Пайвандҳои дастрасӣ

​Дар пайи ин таркиш ба камияш 16 нафар ба бемористонҳо интиқол ёфта, сокинон мегӯянд, ки аз садои баланд дару тирези хонаашон ларзид. Мақомоти Узбакистон гуфтаанд, ки сабабҳои ин таркишро таҳқиқ хоҳанд кард.

Таркиши мудҳиш дар лӯлаи газ дар наздикии вилояти Тошканди Узбакистон шоми 24 август рух дода, ба нақли сокинон садои баландаш дару тирезаи хонаҳояшонро ларзондааст. Ба қавли онҳо, дуди оташ аз дуриҳои дур намудор буд. Табибон ҳам гуфтаанд, ки дар пайи ин таркиш ба камияш 16 нафар ба онҳо муроҷиат кардаанд.

Иллатҳои таркиш дар лӯлаи газ дар наздикиҳои вилояти Тошканд шарҳ дода намешавад, аммо мақомот гуфтаанд, ки дар ин замина комиссияи таҳқиқотӣ ташкил шуда, ҳодисаро мавриди омӯзиш қарор додааст.

XS
SM
MD
LG