Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бисёре аз сокинон ва коршиносон дар Тоҷикистон ба ин назаранд, ки шоҳаи қонунгузори давлат, яъне парлумон рисолати азалии худро тақрибаи аз даст додааст ва наметавонад аз хати кашидаи ҳукумат берун равад.

“Пештар мардум ба депутатҳо наказ менавиштанд ва онҳо каму беш наказҳоро иҷро мекарданд. Лекин ин депутатои ҳозира наказ иҷро намекунанд, инҳо сиёсати Ҷаноби Олиро ба мардум мефаҳмонанд.”

Бобои Саид, ки дар дохили тролейбуси рақами №1-и пойтахт набераашро мактаб мебурд, кори парлумонро дар Тоҷикистон ингуна шарҳ дод. Бобои Саид ба ин бовар аст, ки дар Тоҷикистон ҳама мушкилотро танҳо як нафар ва он ҳам раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳал мекунад. Танҳо Бобои Саид нест, ки дар мавриди кори парлумон ингуна назар дорад. Даҳҳо нафар аз ҳамсӯҳбатони сарироҳии мо низ ба ин боваранд, ки “калиди ҳалли мушкилоти сокинони Тоҷикистон танҳо дар дасти раисҷумҳур аст”.

Коршиносон мегӯянд, иллати аслии зери сояи президент ва умуман ҳукумати иҷроия мондани парлумон дар беташаббусии худи намояндагонаш аст. Зеро ба таъкиди онҳо, аксарияти кулли вакилони парлумон аъзои ҳизби ҳокими xалқӣ-демократӣ ҳастанд ва онҳо ҷуз аз пахш кардани тугмачаи “ҳа” ҳангоми раъйдиҳӣ дар ҷаласаҳои маҷлис, нақши бештаре дар сиёсати кишвар надоранд.

Дилшод Муллоев, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва талилгари тоҷик дар ин робита дар сӯҳбат ба Радиои “Озодӣ” гуфт: “Бубинед, ҳоло аксарияти кулли лоиҳаҳои қонун дар Тоҷикистон аз сӯи ҳокимияти иҷроия таҳия ва ба парлумон фиристода мешавад. Мешавад гуфт, ки ҳокимияти иҷроияи ҳам масъулияти худаш ва ҳам масъалияти парлумонро иҷро мекунад. Ҳол он, ки бояд бештар вакилони парлумон ташаббуси таҳияи қонунҳоро нишон диҳанд. Ҳамин камташаббусӣ ва камфаъолии вакилон нақши парлумонро дар Тоҷикистон камранг кардааст.”

Ба таъкиди Муллоев, аксарияти вакилон, ки бо мусоидати ҳокимияти иҷроия соҳиби курсии вакилӣ шудаанд ва шояд аз ин рӯ маъанаван худро дар назди ҳокимият қарздор ҳисоб карда, худро аз мардум вобаста эҳсос намекунад. Ин дар ҳолест, ки парлумон дар ҳамаи давлатҳои демократӣ аз рӯи иҷрои қонунҳои худ дар ҳукумати иҷроияи назорат мебарад ва президент бе иҷозаи парлумон наметавонад як тангаро ҳам аз будҷа берун бубарад.

Ҳамсӯҳбатҳои мо мегӯянд, ки шоҳаи қонунгузори давлат яъне парлумон, рисолати азалии худро тақрибаи аз даст додааст ва наметавонад аз хати кашидаи ҳукумат берун равад. Бо ин ҳол ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дубора ба интихоботи навбатии порлумонӣ, ки дар оғозӣ соли нав доир мегардад омодагӣ мебинанд.

Усмон Солеҳ, роҳбари бахши таҳлилӣ ва иттилоотии ҳизби ҳокими халқӣ -демократӣ мегӯяд, онҳо номзадҳои эҳтимолиро барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ омӯхта истодаанд: “Шӯъбаҳои ҳизби мо дар минтақаҳо рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ ба интихоботи парлумолнро таҳия карад истодаанд. Аммо рӯйхати қатъии номзадҳои мо дар анҷумани ҳизб 16 уми декабр тасдиқ карад мешавад.”

Аммо ба фарқ аз ҳизби xалқӣ-демократӣ, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳизби сотсиалистӣ номзадҳои худро барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2015 мушаххас намудаанд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои сиёсии худ, феҳристи 20 нафарии номзадҳои худро дар ҳавзаҳои якмандата дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015, муайян кардааст. Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон низ номзадии 12 нафарро аз рӯи ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ва чор нафарро аз ҳисоби ҳавзаҳои якмандатӣ пешниҳод кардааст.

Зимнан, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз ҳоло омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагон шурӯъ шудааст. Абдураҳмон Додоев, сардори дастгоҳи КМИР рӯзи 20 октябри ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин нахустин интихобот аст, ки номзадҳои ҳавзаҳои якмандата ва аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ 4 ҳазор сомонӣ гарафпулӣ месупоранд: “Ҳоло тибқи муқарраротии нави қонуни интихобот номзадҳо 4 ҳазор сомонӣ гаравпулӣ месупоранд. Дар гузашта номзадҳо 8 ҳазор сомонӣ пардохт мекарданд.”

Ба гуфтаи ин мақоми Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ин иқдом пас аз пешиниҳоду баррасии аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои байналмиаллалии масоили интихобот, гирифта шудааст.

Парлумони дупалатагии Тоҷикистон аз Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ иборат аст, ки вакилони палатаи поёнии он аз сӯи мардум интихобот карда мешаванд. Дар палатаи поёнии парлумон Маҷлиси намояндагон, ки аз 63 вакил иборат аст, аксарияти онро вакилони ҳизби ҳокими Халқӣ демократӣ ташкил медиҳан. Бақия вакилон ду нафарӣ аз чор ҳизб -- ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби коммунист, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG