Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Нома ба Хадамоти алоқа: "Фейсбукро фаъол кунед"


Парвина Ибодова, раиси Анҷумани ширкатҳои ироакунандаи интернет дар Тоҷикистон
Парвина Ибодова, раиси Анҷумани ширкатҳои ироакунандаи интернет дар Тоҷикистон

Анҷумани ширкатҳои интернетрасон аз Хадамоти алоқа хостааст, то дастури бастани баъзе торнамоҳоро лағв намояд.

Анҷумани ширкатҳои ироакунандаи интернет дар Тоҷикистон аз маҳдудияти дастрасӣ ба бархе аз торнамоҳо, аз ҷумла шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" изҳори ташвиш кардааст.

Ин анҷуман дар муроҷиатномае, ки субҳи сешанбе, 6-уми март, дастраси расонаҳо шуд, бастани баъзе аз торнамоҳоро натиҷаи "бархӯрди ғайриҳирфаӣ ва беасос" донистааст. "Чунин бархӯрди беасос ва ғайриҳуқуқӣ ба имиҷи Тоҷикистон дар сатҳи байнуламилалӣ латма зада, ҳамчунин ба амнияти иттилоотии кишвар хатар дорад",-гуфта шудааст дар баёнияи Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон.

Ин анҷуман ҳамчунин таъкид кардааст, ки "таҷрубаи солҳои қаблӣ нишон доданд, чунин иқдомот барои маҳдуд кардани пойгоҳҳои иттилоотӣ муассир нестанд. Одатан ин маҳдудиятҳо сабаби маъруфтар шудани сомонаҳо дар миёни ҷомеа мегарданд."

Анҷумани ширкатҳои ироакунандаи интернет дар Тоҷикистон гуфтааст, мухолифи чунин маҳдудиятҳо буда, аз раҳбарияти кишвар ва ҷомеаи байнулмилалӣ мехоҳад, то ба ин масъала таваҷҷӯҳ намоянд. Анҷумани интернетрасонҳо инчунин ба Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда ва хостааст, то нома ва дастури шифоҳии худро дар бораи бастани баъзе торнамоҳо, аз ҷумла шабакаи "Фейсбук" лағв кунад.

Аз рӯзи шанбе ба ин сӯ дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ва чанде аз сомонаҳои интернетӣ маҳдуд шудааст. Ширкатҳои интернетрасон мегӯянд, нашри чанд матлаби интиқодӣ ва пайнавишти як ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон сабаби ин иқдом гардидааст.

Рӯзи душанбе (5-уми март) дар интернет нусхаи номаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои интернетрасон нашр шуд, ки дар он омадааст: "Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки бинобар гузаронидани корҳои профилактикӣ техникӣ, дастрасиро ба сомонаҳои maxala.org, звезда.ру, ТҶК нюс, ва СентрАзия қатъ намоед. Таърихи 2 марти соли 2012."

Вале агар ширкатҳои интернетрасони “Сатурн Онлайн”, “Бабилон-М”, “Тоҷнет”, “Тселл” ин сафҳаҳоро қаблан дар рӯзи шанбе (3-юми март) баста буданд, ширкатҳое монанди "Телеком Текнолоҷӣ" ва "Мегафон" низ субҳи душанбе (5-уми март) дастрасӣ ба Фейсбукро қатъ карданд.
XS
SM
MD
LG