Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иқтисодшинос: Рубл ва сомониро ноустувориҳо дар пеш аст


Баста шудани саррофиҳои хусусӣ дар Тоҷикистон

Баста шудани саррофиҳои хусусӣ дар Тоҷикистон

Дар ҳоле, ки дар саррофиҳои Тоҷикистон қурби доллари амрикоӣ дар ҳоли афзудан асту рӯзи 6 август ба 6,66− 6,70 сомонӣ мерасид, Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии ин арзро бетағйир дар ҳудуди 6,26 сомонӣ боқӣ гузошт.

Дар саррофиҳои Тоҷикистон мегӯянд, онҳо мутобиқ ба талаботи бозор амал мекунанд. Айни замон, дар таблоҳои саррофхонаҳо арзиши расмии доллари амрикоӣ 6,52-6,54 сомонӣ навишта шуда буд. Айни замон, дар давоми як ҳафтаи охир қурби 10 рубли русӣ аз 1 сомониву 12 дирам то ба 1 сомониву 05 дирам поин омад.

Дар ҳоле, ки бархе аз пайдо шудани бозори сиёҳи мувозӣ бо бозори расмии доллар изҳори нигаронӣ мекунанд, коршиносони иқтисодӣ мегӯянд, Бонки миллӣ ҳамчун танзимгари иқтисодӣ бо якбора бастани кори саррофиҳои хусусӣ ба иштибоҳ роҳ дод, ҳарчанд худи ин ниҳод ҳам имконияти маҳдуди таъсиррасонӣ ба иқтисодро дорад.

Нозим Ишонқулов

Нозим Ишонқулов

Иқтисодшиноси муқими Амрико Нозим Ишонқулов дар як мусоҳибааш бо радиои Озодӣ болоравии якбораи қурби доллари амрикоиро дар бозори Тоҷикистон чунин шарҳ дод:

“Болоравии якбораи қурби доллар дар бозор бо поинравии қурби рубли русӣ дар нисбати пули амрикоӣ иртибот мегирад. Қимати нафт дар ҷаҳон ҳамоно коҳиш меёбад ва ин чиз дар қурби рубл нақши манфӣ мебозад. Дар навбати худ, баъзе бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, ки дар баробари бозори дохилӣ ҳамчунин асъори хориҷиро аз Биржаи Маскав харидорӣ мекунанд, бо рубли русӣ муомила мекунанд. Аз ҳамин хотир, ҳама гуна пастравии қурби рубл арзиши асъори хориҷиро боло мебарад”, гуфт иқтисодшинос.

Вай мегӯяд, бо назардошти ин вазъ, аз сӯе интиқод аз кори раҳбарияти собиқи Бонки миллӣ дар иртибот бо сиёсати иштибоҳии танзими кори саррофхонаҳои хусусӣ қобили қабул аст. Айни замон, нақши Бонки миллиро аз буда баландтар набояд нишон дод, мегӯяд ин таҳлилгари иқтисодӣ: “Манъи якбораи кори саррофхонаҳои хусусӣ як иштибоҳи ҷиддӣ буд. Фаъолияти саррофиҳоро “табарвор” манъ карданду якбора рейдҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳам шурӯъ шуд. вале бо вуҷуди иштибоҳи танзимгари иқтисодӣ (Бонки миллӣ), ин ниҳодро гунаҳгор баровардан комилан нодуруст буд. Бонки миллӣ тавони маҳдуди таъсиррасонӣ ба иқтисодро дорад. Пеш аз ҳама ба хотири ин ки низоми молии кишвар хеле заъиф пеш меравад, ва аз сӯи дигар, гуноҳ дар сиёсати ғайримуассири иқтисодии ҳукумат аст. Танзимгар ба ҷуз қабули пайомади қарорҳои хато роҳи дигар надорад”, гуфт Нозим Ишонқулов.

Аз ҳамин хотир, дурнамои мавқеи пули миллӣ – сомонӣ ҳам дар Тоҷикистон устувор нест, мегӯяд иқтисодшинос. “Бонки миллӣ танҳо ду роҳ дорад, ки сиёсати танзими қурби асъорро комилан озод созад ва ё баръакс, як назорати шадидро аз болои он ҷорӣ кунад. Дар ин сурат, Бонки миллӣ қурби собити пули миллиро таъмин хоҳад кард, вале мисле, ки дар Ӯзбакистон мушоҳида мешавад, камбуд ё дефитсити асъор ба миён меояд”, гуфт Нозим Ишонқулов, иқтисодшиноси тоҷик.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG