Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Русия дӯсти рақами яки Тоҷикистон дар Фейсбук


Корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон бештар аз ҳар кишвари дигар бо корбарони ин шабака дар Русия дӯстӣ доштаанд.

Нақшаи дӯстӣ дар “Фейсбук”, ки ҳамин ҳафта нашр шуд, нишон медиҳад, сокинони гӯшаи тоҷикии ин шабака аз ҳама бештар бо корбарони “Фейсбук” дар Русия дӯстӣ доштаанд.

Ба гуфтаи муаллифони нақшаи “Фейсбук”, ин пайванди наздик аз муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки Русия мизбони асосии онҳост. Дуввумин кишвари дӯсти Тоҷикистон дар Фейсбук, Афғонистон будааст ва сабаби ин ба тахмини офарандагони нақшаи интерактивии Фейсбук, ҳамзабонии мардуми ду кишвар аст.

Се дӯсти дигари наздики Тоҷикистон дар Фейсбук, Қазоқистон, Қирғизистон ва сипас Эрон будаанд. Агарчӣ омилҳои ин дӯстии наздики мардуми Фейсбуки Тоҷикистон бо ин кишварҳоро дар нақша нишон надодаанд, аммо метавон гуфт, ҳамсоягӣ, муҳоҷирату таҳсили донишҷӯён ва ҳамзабонӣ аз омилҳои пайванди наздики ҷавонони тоҷик бо ҳамсолони худ дар ин олами маҷозист.

Бачаҳои тоҷик дар Фейсбук дар Узбакистони ҳамсоя дӯсти зиёде надоштаанд, ки дар нақша дар радифи 4 дӯсти наздики Тоҷикистон нест. Нақшаи интерактивии мазкур бо назардошти иртиботи корбарони Фейсбук дар ҳар кишвари ҷаҳон сохта шудааст, ки метавонед, онро дар ин вебсайт бубинед:
http://www.facebookstories.com/stories/1574/interactive-mapping-the-world-s-friendships#color=continent&story=1&country=US

Дар Тоҷикистон бино ба омори торнамои www.socialbakers.com тақрибан 40 ҳазор нафар дар Фейсбук саҳифа доранд ва тайи се моҳи гузашта теъдоди онҳое, ки дар ин шабакаи иҷтимоӣ ба истилоҳ лона мегузоранд, 3580 ва ё 11 дар сад афзудааст. Агар омори ин торнамо воқеъӣ бошад, пас маҳбубияти Фейсбук дар Тоҷикистон бештар мешавад. Дар саҳифаи ин торнамо мебинем, ки Тоҷикистон аз назари теъдоди истифодаи Фейсбук дар ҷаҳон дар миёни 213 кишвар ва манотиқ дар зинаи 171-ум қарор дорад.
XS
SM
MD
LG