Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд омиле ки Бобоназароваро бо ҲНИТ дар як сангар овард


Дар пайи пешбарии номзадии Ойниҳол Бобоназарова дар анҷумани ҳизби ҲНИТ маҳофил ба ин мавзӯъ пардохтаанд, ки чаро дар корзори имсола аҳзоби дуявӣ бо исломиҳо эътилоф бастанд?

Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли сиёсӣ ва ҳуқуқдони тоҷик расман номзад ба мақоми президентӣ аз ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) шуд. Анҷумани ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) рӯзи сешанбеи 17 сентябр бо аксарияти оро аз Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади ин ҳизб ба интихоботи президентии моҳи ноябр ҳимоят кард.

Ойниҳол Бобоназарова фаъоли сиёсӣ ва ҳуқуқдони саршинос аст, ки дар гузашта собиқаи ӯ ба ҳизби демократ бармегардад. Ва пешбарии ӯ ба унвони номзад аз сӯи ҲНИТ дар зеҳнҳо ин суолро ҳак кардааст, ки чаро як шахсияти дунявӣ номзади исломиҳо шудааст?

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:34 0:00
Линки мустақим


Давлат Усмон, собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон ва номзади ҳизби наҳзати исломӣ дар интихоботи президентии соли 1999, заъф дар тасмимгириҳои интихоботи президентӣ, мушкили ҷамъоварии имзоҳо барои сабтиноми номзад ва ҳароси мардум аз таърихи ҷанги шаҳрвандиро дар ин амр маҳсус медонад.

Оқои Усмон мегӯяд, мардум ҳоло ҳам аз ҳодисаҳои гузашта тарсу ҳарос доранд ва аз сӯи дигар барои номзад ҷамъоварии 210 000 имзо, ки шарти аслии сабтиноми онҳост, мушкили умда боқӣ мемонад. Зеро ба гуфтаи ин номзади собиқ ба мансаби президентӣ, ҳатто ҷамъоварии имзо барои номзад аз ҲНИТ, ки ҳизби дуюми пурнуфузи кишвар ба шумор меравад, як кори миёншикан аст.


Давлат Усмон
Давлат Усмон
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, дар тӯли ҳафт соли гузашта аз интихоботи қаблӣ, ҳеҷ кадоме аз азҳоби мухолиф натавонист тамоси маҳкаме бо мардуми оддӣ дуруст кунад. «Интихоботи президентӣ як чизи содда нест, бояд нишонаҳои омодагии аҳзоб як солу ду сол қабл дар ҷомеъа мушоҳида шавад. Яъне худи ҳизбҳо боварӣ надоранд, ки агар онҳо ба ин маъракаи сиёсӣ ба ягон муваффақият даст меёбанд. Ман доир ба шахсияти Бобоназарова чизе гуфтанӣ нестам. Медонам ки як ҳуқуқшиноси варзида аст. Чун хонум Бобоназарова ба майдони сиёсат ҳанӯз аз аввалҳои соли 1990 омада буд. Яъне ӯ як шахси тасодуфӣ нест.». Давлат Усмон мегӯяд, худи аҳзоби сиёсӣ раванди тӯлонии омодагӣ ба интихоботи раисиҷумҳурро чандон ҷиддӣ намегиранд.

Ба чунин шакл ҷараён гирифтани раванди пешниҳоди номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон маҳофили сиёсии кишварро зери шубҳа бурдааст. Давлат Усмон мегӯяд, вақте ки сосиал-демократҳо дар як иттиҳод бо ҲНИТ якҷоя шуданд, ин маънои онро дорад, ки онҳо ҳадафҳои стратегии худро канор гузошта, ҳадафҳои «тактикӣ»-ро пеш гирифтаанд.

Аммо бахши дигари таҳлилгарон, ба як ҳизби исломӣ рӯи ниёз овардани аҳзобу шахсиятҳои дунявигароро баёнгари воқеъияти дигари ҳаёти сиёсии Тоҷикистон - заъифии мухолифони ғайримазҳабии давлат медонанд. Амалан, ба гуфтаи онҳо, танҳо ҲНИТ сохтори шаклгирифтаи ҳизбӣ ва имкони сафарбар кардани шумори қобили мулоҳизаи аъзо ва тарафдоронаш дар маъракаҳои сиёсие, чун интихоботҳоро дорад. Ин дар ҳолест ки фаъолиятисиёсии аҳзоби дунявӣ бештар дар як ё чанд маҳфил дар пойтахт ё ҳадди аксар дар чанд шаҳри бузургтари Тоҷикистон маҳдуд шудааст ва ҷамъоварии 210 000 имзо ва он ҳам дар як муддати кӯтоҳ хориҷ аз тавони ин аҳзоби дунявист.


Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба омили дигари таъсиргузор дар иттиҳоди аҳзоби дунявии кишвар бо ҲНИТ ишора мекунад ва мегӯяд, демократҳои тоҷик ҳеҷ гоҳ мавқеъи мушахасси сиёсӣ надоштанд. Ба гуфтаи ӯ, демократҳо гоҳ ба ин гурӯҳи сиёсӣ мепайванданд, гоҳ ба гурӯҳи дигар ва аз ин нигоҳ дар як сангар бо наҳзатиҳо канор омадани Ойниҳол Бобоназарова ҷои аҷобат надорад: «Дар Тоҷикистон ҳукумат як шароити демократиро фароҳам кардааст, ки мардум на дар исломиҳо душман намебинанду дар коммунистҳо. Яъне нисбати онҳо сиёҳкуниву душмантарошӣ, ки дар бархе собиқ кишварҳои шӯравӣ ҳаст, дар Тоҷикистон қариб аз байн рафтааст.»

Ҷаноби Сафаров инро аз муваффақиятҳои ҳукумат медонад. Вай мегӯяд, инҷо мушкил танҳо ҷамъоварии 210 ҳазор имзост , ки бояд ҳар як номзад барои сабтином пешниҳод кунад: «Ин мушкил метавонад, «халтура»-ро аз ҷониби номзадҳо пеш биёрад. Худашон имзо кунанд. Дар ин ҳолат шояд қонуншиканӣ ҳам шавад. Аммо инаш дигар айби ҳукумат нест.»

Дар баробари ҳизби исломӣ рӯзи 17 сентябр ҳизби демократу ҳизби Аграрӣ низ номзадҳои худро муаррифӣ карданд, аммо ин ду ташаккул нуфузи зиёде дар кишвар надоранд ва номзадҳои онҳо таваҷҷӯҳи ҷомеъаро зиёд ба худ ҷалб накард.

Дар маҷмӯъ дар интихоботи рӯзи 6 ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон 8 ҳизби расман сабтиномшуда иштирок мекунанд.

Як интригаи дигари боқимонда дар марҳалаи пешбарии номзадҳо ин аст, ки оё ҳизби сотсиал-демократ дар анҷумани рӯзи 21 сентябраш аз Ойниҳол Бобоназарова ҳимоят хоҳад кард ё аъзои норозиаш ба пешбарии номзадии раҳбари ҳизб Раҳматуллоҳ Зоиров пойфишорӣ хоҳанд кард?

Интригаи дигар марбут ба ширкати раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ин интихобот ба хотири касби боз як давраи ҳафтсолаи раёсат аст. Дар ҳар сурат, ҳизби ҳокими халқии демократӣ, ки аз манобеъи фаровони моливу идорӣ бархӯрдор аст, гуфтааст, аз ҳама охир - рӯзи 4 октябр - номзади худро ошкор мекунад. Аммо кӣ будани ин номзад барои касе дар Тоҷикистон мояи тааҷҷуб нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG