Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносон: "Субот зоҳирист ва пешрафт хурду нисбӣ"


Tajikistan -- Emomali Rahmon president of Tajikistan, Dushanbe, 15Jan2013

Tajikistan -- Emomali Rahmon president of Tajikistan, Dushanbe, 15Jan2013

Баҳои мусбати ширкаткунандагони ҷаласаи васеи ҳукумат ба вазъи кишвар вокунишҳои гуногуни коршиносонро ба бор овардааст.

Дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми январ ҷараён гирифт, ба дастовардҳои кишвар дар соли 2012 баҳои мусбат дода шуд. Аз ҷумла зикр гашт, ки иқтисодиёти Тоҷикистон бо вуҷуди таъсири бӯҳрони ҷаҳонӣ суботи худро ҳифз карда, дар ҳоли рушд аст ва барномаҳои стратегии кишвар дар самти таъмини истиқлолияти энержӣ, амнияти ғизоӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ зина ба зина иҷро мешаванд.Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ таъкид кард.

Бино бар оморе, ки аз минбари ин ҳамоиш садо дод, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли гузашта 7,5 дарсад зиёд шуда, сатҳи таваррум 6,4 дарсадро ташкил додааст. Тарҳи даромад ба буҷа 101,4 дарсад иҷро шуда, ба он 10 миллиард сомонӣ ворид шудааст, ки назар ба нақша 140 миллион сомонӣ зиёдтар аст.

Дар гузориши вазирони ҳукумат ва сарони вилояту навоҳии кишвар низ зикр гардид, ки субот ва пешрафт дар ҳамаи риштаҳои ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Зоҳиран, аъзои ҳукумат аз шеваи кор ва дастовардҳои худ қаноатманд буданд, ҳарчанд раисиҷумҳур ба бархе аз норасоиҳо ишора намуд.

Аммо то куҷо ин гузоришҳои мансабдорони аршади ҳукумат дар ҷомеа ҳамовозӣ меёбанд ва назари коршиносон ба паёмҳои ҷаласаи васеи ҳукумат чист? Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо ин натиҷагириҳоро тасдиқ мекунанд, вале бархи дигар бар инанд, ки пешрафтҳо, агар сурат гирифта бошанд ҳам, ҳанӯз натавонистаанд, вазъи куллиро тағйир диҳанд.Ваҳҳоб Воҳидов, вазири пешини кишоварзии Тоҷикистон, бар ин аст, ки дар қиёс бо чанд сол пеш вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар воқеан беҳбуд ёфтааст. Ба гуфтаи вай, ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар кишвар 9 дарсад ва маҳсулоти кишоварзӣ 9-у ним дарсад зиёд шудааст ва ин рушди иқтисодии Тоҷикистонро нишон медиҳад.Ҷаноби Воҳидов афзуд, «ҳатто ин ҷо метавон зиёд шудани сармоягузории хориҷиро ҳам қайд кард. Аз ҷумла беш аз 2 миллион доллар барои даҳҳо лоиҳа ба хотири зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ ва сохтмонӣҷудо шудааст ва ин барномаҳо дар ҳоли иҷроянд.»

Таҳлилгарони дигар ба омори эълоншуда бо шубҳа менигаранд. Аз ҷумла, Давлат Усмон мегӯяд, ин омор бозгӯкунандаи воқеияти аслии иқтисоди Тоҷикистон нест: «масалан сатҳи таварруме, ки гуфта мешавад, 6,4 дарсадро ташкил дод, ба воқеият дуруст намеояд. Зеро нархҳо зуд-зуд боло мераванд ва маошҳо дар муқобили таваррум хеле кам зиёд мешаванд. Ин боиси он мешавад, ки сатҳи зиндагӣ пойин меравад. Дар мавриди нишондоди ҷалби сармоя, метавонам бигӯям, ки воқеан дар бахши сохтмон чунин нишонаҳо вуҷуд дорад. Аммо дар тавлидоту истеҳсолот мутаассифона, ворид шудани сармоя мисли пештара хеле кунд аст.»

Коршиноси дигар, Констанин Бондаренко , раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон, мегӯяд, дар маҷмӯъ суботи макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад, аммо манбаҳои асосии рушди иқтисоди Тоҷикистон осебпазиранд, зеро низоми андоз ва ҳуқуқи иқтисодӣ рушд наёфтаанд Бино бар ин, ба гуфтаи вай, дар сурати бӯҳрони молии иқтисодӣ ва бозгашти оммавии муҳоҷирон ба кишвар, пайомади он барои Тоҷикистон номатлуб хоҳад буд: «ман аслан чандон хушбин нестам, ки дар соҳаи тавлидот вазъ беҳтар шуда бошад. Рушди аслии иқтисодӣ асосан ба бахшҳои савдо ва хидматрасонӣ рост меоянд. Яъне ин раванд нишон медиҳад, ки рушди мазкур на тавассути манбаъҳои дохилӣ, балки бо пули муҳоҷирон сурат мегирад. Ҳамзмон кодекси нави андоз, ки қабул шуд натавонист интизороти соҳибкоронро бароварда созад чун шарту шароити дар ин замина беҳтар карда нашуд."

Ҷаноби Бондаренко меафзояд, ба ин сабаб сармоягузорон ба кишварҳои дигар бартарӣ медиҳанд. Гуфтугӯҳо аз беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва рушди иқтисодӣ дар ҳоле садо медиҳанд, ки ҳафтаи гузашта ширкати бритониёии Maplecroft сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, махсусан дар соҳаи истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминии онро "хатарзо" унвон кард ва Сандуқи байнулмилали пул гуфт, саҳми иқтисоди пасипардагӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон бештар аз 30 дарсадро ташкил медиҳад, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин нишондод ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG