Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

На танҳо гуфтугӯ. Таблиғи ширкатҳои тоҷикӣ дар Фейсбук


Ширкату корхонаҳои Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун майдони таблиғи молу хадамоташон истифода мекунанд.

Ширкатҳои Тоҷикистон ба тадриҷ бо истифода аз имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғ ва фурӯши молу хадамоташон пардохтаанд. Агар қаблан барои таблиғи хадамоти хеш аз шабакаҳои иҷтимоӣ умдатан ширкатҳои мобилӣ истифода мекарданд, ҳоло корхонаҳои тавлидотӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва бонкҳо низ барои фурӯш ё таблиғи хадамоти худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳфаҳои хос боз кардаанд.

Созмони қарздиҳии хурд "Имон интернешнл" низ яке аз ниҳодҳои молиявист, ки барои ҷалби бештари муштариёнаш дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" саҳифа боз намудааст. Равшан Солиев, менеҷери департаменти маркетинги "Имон интернешнл", гуфт, чун миқдори зиёди муштариёнашон аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд, тасмим гирифтаанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ саҳифаи махсуси худро дошта бошанд: "Саҳифаи мо дар Фейсбук масалан се ҳазор дӯст дорад. Ҳар гоҳе, ки мо як хабари навро нашр мекунем, аллакай се ҳазор нафар аз он огоҳ мешаванд. Вале ба сомонаи расмии мо ҳеҷ гоҳ се ҳазор нафар даромада мутолеа намекунад."

Ҷаноби Солиев мегӯяд, дар саҳифаҳои иҷтимоии ширкати қарздиҳии "Имон-Интернешнл" бештар ҳамон маълумоте нашр мешавад ки дар торнамои расмии ширкат ҷой дода шудаанд. Тавре мушоҳида мешавад, аксари ширкатҳои Тоҷикистон саҳифаҳои таблиғотии худро дар ду шабакаи иҷтимоии маъруф дар Тоҷикистон --"Мой мир" ва "Фейсбук" боз кардаанд. Аз ширкатҳои тавлидотие, ки охиран саҳифаҳои худро дар шабакаи иҷтимоӣ боз кардаанд, ширкати "Қолинҳои Қайроққум", корхонаи нассоҷии "Гулистон" ва ширкати истеҳсоли макарон "Макколӣ"-ро зикр кардан мумкин аст.

Агар ширкатҳои тавлидотӣ бо гузоштани расми маҳсулоти истеҳсолкардаашон ва маълумот дар бораи сифат ва нархи он саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоиро пур карда бошанд, ширкатҳои мобилӣ бо нашри маълумот дар бораи тарофаҳо ва нархи дақиқаҳои гуфтугӯ иктифо намекунанд. Масалан, ширкати мобилии "Tcell" дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" ахиран озмуни "Мис ва мистер Тcell"-ро эълон карда буд, ки бонувон ва ҷавонони зиёде дар он иштирок карданд. Шарти озмун ин буд, ки зери сурати ҳар як номзад ба ин ҷоиза бо рамзи бренди ширкати Tcell миқдори зиёди мухлисон бояд "лайк" гузоранд.

Шаҳноза Комилзода

Шаҳноза Комилзода

Шаҳноза Комилзода, сухангӯи ширкати мобилии "Мегафон Тоҷикистон", мегӯяд, ин ширкат дар шаш шабакаи иҷтимоӣ саҳифаҳои хоси худро боз кардааст: "Шабакаҳои иҷтимоӣ воситаи хеле осони огоҳкунии муштариён дар бораи тарофа, аксия ва иқдоми нави ширкат аст. Ҳамчунин бо воситаи ин саҳифаҳо мо бо муштариёнамон иртибот барқарор мекунем. Дар ин саҳифаҳо муштариёни мо арзу шикоятҳо ва мушкилоташонро бе истиҳола менависанд ва кормандони ширкати мо сареҳан ба ислоҳи он мепардозанд. Дар сомонаи расмии ширкат бошад, на дар ҳама маврид муштариён метавонанд назарашонро озодона нависанд."

Чун шабакаҳои иҷтимоӣ майдони реклама ва рақобати шадид ва густурдаи ширкатҳо мубаддал шудааст суоли матраҳ ин аст, ки оё воситаҳои анъанавии реклом назири рӯзнома, радио ва телевизион муштариёни худро аз даст нахоҳанд дод? Салимҷон Салимов, мутахассиси PR ва реклама дар Тоҷикистон, мегӯяд, ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ овардани ширкатҳо падидаи нав аст ва миқдори чунин ширкатҳо то ҳол чандон зиёд нест: "Ҳар як воситаи реклама телевизион, радио ва газета бартарӣ ва камбудҳои худро дорад. Шабакаҳои иҷтимоӣ наметавонанд ба якборагӣ ҷойгоҳи воситаҳои анъанавии рекломро бигиранд. Чунки шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам дар навбати худ камбудиҳои худро доранд. Дар Тоҷикистон ҳоло миқдори рекломдиҳандагон ба ҳамаи расонаҳо афзуда истодааст. Чунки ширкатҳои нав меафзоянд."

Бино ба арзёбии мутахассисони бозори реклом дар Тоҷикистон соли гузашта ширкатҳо барои таблиғи худ зиёда аз 12 миллион доллари амрикоӣ масраф кардаанд, ки ин дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна камтарин нишондиҳанда ба ҳисоб мерафтааст.

Фейсбук бо беш аз 50 000 “аҳолӣ”-и тоҷикаш аз пурнуфузтарин шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин ҳанӯз бозори бузурге ба ҳисоб намеравад, вале бо назардошти суръати афзоиши истифодабарандагони шабакаҳо ин бозор рӯз то рӯз бузургтар хоҳад шуд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG