Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CASA-1000-тарҳи беҳамто бо арзиши $1 миллиард


Пажӯҳишгарони лоиҳаи CASA-1000 мегӯянд ин тарҳ беҳамто буда, аз бунёди он ҳар чор кишвар суд хоҳад буд.

Ин назар дар поёни арзёбии фанниву зистмуҳитии тарҳи CASA-1000, хати интиқоли нирӯи барқ аз Осиёи марказӣ ба Афғонистону Покистон баён шуд, ки аз суи пажуҳишгарони ширкати «Интегрейтед инвайрементс» анҷом шудааст.

Дар арзёбӣ ки рӯзи чоршанбеи 4-уми декабр дар Душанбе муаррфӣ карда шуд, гуфта мешавад, ҳарчанд дар Покистон бунёди якчанд неругоҳҳои обӣ-барқӣ ба нақша гирифта шудааст, вале бунёди онҳо муддати тулонӣ давом мекунад ва дар сурати бунёдашон ҳам ниёзҳои ин кишварро бароварда намесозад. Гуфта мешавад, нисфи аҳолии 141 миллион нафарии Покистон то ба ҳол хати барқ надоранд ва бо пайваст шудани онҳо ба хати барқ эҳтиёҷи ин кишвар барқ бароварда мешавад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00
Линки мустақим


Барои татбиқи тарҳи хатти барқи CASA-1000, ки интиқоли барқи Қирғизистону Тоҷикистонро дар фасли тобистон ба Афғонистону Покистон дар назар дорад, тақрибан 1 миллиард доллар зарур аст. Агар ин хат дар байни чаҳор кишвар кашида шавад, солона метавонад то 1300 мегават барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон ва Афғонистон интиқол диҳад.

Рашид Гулов.
Рашид Гулов.
Рашид Гулов, як масъули Маркази тадбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика дар як суҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт кашидани хатти барқ аз сарҳади Қирғизистон ҳудуди Тоҷикистон то Афғонистон 250 миллион долларро талаб мекунад: «аз ин 250 миллион доллар мо барои 200 миллион доллари он сармоягузор пайдло кардем. Ин сармоягузорон Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Исломии рушд ва дигар фондҳои сармоягузории кишварҳои араб ҳастанд. Мо бояд барои 50 миллион доллари дигар сармоягузор пайдо кунем».

Ҷаноби Гулов ҳамчунин афзуд, ки дар мавриди 50 миллион доллари боқимонда низ гуфтушунидҳо бо созмону кишварҳои сармоягузор идома дорад ва эҳтимол меравад тақдири ин маблағ ҳам то охирҳои моҳи декабр ҳал шавад.

Ахиран дар сомонаи тарҳи CASA-1000 иттилоъ пахш шуда буд, ки кишварҳои шомили ин тарҳ-Покистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон аз сармоягузорони Бонки аврупоии бозсохту рушд ва аз Бонки исломии рушд барои татбиқи ин барнома маблағ дарёфт мекунанд. Дар миёнаҳои моҳи сентябр дар Покистон нишасти Шӯрои байнидавлатии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ баргузор шуд, ки дар он тарҳи тиҷоратии интиқоли барқ, маъруф ба CASA-1000, баррасӣ гардид. Чаҳор иштирокдори аслии ин тарҳ - Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон - бо имзои эъломияи cохтори тарҳ ва усулҳои калидии он, пуштибонии комили худро барои рушди аз ин барнома густарда дар соли 2014 баён намуданд. Ин эъломия дар сатҳи вазирони энержӣ имзо шудабуд.

Дар баробари арзёбии фаннии тарҳи CASA-1000 арзиёбии зистмуҳитии минтақавии он низ аз ҷониби пажуҳишгарон гузаронида шуда аст ва он низ дар ин нишаст муаррифӣ шуд. Ба гуфтаи пажуҳишгарон ин тарҳ барои муҳити зист қариб комилан безарару бехтар аст. Аммо масири ин хат аз манотиқи аҳолинишин ва мазореъи кишварзии Тоҷикистон убур мекардааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ ҳангоми масири ин хат ҳамчунин аз ҳавлӣ ва ё ҳудуди хонаи 114 оила да минтақаҳои шимолу ҷануби Тоҷикистон убур мекунад.

Малика Бобоҷонова, экологи тоҷик, ки арзёбии зистмуҳитти тарҳи CASA-1000 муаррифӣ мекард дар робита ба таъсири ин хат ба ҷойгиршавии манозили сокинони Тоҷикистон гуфт: «ҳоло ҳаминро аниқ гуфта метавонем, ки бунёди ин тарҳ ба манзил ва ё дигар иншооти ҳамин миқдор аҳолӣ таъсир мерасонад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳамаи ин оилаҳо ба ҷои дигар кучонида мешаванд. Вале ҳоло масири антиқи ин хати барқ аниқ нашудааст. Ҳамин ки масири аниқи хати барқ муайн шуд пасон метаовн гуфт, ки дар куҷо чӣ миқдор одамон кучонида мешаванд».

Ҳарчанд масири хати CASA-1000 то ба ҳол пурра дақиқ нест, вале гуфта мешавад, ҳар иншооте, ки дар масири бунёди ин хат меафтаду он вайрон мешавад хисороти он аз ҳисоби маблағҳои ин тарҳ ба соҳибмулкон ҷуброн карда мешавад.

Интизор меравад, ки CASA-1000 тиҷорати барқро дар байни чаҳор кишвар дар заминаи қарордодҳои дарозмуддат таъмин кунад Гуфта мешавад, ки сармояи 1 миллиард доллар шароитро барои тиҷорати энержӣ мусоид карда, ду кишвари мӯҳтоҷи барқро аз ниёзмандӣ берун ва буҷаи ду кишвари Осиёи Марказиро ғанӣ месозад.
XS
SM
MD
LG