Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Оши палави “Озодӣ” иштиҳои аҳли Фейсбукро овард


Матлабе дар бораи таоми дӯстдоштаи тоҷикон дар соли 2013 корбарони шабакаи Фейсбукро ба баҳс, табодули андеша, аксҳо ва ситоишҳои болаззат кашонд.

Дар ин матлаб зери унвони “Маҳбубтарин таоми миллии соли 2013 дар Тоҷикистон” сухан аз оши палов ё палав меравад, ки бисёриҳо дар кишвар онро таоми дӯстдоштаи худ меноманд. Он дар аксари ошхонаву ресторанҳо таоми шумораи аввал буда, аз ҷумла дар Душанбе мардум барои палави ошпази хос аз як гӯша ба гӯшаи дигари шаҳр мерафтаанд.

Палавшиносоне дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Тоҳири Сафар сабабҳои ин маҳбубият ва технологияи таҳияи палавро шарҳ додаанд.

Баъд аз насби тори ин матлаб ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук даҳҳо танро иштиҳо қозгир шудаву натавонистаанд, аз лаззате, ки чашидаанд, ёдоварӣ накунанд. Аммо азбаски ин суханони коршиноси тоҷик Мӯъмина Шовалиева аз Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон, ки таъриху таркиби палави миллиро таҳқиқ кардааст, дар сархатти тори насбшуда буданд, бисёриҳо оши хоси ин ё он шаҳру минтақаро намуна овардаанд.

“Оши самарқандӣ, оши кобулӣ, оши бухороӣ, аз ҳам фарқ мекунанд, усули пухтанашон ҳам фарқ мекунад. Мисол дар оши самарқандӣ, сабзиашро аз болояш мерезанд ва бо биринҷ омехта намекунанд, дар оши мо, сабзиву биринҷро омехта мекунанд. Дар оши бухороӣ зардчӯба ҳамроҳ мекунанд, ошашон зардранг мешавад. Дар оши ӯротеппагӣ пиёзашро зиёд мепазанд, палавашон қаҳваранг меояд.”

Дар идомаи ин торе, ки беш аз 50 нафар онро писандидаанд, Холмати Холиқ менависад: “Ба оши Конибодом бошад, бисёртар равғани думба ҳамроҳ мекунанд ва ба болояш пиёзи кабудак мерезанд.”

Абдулазиз Муҳаммадӣ пурсидааст: “Оше, ки гӯштҳояш бо барги ангур печонида шудааст, оши куҷост ва чӣ ном дорад?” Вай ба ёд овардааст, ки як ҳамсояаш чунин ош мепухт ва хеле болаззат буд.

Бежан Муҳаббатшоев ба ҳама орзуи нек кардааст: “Оши тоҷикӣ ба ҳамаи дӯстон ҳама вақт ош шавад!”

Ва Ҳаким Раббимпур ба суоли Абдулазиз посухи лазиз додааст, ки “бо барги ток ва гӯшти қима палаве пухта мешавад, ки “қимапалав” ном дорад.

Файзинисо Воҳидова аз оши дӯстдоштаи худ ситоиш кардаву бо қатъият гуфтааст: “Беҳтарин оши палов дар Хуҷанд.”

Шояд ин шарҳ баҳсро ба сӯе кашондааст, ки оши куҷо аз ҳама беҳтар аст. Муҳиддин Мӯъминов навишта, ки барои касе набояд ҷойи ранҷиш бошад, аммо ошро касе беҳтар аз конибодомиҳо ва исфарагиҳо пухта наметавонанд. “Худи амир (ба эҳтимоли зиёд амири Бухоро - Озодӣ) гаҳ-гоҳе ба ин шаҳрҳо палавхӯрӣ меомад”. Бояд гуфт, мубоҳисон яке паси дигар акси беҳтарин ошҳоро нашр карданд, ки аз диданашон оби даҳони кас равон мешуд.

Диловар Ашӯров аз рӯйи аксе, ки “Озодӣ” нашр кардааст, маззаи онро кашф карда, менависад, “оши намешудагӣ.. биринҷи дароз-дарозу пропаренный кати... Шумо як оши 1 бар 1-и Конибодома хӯред, кайф мекунед!”

Посухи Бахтиёр Аминӣ: “Беҳтарин ош оши чойхонаи Панҷакент!”

Дар ин ҷо Алишер Толиб ба баҳс ҳамроҳ шудаву гуфт: “Оши палав бо пустдумбаву қазӣ дар Хучанд, оши муаллим Бафоев дар Истаравшан, оши девзира дар Исфара бо махсусияти худ аз таомхои болаззати дунё аст. Дар маҳалҳо аз ош одам воқеан лаззат мебарад.” Манзур аз “маҳалҳо” шояд ҳама ҷо, ба истиснои Душанбе бошад?

Дар ин байн баҳс аз маҳалҳо берун рафтаву ба миллатҳо расид. Дар посух ба шарҳи Кайковуси Икромпур: “Оши тоҷикӣ Шоҳпалав аст.Оше ки алъон тоҷикон расм кардаанд, тоҷикӣ нест. Оши қашқарӣ аст. Яъне уйгурӣ. Шоҳпалавро танҳо эрониҳо тарк накардаанд.”, Насибҷон Амонӣ навишт: “Ба бародари гиромӣ Кайковуси Икромпур: Он оше, ки Шумо қошғарӣ мегӯед, он ҳам оши тоҷикист. Бародарони уйғур ошпазиро аз мо, тоҷикон омӯхтаанд. Дар Қошғар тоҷикон хеле зиёд буданд ва ба гуфтаи як бародари ховаршиносам, ки ба ин шаҳр сафар карда буд, ҳоло он тоҷикон ҳама фарҳанги пешини хешро доранд ва чеҳраашону хӯрокашон, либоспӯшӣ ва рузгордориашон тоҷикисту таҳхо забонро гум кардаанд. Он ҷо охирин шоири тоҷик, ки ҳам ба форсиву ҳам ба уйғурӣ шеър мегуфта, бист сол пеш фавтидааст...Ман боз ба ҳамон пиндори тоҷиконаамон дар шигифтам... Ҳама оши маҳали хешро беҳтарин медонад... Дар ҳоле ки ҳама палаве, ки дар ҳар маҳалли тоҷикнишин пухта мешавад, беҳтарин аст. Факат ба гунае, ки мегӯянд, "биринҷ ҳама ҷо, пазанда ҷо-ҷо" (Бубахшед, ки ба ҷойи гандум биринҷ гуфтам) Мо то бо хам чунин бахсхо мекунем ва шояд фарҷоми ин баҳсҳо ба бадгӯӣ ба хамдигар низ бирасад, хамсоягонамон бо истифода аз ошхои мо дар Самарканду Бухоро, Фаргонаву Тирмиз,Чусту Риштон, Шахрисабзу Китоб... ин палави миллии моро ба номи хеш сабт мекунанд. Ба гунае, ки озарбойҷониҳо чавгонро, ки ин бозӣ дар мо таърихи чандҳазорсола дорад, ба номи хеш сабт карданд. Аз ин хотир ба ҷойи ин баҳсҳои беҳуда, дар бораи палав ва вижагихои он дар маҳалхои гуногуни точикнишин (чи дар дохили Тоҷикистон ва чи дар берун аз он, яъне Узбакистон, Афғонистон, Эрон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Ҳинд...) маълумот дода, ба ҷаҳониен собит созем, ки ин хӯрок, ба гунае, ки бисёр ховаршиносон, аз ҷумла мардумшиноси рус В. Шишов ҳам дар китобаш "Таджики" беш аз сад сол пеш гуфта буд, таоми миллии мост. Мо ҳамчунин ҳарчи зудтар дар бораи суманак ё суману, ширбиринҷ, халиса ва дигар хурокҳои миллиамон ҳам пажуҳишҳо анҷом дода, ин хурокхоро ҳам ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем, то боз дигарон ба моли худ табдил надиҳанд.”

Ин ҷо шояд бад нест, як нуктаро зикр кард, ки боре яке аз бузургони миллат бо андӯҳ аз вазъи феълӣ ва ифтихор аз гузаштаи таърихӣ гуфта буд, ки “миллати паҳлавӣ акнун палавист”. Манзур гузаштаи дур ва рӯзгори муосир будааст.

Ва ин паём аз Малоҳат бону Дӯстматова: “Муҳим -- сабзии оши самарқандӣ зард аст, нахӯд дорад ва сафедтоб аст, чунки аввал гӯштро мезирбонанду баъд пиёзро. Ош-оши парҳезист ва хело бомазза.” Ва Сиёвуш Наботов навиштааст: "Бобоям, ки Қаҳрамони меҳнати сосиалистӣ асту тахаллусаш Абдулмаҷиди палов, хело ош хӯрданро дӯст медорад (Дар хӯрдани ош хам медал дорад))))... Ман низ оши палавро дӯст медорам ва хуб ҳам мепазам, агар бовар накунед, марҳамат))))) Ошро мардуми н. Восеъ хуб мепазанд... Ошро бо равғани думбаи гусфанд ҷаззадумбул мекунанду мепазанд, ки аз хӯрданаш сер намешавед... эҳ афсус дааа, ки нахӯрдаед ин намуди ошро...Бо завқи том. Сиёвуш..."

Баҳси бомазза идома дорад. Агар мехоҳед, ба ин баҳс ҳамроҳ шавед. Дар ин ҷо.
XS
SM
MD
LG