Пайвандҳои дастрасӣ

Як мақоми Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ки барои як муддат шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Ютубро дастнорас кардаанд. Аммо сабаби ин тасмим то ҳол шарҳ дода намешавад.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоии "Фейсбук" ва "Ютуб"-ро муваққатан бастааст. Бархе аз корбарон аз дастнорс шудани шабакаи Инстаграм ва Наҳзат ТҶ, торнамои расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ хабар медиҳанд.

Як намояндаи Хадамоти алоқа ба шарти ифшо нашудани номаш 25 август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар нимаи дувуми рӯзи душанбе ба ширкатҳои интернетрасон гуфтаанд, ки "Фейсбук" ва "Ютуб"-ро барои як муддат масдуд кунанд. Аммо ин манбаъ далели масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоиро шарҳ надод. Танҳо гуфт, "субҳи имрӯз низ ба ширкатҳои дастраскунандаи Интернет нома фиристода шуд, то ин ду шабакаи иҷтимоиро муваққатан бубанданд."

Дар ҳамин ҳол, Асомиддин Атоев -- раиси Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи Интернет дар Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ масдуд шудани ин ду шабакаи иҷтимоиро тасдиқ намуд. Аммо ӯ низ дар мавриди “баҳона”-и масдуд шудани онҳо изҳори бехабарӣ кард.

Корбарон ва хонандагони ин ду шабакаи иҷтимоӣ субҳи 25 август иброз доштанд, ки бидуни "прокси" ва дигар барномаҳои филтршикан натавонистаанд вориди “Фейсбук” ва “Ютуб” шаванд. Ҷамшед Норов, як сокини шаҳри Душанбе гуфт, то имрӯз бидуни мушкил аз тариқи провайдери "Телеком Технолоҷи" ба “Фейсбук” ворид мешуд, аммо ин субҳ натавонистааст.

Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ва алоқаи мобилии Тоҷикистон дар гузашта низ борҳо дастрасии муштариёнро ба сомонаҳои гуногун, аз ҷумла Радиои Озодӣ, Фейсбук ва Ютуб маҳдуд кардаанд. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон танҳо бархе аз чунин мавридҳоро эътироф карда, онро ба "мушкили фаннӣ" бастагӣ додааст.

Ин кор маъмулан дар рӯзҳои нооромиҳо дар ин ё он гӯшаи Тоҷикистон ваё дар пайи нашри наворҳои пурсарусадое дар ин шабака иттифоқ меуфтод. Аммо ин бор маълум нест дастрасӣ ба Фейсбуку Ютубро барои чӣ масдуд кардаанд?

Бори охир дастрасӣ ба Фейсбуку Ютуб, торнамои Озодӣ ва баъзе дигар аз сомонаҳои хабарӣ моҳи июни соли ҷорӣ дар пайи нашри изҳороти видеоии Гулмурод Ҳалимов, полковники собиқи ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастнорас шуданд. Оқои Ҳалимов дар ин навор гуфт, ки ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст ва аз бархӯрди ба қавли ӯ номуносиби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҳиҷобдорон танқид намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG