Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

0,5% аҳолии Тоҷикистон аз Фейсбук истифода мекунад


Тибқи як тадқиқоти ширкати Socialbakers, дар Тоҷикистони 8-миллион нафара ҳамагӣ 0,5 дарсади аҳолӣ аз шабакаи иҷтимоии Facebook истифода мекардаанд.

Ширкати тадқиқотии Socialbakers гуфтааст, шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳама зиёд аз ин шабакаи истифода мебаранд, ки шумораи онҳо ба 163 миллион нафар расидааст. Бразилия бо 66,5 миллион корбар дар ҷойи дувум ва Ҳиндустон бо 63 миллион истифодабаранда дар ҷойи сеюм қарор доранд. Аммо кишваре, ки аз ҳама кам дар он аз Фейсбук истифода мекардаанд, Ватикан будааст, ки ҳамагӣ 20 корбар дорад.

Миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз рӯи ин нишондод Русия бо 7,5 миллион корбари Фейсбук дар ҷойи аввал қарор доштааст. Арманистону Озорбойҷон дар ҷойҳои дувуму сеюм миёни ин кишварҳо ҷой гирифтаанд.

Тоҷикистон дар даҳгонаи кишварҳои ИДМ ҷойи 9-умро ишғол мекунад, ки ҳамагӣ 0,5 дарсади аҳолии ин икшвар аз Фейсбук истифода мекунанд. Ба гуфтаи ин ширкати тадқиқотӣ, дар кишварҳои рӯ ба рушд Фейсбук маҳбубияти зиёд надорад.

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев, таҳлилгари масоили интернетӣ мегӯяд, тибқи омори чанд моҳи пеш, Фейсбук дар Тоҷикистон ҳамагӣ 51 ҳазор корбар дошт. Ба назари ҷаноби Атоев, маҳбубияти ин сомона миёни тоҷикистониён баъд аз маҳдуд кардани дастрасии ин сомона дар Тоҷикистон бештар шудааст. Ин дар ҳолест, корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон то моҳи марти соли 2012, ки аввалин бор дастарасии ин сомона дар Тоҷикистон маҳдуд шуд, 22 ҳазор будааст.

Таҳлилгарони ин соҳа мегӯянд таваҷуҳи мардуми рӯз аз рӯз ба шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ меафзояд. Вале он қадаре, ки дар Тоҷикистон аз сомонаи иҷтимои Одноклассники истифода мекунанд Фейсбукро истифода намекардаанд.

Асомиддин Атоев мегӯяд, аз сомонаи Фейсбук бештар онҳое истифода мекунанд, ки дониши хуби забондонӣ доранду зиёда аз ду забонро медонанд ва ё бо хати форсии арабиасос хуб ошноянд. Ҳамчунин дар умум ҷаҳонбинии корбарони Фейсбук аз дигар корбарони сомонаҳои иҷтимоӣ фарқ доштааст.

Ба назари ин таҳлилгари тоҷик, солҳои охир дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи чӣ шахсони воқеӣ ва ё чӣ шахсони ҳуқуқӣ ба Фейсбук рӯ ба афзоиш аст. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар ин сомона ҷойи худро дошта бошад ва тавассути он фаъолияти худро таблиғ кунанд. Яке аз дигар сабабҳои таваҷҷӯҳи корбарони тоҷикро ин таҳлилагар, дар тоҷикӣ шудани намуди зоҳирии сомонаи Фейсбук медонад.

Тибқи шумориши охир даромади холиси Facebook дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ ба 420 миллион доллар расидааст, ки ба ҳар як саҳмияи он 0,17 долларӣ рост меояд. Маҷаллаи Форбес феҳристи қудратмандтарин афроди ҷаҳон дар соли 2013-ро нашр кардааст, ки Марк Зугенбург, раис ва аз бунёдгузорони шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар ҷойгоҳи 24-у қарор дорад. Дар соли ҷорӣ дармади ширкати Фейсбук ба 2,016 миллиард доллар расидааст. Гуфта мешавад давоми 3 моҳи охир мушоҳида шудаст, ки аз ин сомонаи иҷтимоӣ аксари корбарон аз телефонҳои ҳамроҳ истифода мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG