Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле ки артиши Ироқ амалиёти зидди гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дар Рамодиро сар кардааст, яке аз шоҳидони суқути он мегӯяд, дар ҳолати ҳамоҳангии хуб амалиёт метавонад комёб бошад.

Яке аз шоҳидони даргириҳои Ҳаббания, дар канораи шаҳри Рамодӣ, пойтахти вилояти Анбари Ироқ мегӯяд, нерӯҳои давлати Ироқ илоҷе ба ҷуз аз ақибнишинӣ надоштанд, зеро таъминоти онҳо заиф ва кӯмаки нерӯҳои ҳавоӣ нокифоят буд.

Ишғоли Рамодӣ аз тарафи ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати Исломӣ” барои нерӯҳои амниятии Ироқ як шикасти ҷиддӣ шумурда мешавад. Аммо яке аз шоҳидони даргириҳои Ҳаббания мегӯяд, нерӯҳои давлати Ироқ илоҷе ба ҷуз аз ақибнишинӣ надоштанд, зеро таъминоти онҳо заиф ва кӯмаки нерӯҳои ҳавоӣ нокифоят буд.

Ин сарбози артиши Ироқ, ки шоҳиди ҷангҳо дар Рамодӣ будааст, дар гуфтугӯе бо Бахши ироқии Радиои Озодӣ чӣ гуна суқут кардани Рамодиро ба дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ҳикоят кард.

Низомӣ: “Аввалин кори онҳо ворид шудани онҳо аз минтақаи Бу-Фарраҷ дар масири шоҳроҳи самти маркази Рамодӣ буд, то нерӯҳои шарқи Анбарро аз ғарби он ҷудо кунанд.

Онҳо бо истифода аз хушк шудани рӯд онро пиёда гузаштанд. Вақте ки онҳо ба марказ расиданд, ба мо ҳамла карданд. Аз ҷумла бо зиреҳпӯшҳо, тӯпҳои сайёр, булдозер ва мошинҳои боркаши саршор аз маводи тарканда. Онҳо 25 адад мошин оварданд ва мо донистем, ки ба муҳосира афтодаем. Фармондеҳони мо ба вазъият баҳо доданд ва тасмим гирифтанд, ки бояд ақибнишинӣ кунем. Нерӯҳо дар Рамодӣ аз ситоди фармондеҳӣ, фирқаи 10 ва бархе ҷузъутомҳои амалиёти махсус таҳти фармони генерал Фаҳдил Боварӣ иборат буданд.

Як моҳ ба ин сӯ барои мо ҳеч муҳимоте нарасонда буданд ва ҳоло мо аз чаҳор тараф зери оташ будем. Пуштибонии ҳавоӣ бад набуд, вале маҳдуд буд, чунки тавононии нерӯҳои ҳавоии Ироқ маҳдуд аст. Ҳавопаймоҳои Амрико, Австралия ва дигар аъзои эътилоф танҳо дар ҳолати ҳамлаҳои бузург ба кӯмак меоянд. Маркази шаҳр ду рӯз пеш аз ақибнишинии мо суқут кард. Вақте ки онҳо (“Давлати Исломӣ”) ба шаҳр ва муҷтамаи давлатӣ даромаданд, мо дар байни оташ мондем. Нерӯи мо дар муқобили шумораи зиёди мусаллаҳони ҳамлавар, ки аз Мосул ва Салоҳиддин икмол мешуданд, нокофӣ буд. Ба мо гуфтанд, ки ҳимояти ҳавоӣ бештар хоҳад шуд. Як рӯз пеш аз ақибнишинии мо онҳо 25 мошини саршор аз маводи таркандаро дар назди ситоди фармондеҳӣ ва ситоди фирқаи 10 мунфаҷир карданд. Ҳамаи онҳо мошинҳои бузург буданд. Тасмими ақибнишинии фармондеҳон аслан як чораи наҷоти ҳаёт буд. Мо дар як доираи иборат аз 3 километри мураббаъ 1500 нафар будем. Агар аз он ҷо намебаромадем, қатли ом мешудем. Ман шоҳиди зиндаи ин ҳама ҳастам. Ман дирӯз аз Ҳаббания ба ин ҷо расидам."

Радиои Озодӣ: Ин ҷо иттиҳомоте буд, ки дар дастурҳои амниятӣ камбудиҳое рух додааст.

Низомӣ: "Шояд фармонҳои нодуруст дода шудаанд, аммо вазъияте буд, ки мо аз лавозимот дар рӯбарӯи нерӯи бузург маҳрум будем. Мо танҳо ба номаш ҷузъутомҳои ҳарбӣ будем ва дар асл, сафҳои мо пароканда шуда, баъзеҳо рафта буданд, баъзеи дигар захмӣ ва тирамон ҳам дар ҳоли тамом шудан. Мақсади фармон қурбон накардани одамон буд. Агар мо меистодем, ҳама қатли ом мешудем. Қисмҳои шарқӣ, ки аз мо бурида шуданд, аввал онҳо Ҳаббанияро тарк карданд. Мо канор монда будем ва ҳамлаҳои ДОИШ созмонёфта буданд. Бо талабҳои зиёди мо аз Бағдод 7 ё 9 зиреҳпӯши “Ҳаммер” фиристоданд, ки албатта, дар муқобили таҳдиде, ки тарафи мо меомад, кофӣ набуд."

Радиои Озодӣ: Гуфта мешуд, ки ҳамагӣ 100 ҳамлавари ДОИШ ба шумо ҳуҷум мекард.

Низомӣ: "Мумкин ин рақам дар ягон ҷои муайян дуруст бошад, вале ба сурати умум шумораи онҳо садҳо нафар буд."

Радиои Озодӣ: Ягон маълумоти пешакӣ ва пешбинии вазъ вуҷуд дошт?

Низомӣ: "Маълумот буд ва он ба Бағдод ҳам фиристода шуд. Вале онҳо ҳам “замин сахту осмон баланд”, натавонистанд барои истифода аз “Сафарбарии Мардумӣ” истифода кунанд, чун ин як тасмими ҷиддии сиёсист. Вақте мо кӯмаки ҳавоӣ хостем, ҳавопаймоҳо бо дастури худашон парвоз мекарданд, на дастури мо. Зарбаҳо умдатан аз як ё ду мушак иборат буд. Бисёрии зарбаҳо фоиданок набуд ва 100 дарсад ҳадафро намерасонд. Мо онҳоро хабардор карда будем, ки бисёриҳо аз Салоҳуддин ба тарафи Анбар ҳаракат доранд."

Радиои Озодӣ: Агар нерӯ ва таҷҳизоти зарурӣ дастрас бошад, қувваҳои амниятии Ироқ метавонанд, Рамодиро пас бигиранд?

Низомӣ: “Агар зарбаҳои ҳавоӣ дар Рамодӣ ҳамоҳангшуда бошанд, агар нерӯҳои заминӣ бештар дар шарқи Рамодӣ ва Ҳаббания ва ҳамчунон сари шоҳроҳи Карбало ҷойгир карда шаванд, то мусаллаҳони ДОИШ дар “анбур” гирифта шаванд, мо метавонем ба ҳалли муносиб умедвор шавем. Муҳим нест, шумораи онҳо чӣ қадар аст, агар онҳо аз ҳаво бомбаборон ва аз замин мушакборон шаванд, ба паноҳгоҳи амне хоҳанд рафт ва мавзеи дифоӣ хоҳанд гирифт."

Радиои Озодӣ: Шумо ҳамчун ҷанговар хоҳиши ширкат дар амалиёти дубора ба даст овардани Рамодиро доред?

Низомӣ: "Агар гӯям, ки чунин хоҳиш надорам, дурӯғ мешуд. Дар омади гап, ман худам аз Рамодӣ ҳастам. Аммо хоҳиш бе василаҳои зарурӣ кофӣ буда наметавонад. Зимнан, шумораи силоҳу муҳимоте, ки ДОИШ аз мо ба ғанимат гирифтааст, дар матбуот муболиға мешавад. Ба ҳеч ваҷҳ ин монанди вазъе нест, ки баъд аз суқути Мосул ва Салоҳуддин ба вуқӯъ пайваста буд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG