Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши махзан дар маҳаллаи "Километри 9" (2 ВИДЕО)


Маҳалли таркиши махзан дар гузари "Километри 9"
Маҳалли таркиши махзан дар гузари "Километри 9"

Аз таркиш махзан ё систерна дар гузари “Километри 9”-уми шаҳри Душанбе дасти кам се нафар осеб дидаенд, ки яке аз онҳо дар беморхона бистарист.

Дар гузари “Километри 9”-уми шаҳри Душанбе як махзан ё систерна ҳангоми озмоиш таркида, се нафарро захмӣ кард. Яке аз маҷӯҳон ҳоло дар бемористон бистарист. Зарбаи таркиш тирезаҳои 35 манзил ва ду мактабро дарҳам шикастааст. Бино бар гуфтаи шоҳидони воқеа, таркиш шаби 7-уми декабр тақрибан соати 22:15 дар заводи чӯб дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки дар ҷои он фурӯшгоҳи маводи сӯхт таъсис ёфта, соҳибони он хостаанд, бо пур кардани ҳаво устувории махзанро санҷанд.

Сайраҳмон Саъдуллоев, ноиби раиси маҳаллаи Гулистони ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба маҳалли таркиш наздик аст, сешанбеи 9-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони ин фурӯшгоҳ мехостанд, муайян кунанд, ки махзан сӯрохе надорад ва мешавад онро газ пур кард. Вай афзуд: “Ҳоли ҳозир кормандони завод талош доранд, ки зиёни расонидаашонро ҳам ба мактаб ва ҳам ба мардум баргардонанд.”

Дар ин таркиш аз ҳама бештар мактаби 34-и деҳаи Гулистон, ки дар фосилаи 300 метр аз ҷойи воқеа қарор дорад, осеб дидааст. Шишаҳои тиреза ва боми мактаби мазкур тахриб шудаанд. Чанд пораи калони махзан ба рӯйи бом ва ҳавлии мактаб афтодаанд.

Мирзораҷаб Мӯъминов, мудири мактаби 34-и деҳаи Гулистони Рӯдакӣ, ки бо кӯмаки мардуми маҳалли мактабро бозсозӣ мекарданд, гуфт ҳанӯз онҳо дақиқ нашудааст, ки зиёни ба мактаб расида чӣ қадар аст. Ҳоли ҳозир зиёни расида ҳисобу китоб шуда истодааст. Аммо ҷаноби Мӯъминов гуфт, 70 дарсади шишаҳои тирезаҳои ҳам синфхонаҳо ва ҳам толори варзишии мактаб хароб шудаанд: “Ҳамчунин ду пораи бузурги оҳанпораи систерна, ки ба боми бинои якум ва сеюми мактаб бархӯрдааст, болопӯшӣ бинои мактабро қисман хароб кардааст. Ҳоли ҳозир мо талош дорем, ки ҳарчи зуддтар таъмири мактабро ба анҷом расонида хонандагонро дубора ба таҳсил фаро гирем.”

Таркише, ки шаби 7-уми декабр ба вуқӯъ пайвастааст, монанд ба зилзила будааст. Бо ин далел сокинони ин маҳал бо шукргузорӣ мегӯянд, хушбахтона, ин ҳодиса ҳангоми пуриздиҳом будани маҳалли он сар назадааст. Он гоҳ мумкин аст, шумораи захмиён ба маротиб бештар мебуд.

Яке аз ҷабрдидаҳои ин таркиш мегӯяд то ҳоли ҳозир касе ба суроғашон наомада ва пешниҳоди кӯмак ё ҷуброн накардааст. Ҳамчунин ба муроҷиатҳои ӯ раиси ҷамоат, мақомоти интизомӣ ва масъулони завод посух надодаанд.

Мирзокарим Сироҷов, яке аз сокинони маҳаллаи Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ки хонааш бар асари таркиш осеб дидааст, мегӯяд 5 бор ба заводи мазкур рафт, то онҳо зарарашро ҷуброн кунанд, аммо ӯро ба дохил роҳ надодаанд. Мирзокарим се фарзанди хурсол дошта, ҳамсараш низ обистан аст. Ба нақли Мирзокарим, вазъи саломатии ҳамсараш пас аз ин таркиш бад шудааст:

“Ба кормандони милисаи минтақаамон муроҷиат кардам, ки омада зарари хонаи маро бинанд. Онро муайян кунанд. Гуфтанд, ки худат рафта, аксбардорӣ кун ва ба прокуратура бурда деҳ. Охир онҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқанд, чаро ин корро намекунанд? Ман як хонаи нимкола дорам. Соле пеш дар муҳоҷират будам ва онро таъмир карда будам, ки акунан деворҳояш кафиданд. Касе ба додамон намерасад.”

Фаридун Муҳиддинов, яке аз зарардидагони дигар дар ин таркиш мегӯяд, он шаб ӯву рафиқонаш бо ҳам нишаста буданд ва гумон доштанд, ки замин ларзидааст. Ба гуфтаи Фаридун, ҳамчунин садои таркиш хеле баланд буд ва ҳамаро тарсонд. Вай гуфт: “Рафиқонам билярд бозӣ мекардканд. Ман телевизор тамошо доштам. Дар ҳамин ҳолат замин сахт ҷунбид ва қандил бар сарам омада зад, ки биниям дарид. Хун аз биниям ҷорӣ шуд. Пагоҳаш худам рафта ба духтур муроҷиат кардам ва доруҳои лозимаро низ харидам.”

Зимни боздиди мо аз деҳаи мазкур хурду бузург дар бораи таркиш гап мезаданд. Онҳо мегуфтанд ними зиёди маҳалла сахт тарсидаанд. Аз тарси зиёд як ҷавондухтари деҳа лакнати забони пайдо кардааст, ки аз он шаб то ин ҷониб гап намезанад. Бинобар ин ӯро падару модараш ба назди кадом домулло барои дуохонӣ бурдаанд.

Гуфта мешавад заводи мазкур ба Тоҷиддин Пиров, раиси “Тоҷиксодиротбонк” тааллуқ дошта, онро ба як тоҷир бо номи Илҳом иҷора додааст.

Санҷиши қазияро додситонии ноҳияи Шоҳмансур анҷом медиҳад. Додситонӣ дари ҳама корхонаҳои ин маҳалларо мӯҳр задааст. Таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG