Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ноҳияи Ховалинг пули аҷибе вуҷуд дорад, ки мардумро савори мотосикл аз баландии тақрибан 50 метр ба ду соҳили рӯди Яхсу мекашонад.

Аз қарни гузашта сокинони чаҳор деҳаи Ховалинг, минтақаи кӯҳистоние дар тақрибан 70-километрии шимолу шарқи шаҳри Кӯлоб, барои рафуомад ба мавзеъҳои дигар аз як пули аҷибе истифода мекунанд, ки бештар ба сечархаи кабелӣ ё ба истилоҳи русӣ ба “канатная дорога” монанд аст. Ин пул, ки аз бадани як мотосикли сечарха иборат аст, тавассути симҳои ғафси фулузӣ бар фарози рӯдхонаи Яхсу кашида шудааст ва мардумро ба таъбири як сокини маҳаллӣ, “мотосиклсавор” ба ду самти соҳил мекашонад.

Сокинони деҳаҳои Сангиғор, Ҳалқаёр, Канаб ва Зардолудашти ноҳияи Ховалинг , ки солҳо боз аз надоштани роҳ ба он сӯи рудхона ранҷ мекашанд пулеро, ки худашон бунёд кардаанд, «пули сирот ва ё пул аҷал» низ ном мебаранд.

Нурулло Мирзоев, раиси ноҳияи Ховалинг мегӯяд, вақте ӯро соли 2013 ба ин ноҳия раис таъин карданд, аввалин коре, ки кард, дидани ин пули “овозадор” буд. Ӯ мегӯяд, вақте ба сечархаи кабелӣ нишаст ва хост аз фарози рӯдхона убур кунад,хеле тарсид. Убур аз ин пул дар воқеъ хатарнок аст ва дар ин муддат даҳҳо нафар ба дарёф афтидаву чандин нафар аз дасту ангушт маҳрум шудаанд.

Нурулло Мирзоев

Нурулло Мирзоев

«Ин кӯпрук дар баландии 60 метр боли рӯди Яхсу бо як сими ғафс сохта шудааст. Бо ҳамин ҳолат сокинони 4 деҳа 70 соли Шӯравӣ ва 23 соли истиқлолиятро паси сар карданд. Дар ин давраҳо, аз ҷумла дар соли 2014 низ чанд нафар бо иллати кандани сим ба ҳалокат расиданд. Аз ин рӯ, мо ҳамроҳ бо соҳибкорон барои ин деҳаҳо пуле сохта истодаем, ки дарозиаш 150 ва бараш 2,20 метр мебошад. Аз он танҳо мошини хурд гузар мекунад - гуфт Нурулло Мирзоев.

Ин роҳи пурхатар аммо ба яке аз маконҳои дидании ин минтақа табдил ёфтааст. Ҳоло ҳар меҳмоне, ки ба Ховалинг меояд, мехоҳад ҳатман як бор ин пулро бубинад ва агар каме ҷасуртар бошад, талош мекунад ба кобинаи мотосикл нишаста, ба истилоҳ, адреналини хунашро боло барад.

Саъдулло Бобоназаров, як соҳибкори маҳаллӣ мегӯяд, дар соли 2010 азобҳои мардуми чаҳор русто, ки солҳо боз бо баҳои ҷон ин пулро убур мекунанд, ӯро таҳрик дод, то барои сохтмони пул 20 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад. Ӯ мегӯяд, ҳоло сохтмони ин пули нав дар паҳлӯи пули худсохт ҷараён дорад.

”Соли 2010 дар деҳаи Сангиғор мактаб месохтем ва мушкилоти мардумро бо чашми худ дида будем, ки шаш моҳ ба марказ роҳи рафтан надоранд. Аз ин рӯ, дилам сӯхт ва хостам ба онҳо кӯмак кунам,” – гуфт Бобоназаров.

Дар мотосикл то чаҳор нафар ҷой мешаванд ва як нафари дигар аз соҳил онро идора мекунад, то мусофирон дар нимараҳ дарнамонанд. Баландии ин пул аз рӯди Яхсу 60 метр буда, дарозиаш ба 160 метр мерасад.

Пули ғайриоддӣ дар Ховалинг

Пули ғайриоддӣ дар Ховалинг

Як сокини 30-солаи деҳаи Канаб гуфт, моҳи декабри соли 2014 чор сокини Душанбе, ки ба меҳмонӣ омада буданд, бар асари канда шудани пули худсохт бар рӯдхона сарозер шуданд ва захмҳои сангин бардоштанд. ”Онҳо барои қурутобхӯрӣ ба деҳаи Зардолудашт мерафтаанд, ки чархаи сандуқча канда мешавад. Ду нафари он ба дарёи Яхсу афтида, ҷароҳат мебардоранд, ду дигар бошад симро дошта, худро халос мекунад. Ҳатто як сол пеш ҳамсояи худамон аз кандани ин пул ба ҳалокат расид,” - афзуд ин сокини деҳаи Канаб.

Аммо Нурулло Мирзоев дар 23 соли истиқлоли кишвар ягона раиси ноҳия аст, ки ба ин деҳаҳо сафар карда, ҳароси “мотосикли ҳавоӣ”-ро дар ҷони худ таҷруба кардааст. Чаҳор деҳа бо ҳудуди 5000 ҳазор аҳолӣ аз бузургтарин манотиқи аҳолинишин ноҳияи кӯҳистонии Ховалинг ба ҳисоб мераванд.

Пули нави 150-метрӣ дар ин минтақа, қарор аст, дар моҳҳои наздик ба истифода дода шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG