Пайвандҳои дастрасӣ

Коршинос: Дар Тоҷикистон давраи рукуди интернет сар шудааст


Коршиносон ба ин бовар ҳастанд, ки муқаррароти нави давлат ва татбиқи онҳо аз тарафи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ду соли охир, боиси кунд шудани рушди мухобирот дар кишвар шудааст.

Се миллиону 800 ҳазор дар миёни 3 миллиарду 200 миллион. Ин аст шумори аҳолии Тоҷикистон дар олами маҷозӣ интернет ва ё “тори анкабути ҷаҳонӣ”. Яъне ҳар севумин сокини Тоҷикистон тариқи хатти ноқил ва ё телефони мобил ба интернет дастрасӣ дорад.

Ширкатҳои хусусии интернетрасон 95 дарсади бозори мухобироти Тоҷикистонро дар ихтиёр доранд ва афзоиши чашмраси корбарони интернетро дар Тоҷикистон маҳсули заҳмати онҳо дониста мешавад. Мухобирот дар Тоҷикистон яке аз арсаҳои зудрушдкунанда шумурда мешуд ва ҳар сол на кам аз 15 дарсад густариш меёфтааст.

Аммо муқаррароти нави давлат дар ин ришта ва татбиқи онҳо аз тарафи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ду соли охир боиси кунд шудани рушди мухобирот ва ба гуфтаи бархе аз коршиносон, ҳатто “рукуди он” дар кишвар шудааст.

ҲАМ АКСИЗ ВА ҲАМ АФЗОИШИ НАРХ

Тоҷикистон дар ду соли охир барои арсаи мухобирот андози аксизӣ ҷорӣ кард, ки нахуст мизони он 3 дарсад буд ва ду моҳ қабл он то ба 5 дарсад боло бурда шуд. Ҳафтаи гузашта Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳамчунин аз иқдоми нави худ ҷиҳати 18 баробар боло бурдани ҳаққи истифодаи рақами телефони мобил ва рақамҳои махсуси дастрасӣ ба интернет хабар дод.

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, иқдомҳои ахири Хадамоти алоқа ба бозори мухобирот бетаъсир нестанд ва ин аст, ки бозори мухобирот ва ширкатҳои интернетрасон дар кишвар дигар он рушде, ки дар солҳои 2012 ва 2013 доштанд, надоранд. Атоев мегӯяд, рушди бозори мухобирот соли 2014 дар қиёс бо соли 2013 ба якборагӣ беш аз 10 баробар коҳиш ёфт.

Вай афзуд: “Соли гузашта бозори мухобироти Тоҷикистон рушди ҳамагӣ 1, 3 дарсадӣ дошт. Ҳол он, ки соли 2013 бозори мухобирот 15 дарсад ва соли пешинаш 2012 17 дарсад рушд карда буд.”

Ҷаноби Атоев афзуд, иқдомоти охири ҳукумат дар арсаи мухобирот таҳлилношуда аст ва бар зиёни рушди интернет ва умуман иқтисоди Тоҷикистон тамом мешаванд.

БАР ЗАРАРИ ҲАМАИ ТАРАФҲО

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки нахост, аз ӯ ном бурда шавад, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, боло бурдани нархи истифодаи рақамҳои мобиливу интернет ба хотири беҳтар кардани вазъи молиявӣ ва мавқеи ягона ширкати давлатии интернетрасон -- “Тоҷиктелеком” аст. Ҳоло ин ширкат ҳамагӣ 5 дарсади бозори мухобироти Тоҷикистонро дар даст дорад.

Аммо Атоев мегӯяд, тасмими охири Хадамоти алоқа ҳатто ба суди ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” низ нест: “Фарз кардем, агар иқдоми охир барои зиёд кардани даромади “Тоҷиктелеком” ҳам гирифта шуда бошад, дар асл барои худи он ҳам натиҷаи баръакс медиҳад. Чунки бо гарон шудани интернет, шумори муштариён коҳиш меёбад ва даромади ин ширкат ҳам кам мешавад. Баъдан чаро якбора маҳз 18 маротиба қимат шуд? Ин як муаммост ва ягон асоси мантиқии иқтисодӣ надорад.”

Атоев афзуд, аз ин рӯ онҳо ба унвонии ҳукумат ва хадамоти алоқаву зиддинҳисорӣ нома навишта, хостанд, сабаби гарон кардани нархи истифодаи рақамҳои мобилӣ ва интернет шарҳ дода шавад.

БАСТА ШУДАНИ СОМОНАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ

Боло бурдани мизони молиёту дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар арсаи мухобирот ва зуд−зуд баста шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва торнамоҳои маъруфи расонаҳои хабарӣ Тоҷикистонро дар сархатти расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ қарор медиҳад. Ин амалкардҳои давлат боис шуд, расонаҳои байналмилалӣ аз Тоҷикистон чун кишвари “душмани интернет” ном баранд, ки ба обрӯи давлат холе зам намекунад.

Аммо дар ҳамин ҳол, масъулони давлат дар сӯҳбатҳои хосса мегӯянд, муваққатан масдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав аст. Аммо Сӯҳроб Ниёзов, роҳбари маҷаллаи онлайнии “ТИК барои рушд“ мегӯяд, дар аксар маврид бастани шабкаҳои иҷтимоӣ натиҷаи баръакс медиҳад:

“Бо бастан шумораи корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ дар аксар маврид зиёд мешаваду кам не, чунки тавре мегӯянд, меваи мамнӯъ ширин аст. Масалан, вақте охирин бор аз барои як видео шуда, дастрасӣ ба Youtube−ро маҳдуд карданд, шумори тамошобинони ин навор 400 дарсад афзоиш ёфт.”

КАМ БУД, КАМТАР МЕШАВАД

Ҳарчанд сеяки аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ дорад, аммо дар офаридани контент ва ё мӯҳтавои торнамову блогҳо тоҷикон дар “олами маҷозӣ “ нақши камранг доранд. Дар ҳавзаи домени TJ, ки нишонии пазируфташудаи Тоҷикистон дар олами интернет аст, тибқи омори охир ҳамагӣ 7 ҳазор торнамо сабти ном шудааст, ки боз ҳам 40 дарсади онҳо ҳам фаъол нест.

Ин дар ҳолест, ки аз як сӯ ҳукумат ҳимояти худро аз рушди фанновариҳои нави иттилоотӣ эълом медорад ва бо ёрии молии Ғарб ва созмонҳои байнулмилалӣ барномаи таъсиси "ҳукумати электронӣ"-ро ҳамчун яке аз роҳҳои пешрафти кор ва муборриза бо фасод шарҳ медиҳад ва аз сӯи дигар бо ҷорӣ намудани муқаррароти нав пеши роҳи рушд ва озодии интернетро дар кишвар мебандад.

Тоҷикистон аз соли 1996 ба интернет дастрасӣ дорад ва аввалин торнамо дар ҳавзаи домени tj соли 2004 сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG