Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаи афтодани рубл то деҳоти Тоҷикистон расид (2 ВИДЕО)


Аз камшавии қурби рубли русӣ ҳамчунин ҳазорон хонавода дар Тоҷикистон, ки рӯзгорашон ба пули мефиристодаи муҳоҷирон такия дорад, зиён мебинанд.

Ончӣ имрӯзҳо бар сари пули русӣ меояд, мисли об шудани барф аст. 17-уми декабр 1 доллар, ки рӯзе пеш 71 рубл буд, ба 89 рубл расид ва дар як ҳафтаи охир арзиши рубл 20 дарсад коҳиш ёфт. "Обшавии барф" аз таҳримҳои Ғарб зидди Русия дар робита ба дахолати Русия дар умури Украина сар шуд ва коҳиши нархи нафт ҳамчун коҳиши даромади Русия вазъро вахимтар кард. Афтодани қурби рубл даромади муҳоҷирони тоҷик дар Русияро низ кам кард.

Дар Тоҷикистон низ рубли русӣ дар давоми як шабонарӯзи охир аз се як ҳиссаи арзиши худро дар баробари сомонӣ -- пули миллии Тоҷикистон аз даст дод. 17-уми декабр дар саррофиҳои шаҳри Душанбе 100 рубли русӣ 6,5 сомонӣ савдо мешуд, дар сурате ки як рӯз пеш ба 100 рубл 9,5 сомонӣ медоданд.

Муҳаммадраҳим Гадоев, яке аз тоҷикистониёни муқими шаҳраки Мирний дар шарқи Дури Русия мегӯяд, бо поин рафтани арзиши рубл дастмузди вай 50 дарсад кам шуд ва ҳоло вай нақшаҳои хариди хонаводаро барои Соли Нав тағйир медиҳад: “Агар бо доллар ҳисоб кунем, маоши мо қариб 50 дарсад кам шуд. Ин, албатта, ба зиндагӣ, аз ҷумла ба зиндагии ман таъсир мерасонад. Баъзе нақшаҳое, ки барои Соли Нав доштем ва бояд баъзе харидҳо мекардем, акнун оҳиста-оҳиста дигар шуда истодаанд. Як ҳафта пеш ба Тоҷикистон ба хонаводаам пули русӣ фиристодам. Имрӯз онро ба як азоб иваз кардааст ва мегӯяд, ки дар бозорҳои шаҳраки Ваҳдат 1000 рубли русӣ аз 75-78 сомонӣ шудааст. Як ҳафта пеш ба 1000 рубли русӣ аз 95 то 102 сомонӣ медоданд. Як моҳ пеш ба Тоҷикистон рафта будам. Аз фурсат истифода карда як миқдор маблағи русие, ки доштам, бо доллар иваз кардам. Лекин ин роҳи ҳал нест. Насиб бошад, маоши моҳи декабр ва маоши рухсатиро мегирам ва мехоҳам Соли Нав ба рухсатӣ равам, бе тӯҳфаи солинавӣ намешавад. Ҳоло намедонам чӣ кор кунам.”

Агар ба назар гирифта шавад, ки пули мефиристодаи муҳоҷирон, бино бар омори Бонки Ҷаҳонӣ, 42 дарсади Маҳсулоти нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва 60 дарсади ин сармоя аз Русия вориди Тоҷикистон мешавад, гумон бурдан душвор нест, ки вазъ дар Тоҷикистон ба кадом самт ҳаракат дорад.

Дар Душанбе мардум рублҳояшонро ба сомонӣ табдил мекунанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00

Аксари тоҷикон дар Русия машғули корҳои сохтмониянд. Яке аз онҳо -- Абдулҳақ мегӯяд, ки дар ин рӯзҳо маоше намегирад, ки битавонад, пасандоз кунад. Оилаашон дар Тоҷикистон калон аст. Пулаш фақат барои зиндагии худаш сарф мешавад: “Ҳоло пулро нигоҳ доштани мо шарт нест. Ҳар чизе, ки барои зиндагӣ даркор аст, сарф карда истодаем. Ду оилаи калон дорем, фақат барои зиндагӣ меравад. Пулро равон мекунем, дар он ҷо хеле қурбаш ғалтидааст. Ҳеҷ чиз намешавад. Мо рубли русӣ мефиристем. Доллар дар ин ҷо бисёр камчин шудааст.”

Раҳматулло Мазориев дар шаҳри Перми Русия ба соҳибкорӣ машғул аст ва мегӯяд, ки дигар касе ба ваъдаҳои ҳукумати Русия дар бораи нигоҳ доштани арзиши рубл дар баробари доллар ва евро дигар бовар надорад: “Бо он ки давлату ҳукумати Русия дар бораи нигоҳ доштани арзиши рубл мардумро, шаҳрвандони Русияро дилпур карда буд, ки то охири сол арзиши рублро барои як доллар дар ҳадди 37 рубл нигоҳ медорад, вале акнун ҳама шоҳид ҳастанд, ки аз 70 ҳам гузашта истодааст. Ин танҳо нишондоди расмии бонкии Русия аст. Вале дар бозорҳои сиёҳи Русия, аз ҷумла дар бозорҳои сиёҳи Маскав як доллар ба 100 рубл расидааст. Барои ҳамин мардум ҳам аз пешгӯиҳои ҳукумат ноумед шудаанд.”

Аҳмад Усмонов, муҳоҷири кории тоҷик мегӯяд, на танҳо арзиши рубл поин рафтааст, балки тоҷирон дар бозорҳо нархи моли худро боло мебаранд ва дар ин миён нархи маводи ғизоӣ низ тадриҷан боло меравад, дар ҳоле, ки маош дар ҳамон сатҳи пешин боқӣ мондааст: “Ҳамаи маҳсулот, хӯрду хӯрок қиммат шуда истодааст. Ман ҳайронам, ки маҳсулотро дар худи Русия мебароранд ва чаро нархи онро боло мебаранд. Аз рӯи фаҳмиши ман болоравӣ ва пастшавии нарх бояд ба молҳои хориҷӣ дахл дошта бошад, ба маҳсулоте, ки аз хориҷа бо доллар меояд. Мардум бисёр сарсону саргардонанд. Махсусан мардуми мо, тоҷикон. Мо мегуфтем, ки баъзе захираҳои худро барои зимистон мегирем. Вале ҳамин хел шуд, ки имрӯзу пагоҳ карда гаштаем. Масалан, орд 700 рубл буд, ҳоло 1000 рубл шудааст”.

Бино ба маълумоти тақрибӣ, ҳоло зиндагии ҳар се ё чаҳор хонаводаи Тоҷикистон ба пулҳои муҳоҷирони кории худ дар Русия вобаста аст. Гузашта аз ин Русия яке аз тарафҳои аслии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Иқтисодшиносон мегӯянд, вазъи рубл аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд ва эҳтимол рӯзе даромади масалан, як муҳоҷири бинокор дар Русия бо даромади як сохтмончӣ дар Тоҷикистон ҳамвазн шавад. Ҳамон гуна ки ҳоло дааҳо ҳазор нафар аз муҳоҷирони ихроҷшуда маҷбуранд дар ин ё он корхона дар Тоҷикистон кор кунанд, бӯҳрони рубл мумкин аст, бахши умдае аз муҳоҷиронро ба Тоҷикистон баргардонад ва бо "ними нону роҳати ҷон" қонеъ намояд.

Зарбаи афтодани рубл то деҳоти Тоҷикистон ҳам расид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

XS
SM
MD
LG