Пайвандҳои дастрасӣ

Фейсбук ва Ютуб дар Тоҷикистон боз шуд, Озодӣ - ҳанӯз на


Баъди қариб як моҳ дастрасӣ ба шабакаҳои Фейсбук, Ютуб ва Однокласнники дар Тоҷикистон пурра барқарор шудааст, вале дастрасӣ ба сомонаи Озодӣ маҳдуд боқӣ мемонад.

Дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистон аз 21 сентябр пурра барқарор шуда, аз 22 сентябр шабакаҳои Ютуб ва Одноклассники низ дар дастраси ҳамагон қарор гирифтаанд.

Дар Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи Интернет рӯзи 22 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки зоҳиран ширкатҳои дастраскунандаи Интернет ҷиҳати батадриҷ боз кардани ин сомонаҳо дастур гирифтаанд, чунки кушодани сомонаҳо на якбора, балки бонавбат сурат мегирад ва ба ин далел, барои мисол, рӯзи 22 сентябр шабакаи Ютуб аз сӯи на ҳамаи ширкатҳои дастраскунандаи Интернет боз мешуд. Аммо корбарон мегӯянд, аз рӯзи душанбе бе ягон мамониат метавонанд вориди Фейсбук шаванд ва аз рӯзи 22 сентябр ба шабакаи Ютуб низ даромада метавонанд.

Вале бино ба натоиҷи мониторинги рӯзи 22 сентябр ва ба гуфтаи корбарон, дастрасӣ дастикам ба сомонаи Озодӣ дар Тоҷикистон ҳамонон маҳдуд боқӣ мемонад.

Дастрасӣ ба шабакаҳои Фейсбуку Ютюб дар Тоҷикистон тақрибан аз 24 август маҳдуд карда шуд. Ба дунбол, ҳафтае баъд дастрасӣ ба сомонаи Озодӣ, ва баъди шурӯи амалиёти зидди гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим, шабакаи иҷтимоии Одноклассники низ дучори чунин мушкил шуданд. Бархе корбарон аз дастнорас шудани сомонаҳои ҳизби наҳзати исломӣ ва хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ва ҳамчунин шабакаи Инстаграм низ хабар доданд. Дар рӯзҳои амалиёти зидди Ҳоҷӣ-Ҳалим фиристодани паёмакҳо ё СМС аз тариқи ширкатҳои телефонои мобил дар Тоҷикистон низ бо амри мақомот қатъ шуда буд, вале ин хадамот аз рӯзи 17 сентябр, ба дунболи кушта шудани охирин ошӯбгарон, дубора иҷозат дода шуд.

Асомуддин Атоев

Асомуддин Атоев

Дубора дастрас шудани як бахши шабакаҳову сомонаҳои маҳдудшуда барои корбарони тоҷик дар ҳолест ки Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи Интернети Тоҷикистон рӯзи 21 сентябр дар як нишасти махсуси масоили ҳуқуқи инсон, ки дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава доир мекунад, аз идомаи таҷрибаи масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон интиқод кард.

Асомуддин Атоев масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро ғайриқонунӣ ва намунаи поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ба маълумот ва матбуот унвон карда, гуфтааст, бар замми ин, ин иқдом барои ширкатҳои дастраскунандаи Интернет ва ҳамчунин ба оҷонсиҳои хабарӣ хисороти зиёди иқтисодӣ ҳам овард.

Ӯ маҳдуд ё масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳоро муноқиз бо банди 30-юми Қонуни асосии Тоҷикистон, ки ҳаққи шаҳрвандонаш ба озодии баён ва озодии нашру истифодаи маълумотро замонат додааст, хонда, гуфтааст, ин ҳамчунин муғойир ба ӯҳдадориҳои байналмилалии Душанбе дар заминаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум мебошад. Асомуддин Атоев аз ҳукумати Тоҷикистон хост, то ба ба чунин иқдомоти, ба таъбири ӯ, “ғайриқонунӣ ва табъизомез” поён дода, дастрасӣ ба сомонаҳои шабакаҳоро билофосила барқарор кунад.

Хадамоти алоқа – масъули танзими фаъолияти ширкатҳои телефонҳои мобил ва Интернет дар Тоҷикистон – маъмулан сабабҳои масдуд ё маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаҳоро шарҳ намедиҳад. Аммо маҳдудиятҳо дар роҳи дастрасӣ ба Интернет мояи интиқодҳои пайвастаи созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии баён аз мақомоти Тоҷикистон шудааст.

Ҳафтаи гузашта гузориши муштараки 4 созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ нашр шуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд, маҳдуд кардани дастрасӣ ба Интернет як мушкили умдаи озодии баён ва озодии матбуот дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ҳамин тавр, созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, мақараш дар Порис, дар авоили моҳи сентябр дар гузориши солонааш бо номи “Индекси озодии матбуот -2015” Тоҷикистонро дар байни 180 кишвар дар зинаи 116-ум ҷой кард, ки назар ба як соли пеш як зина пойинтар аст. Нозирони умур мегӯянд, як мушкили умдае, ки Тоҷикистонро дар чунин раддабандиҳои байналмилалӣ дар зинаҳои поён нигоҳ медорад, ҳамин таҷрибаи масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳост.

Эҷоди маҳдудият дар роҳи дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон маъмулан дар рӯзҳое сурат мегирад, ки дар ин кишвар ягон ҳодисаи муҳим рух медиҳад. Қабл аз ин дастрасӣ ба як силсила сомонаҳо дар моҳи маю июн, дар пайи дар Интернет нашр шудани паёми видеоии полковник Гулмурод Ҳалимов, як афсари баландпояи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки ба сафи ҷангиёни созмони тундрави “Давлат исломӣ” пайваст, маҳдуд шуда буд.

Бино ба ҳисобҳо, 45 дарсад ё тақрибан 3,5 миллион аз аҳолии Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доранд. Дар бозори ироаи хадамоти Интернети ин кишвар 10 ширкат фаъолият доранд, ки бузургтаринҳояш “Вавилон”, Tcell, Beeline, Мегафон ва Telecom Technology мебошанд.

XS
SM
MD
LG