Пайвандҳои дастрасӣ

Бастани "Фейсбук" Тоҷикистонро "вирди забон" кард


Дубора масдуд шудани шабакаи маъруфи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистон бо амри раҳбари Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров, исми ин кишварро вирди забони матбуоти байналмилалӣ кардааст.

Бо амри ин ниҳод аз рӯзи душанбе дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистон масдуд шудааст. Аксари расонаҳо менависанд, ин тасмим яқинан аҳдофи сиёсӣ дорад ва талошест барои бастани даҳони мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон.

Аксари расонаҳои хориҷӣ барои баҳси масъала ба Душанбе даъват шудани муассиси Фейсбук Марк Зуккерберг аз ҷониби раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуровро таъкид мекунанд. Аз ҷумла нашрияи амрикоии The Wall Street Journal дар матлабе таҳти унвони “Тоҷикистон Фейсбукро аз қатори дӯстонаш хат мезанад” навишт, раҳбари хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров мехоҳад, масъаларо шахсан бо Зуккерберг баҳс кунад. Зуҳуров гуфтааст, “ Фейсбук соҳиб надорад. Кӣ ҳаст соҳиби он?.. Хуб аст, агар соҳибаш биояд ва бо мо сӯҳбат кунад. Чизи дигар, оё ин Фейсбук ба давлат налог (андоз) месупорад? Дар ҳоле ки миллиардҳо фоида мебинанд."

Раҳбари шабакаи Фейсбук дар Русия Екатерина Скоробогатова ба The Wall Street Journal гуфтааст, ки ин ширкат аз вазъи пешомада дар Тоҷикистон хабар дорад, вале ҳанӯз вокунише нишон надодааст. Фаъолияти Фейсбук дар Тоҷикистон низ аз ҷониби ҳамин дафтари русиаш танзим мешавад. Хонум Скоробогатова тавассути сухангӯяш гуфтааст, ки онҳо ҳанӯз иқдоми фаъолонаедар ин соҳа рӯи даст нагирифтаанд.

Хабаргузории Reuters навишт, Тоҷикистон Фейсбукро ба хотири бастани даҳони мунтақидон дастнорас кардааст. Бино бар ин гузориш, тасмими идораи Бег Зуҳуров ба интихоботи дуруст як сол баъди раёсати ин ҷумҳурӣ рабт дорад, ки Номаи Бег Зуҳуров ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет.

Номаи Бег Зуҳуров ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет.

ар он раҳбари феълиаш Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад собиқаи алакай 20-солаи раёсаташро боз барои 7 соли дигар тамдид кунад. Таҳлилгари тоҷик Зафар Абдуллоев ба Reuters гуфтааст, бо наздиктар шудани ин корзори интихоботӣ, бояд чашмбароҳи “иқдомҳои бештар дар амри маҳдуд кардани озодии баён дар Интернет шуд, зеро мақомот пинҳон намекунанд, ки сомонаҳои иҷтимоиро як таҳдиди воқеъӣ медонанд.”

Сомонаи радиои русии “Эхо Москвы” менависад, танҳо дар соли ҷорӣ бори дувум аст, ки Фейсбук дар Тоҷикистон дастнорас мешавад. Бори аввал дар моҳи март ҳам мақомот дастнорас шудани ин шабакаи иҷтимоиро ба “далоили фаннӣ” марбут карда буданд. Ҳарчанд ба навиштаи The Wall Street Journal, бастани Фейсбук ба нашри як матлаби интиқодӣ бо номи “Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб” дар сомонаи русии “Звезда.ру” рабт дошт. “Эхо Москви” меафзояд, дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистон аз рӯзи душанбе пурра маҳдуд шудааст, чунки ҳамаи 6 ширкати мобилӣ ва 6 ширкати интернетрасон амри Хадамоти алоқаро иҷро ва ин шабакаро масдуд кардаанд.

Сомонаи Value Work низ масдуд кардани Фейсбук дар Тоҷикистонро ба талоши бастани даҳони мунтақидон бастагӣ дода, аз қавли Бег Зуҳуров навишт, ки гӯё дари ин шабака барои ҳар шарҳи зидди Эмомалӣ Раҳмон аз 5 то 1000 доллар пул медиҳанд. Аммо Бег Зуҳуров ягон мавриди таъмини молии чунин шарҳнависиҳо ё исми маблағгузорони мушаххасро наовардааст.

Нашрияи русии “Аргументы и факты” матлабаш дар ин мавзӯъро “Бигзор Зуккерберг ба Тоҷикистон биояд” ва “Масдуд куну ҳукм бирон!” ном дода, навишт, ҳайратангез ин аст, ки созмони “Хабарнигорони бидуни марз” то ҳол Тоҷикистонро мисли Туркманистону Беларус ё Узбакистон душмани Интернет эълон накардааст. Ба навиштаи ин нашрия, давлатҳои пасошӯравӣ таъқиби озодии баён дар Интернетро бахусус баъди силсилаи инқилобҳои “баҳори Араб” шиддат доданд ва зоҳиран “Тоҷикистон ҳам қадами аввалашро ба сӯи шабакаи хориҷии Фейсбук бардошт. Дақиқтараш, пушташро ба ин шабака гардондааст.”

“Украинская правда” менависад, “мансабдори тоҷик Зуккерберг пеши худ мехонад.” Ин нашрияи украинӣ иддаои Бег Зуҳуровро, ки гуфтааст, бастани Фейсбукро аз Хадамоти алоқаи “як гурӯҳи ихтиёриёни ватандӯст” дархост кардаанд, зери шубҳа гузошта навишт, аксари ширкатҳои мухобиротӣ аз тарси муҷозоти мақомот, ба амри бастани Фейсбук сар фуроварданд. Аммо The Wall Street Journal менависад, баъди масдуд шуданаш дар моҳи март, шумори корбароин Фейбук дар Тоҷикистон баръакс рӯи ба афзоиш овард ва дар 6 моҳи охир 26 дарсад бештар шуда, дар ҳоли ҳозир ба тақрибан 41 000 нафар расидааст.

Дар баҳси ин моҷаро дар сомонаи Озодӣ аз ҷумла Mr. K бо танз навишт,О ҳамон Тсукерберг мемурад омада ақалан як салому алейк кунад бо ин мардак, ки ба як рӯзеро шинохта монанд. Ё ақалан ягон спорттсентр сохта медод.” Як хонандаи дигар пешниҳод кардааст, ки Фейсбукро ФейсБег ном кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG