Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар наздикии консулгарии Тоҷикистон дар Кундуз


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Субҳи якшанбе дар наздикии бинои консулгарии Тоҷикистон дар Кундуз таркиш рух додааст. Мақомҳои афғонӣ мегӯянд, дар пайи ин таркиш 2 тан, аз ҷумла як корманди досдитонии Кундуз ҷон бохтаанд.

Субҳи рӯзи якшанбе дар минтақаи Навободи Хоҷамашҳади вилояти Кундуз, дар минтақае, ки консулгарии Тоҷикистон воқеъст, як инфиҷор рух дод. Аҷмал Ориян, хабарнигори бахши дарии Радиои Озодӣ дар Кундуз аз қавли сухангӯи пулиси ин вилоят гуфт, инфиҷор аз бинои консулгарӣ дуртар буда, касе аз кормандони он осеб надидааст.

Аҷмал Ориян аз қавли сухангӯи пулиси вилоят гуфт, афроди номаълум дар мошини Қадир - яке аз кормандони додситонӣ минаи магнитиро гузошта будаанд, ки дар натиҷаи таркиш додситон Қадир ҷароҳат бардошта ва мошинаш хароб шудааст.

Ду тан аз раҳгузарон низ дар ин таркиш осеб дидаанд. Расидагӣ ба ин таркиш ва сабабҳои он идома дорад.

XS
SM
MD
LG