Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳ тан аз мусофирони парвози Хуҷанд-Маскав муддати панҷ рӯз аст, ки ба сабаби қалбакӣ будани билетҳои парвоз дар фурудгоҳи Хуҷанд банд мондаанд.

Яке аз ин ин мусофирон, ки сокини ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ буда нахост, номаш ифшо шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки «қарор буд, рӯзи 13 май, соати 16:00 бо хати сайри Хуҷанд-Маскав парвоз кунанд, аммо ҳангоми сабти билет маъмурияти фурудгоҳ чиптаҳои онҳоро қалбакӣ дониста монеи парвози онҳо шудааст».

Тавре маълум шудааст, шумори мусофироне, ки билетҳои қалбакӣ доштанд, беш аз 100 нафар будааст, вале аксари онҳо баъди бозпас гардонда шуданашон дар фурудгоҳ, дубора ба Истаравшан баргаштаанд. Вай мегӯяд, мисли онҳо "даҳҳо нафар аз ноҳияҳои Ғончиву Истаравшан ҳастанд", ки ба доми билетфурушиҳои қалбакӣ афтоданд.


Аммо ин даҳ нафар дигар чорае надоранд ва дар фурудгоҳ шабро рӯз мекунанд ва умед доранд, ки мушкилашон ҳал мешаваду онҳо нияти сафар, яъне ба муҳоҷирати корӣ хоҳанд рафт.

Ба гуфтаи ин мусофир, масъулони парвоз гуфтанд, ки бо он хадамоте, ки билетро барои ин мусофирон дар Истаравшан фурӯхтааст, бо ширкати «Тоҷикэйр» ҳамкорӣ надоранд ва билетҳои фурӯхташуда дар қайди ин ширкат нест.




Ин мусофир мегӯянд, вай бо маблағи 2 ҳазору 282 сомонӣ билет харида буд ва ин маблағ қарз будааст ва аз ин рӯ мунтазири ҳалли ин қазия дар фурудгоҳи Хуҷанд аст.


Дар ҳамин ҳол, Ҷӯрахон Аҳмадов, муовини раҳбари қисми навбатдории милитсия дар нақлиёти вилояти Суғд дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин қазияро тасдиқ кард. Вай гуфт, ки аз рӯзи 13 май то кунун даҳҳо нафар ба онҳо муроҷиат карда дар бораи моҷарои билетҳои тақаллубӣ хабар додаанд. Вай гуфт, ин мавзӯъро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Ин мавзӯъ такмил хоҳад шуд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG