Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар "маҳаллаи Наташа" ҷони ду нафарро гирифт


Нуқтаи нави фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки бояд рӯзҳои наздик ба истифода дода мешуд

Нуқтаи нави фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки бояд рӯзҳои наздик ба истифода дода мешуд

Таркише, ки дар кӯчаи ба номи Аминҷон Шукӯҳии шаҳри Хуҷанд рух дод, ҷони ду нафарро рабуда, се тани дигарро бистарӣ кард.

Дар пайи таркише, ки зӯҳри 13 сентябр дар нуқтаи нави сӯзишвории “Фараҳ Ойл” дар шаҳри Хуҷанд рух дод, ду нафар ҳалок шуда, се тани дигар бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон интиқол ёфтаанд. Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд мегӯяд, то ин соат шахсияти яке аз фавтидагон, муайян шудааст ва ӯ Илҳом Бобоҷонов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Ба қавли Анварҷон Қосимов, муовини сардори раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд, шахсияти нафари дувуми фавтида, ки дар ин нуқтаи сӯзишворӣ ба ҳайси “мардикор” фаъолият доштааст, то ҳол дақиқ нашудааст. “То кунун барои гирифтани ҷасади ӯ касе муроҷиат накардааст. Аз ин рӯ, шахсияташ ҳам ҳанӯз маълум нест”,- афзуд ӯ.

Бино ба натиҷаи таҳқиқи пешакӣ, таркиш “аз беэҳтиётӣ”-и коргарон, ки дар таҳхонаи захираҳои сӯзишворӣ машғули кафшергарӣ (сварка) буданд, рух додааст. “Коргарон ба қоидаҳои бехатарӣ риоя накарда, дар таҳхона, ки анбори систернаву бушкаҳои бензин будааст, ба кафшер кардан сар кардаанд. Таҳхона ҳавогузар надошта ва бухори бензин ба таркиш сабаб шудааст. Хушбахтона, бар асари таркиш сӯхтор рух надод, вагарна эҳтимол чанд манзили наздикии нуқтаи сӯзишворӣ ҳам ба коми оташ мерафтанд,” - шарҳ дод Анварҷон Қосимов.

Муовини сардори раёсати ситоди ҳолатҳои фавқулода дар Суғд овозаҳо дар бораи зери шикастапораҳои таркиш мондани сокинонро рад карда, афзуд, бар асари таркиш систернаи бензин сӯрох шуда буд ва наҷотдиҳандагон баъди пурра рехтани он, ки эҳтимоли сӯхтор вуҷуд дошт, ҷои таркиш ва зери шикастапораҳоро дақиқан аз назар гузаронида, касеро наёфтаанд.

Маркази фурӯши бензину гази моеи “Фараҳ Ойл”, воқеъ дар кӯчаи Аминҷон Шукӯҳии Хуҷанд, маъруф ба “маҳаллаи Наташа”, навбунёд буда, ҳанӯз боз нашудааст. Субҳи 15 сентябр, вақте хабарнигори Озодӣ ба он ҷо рафт, касе аз масъулон ё ҳатто посбони онро пайдо накард.

Як бонуи доруфурӯш, ки дӯконаш дар паҳлуи ин марказ ҷойгир аст, гуфт, вақти таркиш дар коргоҳаш буд ва ҳодисаро чунин нақл кард: “Як овоз баромаду замин ҷунбид. Тарсида берун баромадам, ҳама аҳли кӯю маҳалла ҳам давида он ҷо омаданд ва гуфтанд, ки таркиш рух додааст. Аммо то ҷои таркиш нарафтем. Баъд оташнишонҳою коргарони ҳолатҳои фавқулода омада, мурдаҳою маҷрӯҳонро бардошта бурданд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG