Айни ҳол дар бораи он ки чӣ теъдод аз ронандаҳои рус аз ин таҷҳизот истифода мебаранд, оморе мавҷуд нест. Сабти видеоӣ на фақат аз ҷаримаҳои беасоси нозирони роҳ ҷилавгирӣ мекунад, балки хизматашон дар ошкор кардани қаллобиҳо дар роҳ низ бебаҳост.

Алексей Дозоров мегӯяд, дар Русия гурӯҳҳое, ки дар роҳҳо садамаҳои қаблакиро ташкил карда аз ронандаҳои содда пул меситонанд, ба як мушкили умда табдил шудаанд. Гуфта мешавад, ки ҳар яке аз ин гурӯҳҳо рӯзе дасти кам ҳазор доллар “кор” мекунанд. Сенарияи ин найранг хеле содда аст – қаллобон мошини “қурбонӣ”-ро бо санг ё собун мезананд ва аз ронанда талаб мекунанд, ки мошинро нигаҳ дорад. Ҳангоми гуфтугӯ бо ронандаи “гунаҳкор”, як узви гурӯҳ ноаён мошинро мехарошад ва барои ин аз ӯ пул талаб мекунанд. Аммо вақте қаллобон мебинанд, ки дар мошин таҷҳизоти сабти видеоӣ насб шудааст, аз найранги худ даст мекашанд ва то омадани нозирони роҳ “думро хода мекунанд”.

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқдони тоҷик

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқдони тоҷик

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, ки дар Тоҷикистон истифодаи таҷҳизоти сабти видеоӣ маъмул нест. Ӯ мегӯяд, на ман ва на нафаре аз дӯстонам ин гуна таҷҳизоти сабт надорем, ҳарчанд истифодаи он воқеъан ҳам ба ҳалли муаммоҳои баъзе садамаҳои нақлиётӣ мусоидат мекард. “Дур намеравем, ҳоло як парвандаро дида истодаем дар бораи садамае, ки дар кӯчаи Шириншоҳ Шотемур ва хиёбони Рӯдакӣ рӯй додааст. Ин боиси чӣ қадар баҳсҳо шуд, ҳатто ба Додситони кулл эътироз навиштанд, ки нозирони роҳ ҳодисаро дуруст насанҷиданд... Агар таҷҳизоти сабт мебуд, ҳоҷат ба баҳсу мунозира намемонд. Як ронанда мегӯяд, ки ман бо ранги сабз аз светофор гузаштам, дигараш мегӯяд, ки светофор зард буд, сеюмӣ мегӯяд, ки не, сурх буд. Якеаш мегӯяд, ки ман дар қатори якум будам, дигарӣ мегӯяд, ки дар қатори дуюм будам. Яке мегӯяд, ки маро барои гузаштани кортеҷи президент манъ карда буданд, дигарӣ мегӯяд, ки не, моро барои идомаи ҳаракат иҷозат дода буданд...”

Ба гуфтаи Бузургмеҳр, харидориву насби таҷҳизоти сабти видеоӣ дар мошин пардохти маблағи иловагиро талаб мекунад ва аксари ронандаҳои тоҷик омода нестанд, ки барои он, бигирем, 200 доллар аз буҷаи хонавода сарф намоянд. Ҳуқуқдони тоҷик меафзояд, баъзе аз ронандаҳои зирак ва “тағодор” баҳсҳояшон бо нозирони роҳ дар телефони дастӣ сабт мекунанд. Яке аз ин наворҳо дар сомонаи Youtube ҳам гузошта шуда буд. Аммо аксар вақт ин баҳсҳо бо нозирони роҳ бо пардохти ришват поён меёбад, зеро ронандаҳо санаде надоранд, ки бегуноҳии худро собит кунанд.
XS
SM
MD
LG