Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо фарорасии шом ва оромиши мардум дар манзилҳо, зиндагии дигаре дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе оғоз мешавад. Занону духтарони коргар осемасар ба хонаҳояшон мешитобанд, то домани зиндагии шабонаи шаҳр ба домани онҳо напечад.

Бо фарорасии шом ва оромиши мардум дар манзилҳо зиндагии дигаре дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе оғоз мешавад. Занону духтарони коргар осемасар ба хонаҳояшон мешитобанд, то домани зиндагии шабонаи шаҳр ба домани онҳо напечад. Баъди соатҳои 7 бегоҳ пайдо кардани нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт чандон осон нест ва занҳо ҳам маҷбур мешаванд қад-қади роҳ барои худ маршрутка ва ё таксӣ кобанд, то онҳоро беосеб ба манзил расонад.

Ҳангоми ҳаракат дар ҷодаи мошингузар аксари занҳо худро дар зери «зарраббин» эҳсос мекунанд. Нигоҳҳои ҳарисонаи баъзе мардони мошинсавор, ки дар чеҳраи ҳар зани канори роҳ манбаи дилхушии худро меҷӯянд, духтаронро ба ҳарос меорад. Ронанадаи мошине, ки занро шабона дар канори ҷода мебинад, шубҳае надоранд, ки ин зан пешниҳоди ҳамхобагӣ бо ӯро рад кунад. Бинобар ин бисёре аз онҳо вақте дар назди занҳои канори роҳ манъ мешаванд, гапро зиёд намекунанд ва нарх мепурсад. Як таҷрибаи хабарнигори радиои Озодӣ Ганҷинаи Ганҷ собит кард, ки бо фарҷоми рӯз, аксари занҳо дар канори роҳ «зери заррабин» қарор мегиранд. Ганҷина, ки як соат дар канори роҳ барои худ мусофирбар мекофт, мегӯяд, ки дар ин муддат дар хиёбони сермошини маҳаллаи Гулистони Душанбе ҳудудан 20 мошини сабукрав ба ӯ пешниҳоди ҳамхобагӣ кардаанд.

Аксари онҳо ҳатто баъди рад шудани пешниҳоди нишастан ба мошин бовар накарданд, ки ин зан «аз он тоифае нест, ки онҳо фикр мекунанд». Ҷавоби "на"-и хабарнигор аксари онҳоро ба хашм меовард ва норозигии худро бо алфози қабеҳ баён баён мекарданд. Аксари занҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, новобаста аз он ки оиладоранд ё муҷаррад, дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ зиёд бо нигоҳҳои ҳавасомез ва пешниҳодҳои равобити шаҳвонӣ рӯбарӯ мешаванд.

Чунин мушоҳидаҳо на танҳо хоси занони тоҷик, балки меҳмонони хориҷӣ ҳам будааст. Гузориши Бюрои амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА аз соли 2015 ба занҳои ғарбӣ машварат намедиҳад, ки шомгоҳон ва ё нимашаб дар хиёбонҳои Тоҷикистон батанҳоӣ гаштугузор кунанд. Ин гузориш менависад, ки занҳои ғарбӣ, бахусус онҳое, ки шабонгоҳ танҳо ҳаракат мекунанд, аз азият ва ҳатто кӯшиши озори ҷинсии мардони тоҷик борҳо шикоят кардаанд.

Зиндагии пуршӯри дигарро хабарнигорони радиои Озодӣ шомгоҳон дар нуқтаи таҷаммӯи занони сабукпо ҳам мушоҳида кардаанд. Кӯшиши хабарнигори Озодӣ барои «роҳ ёфтан» ба ҳалқаи иборат аз 6 зани танфурӯш натиҷа надод. Худи ин занҳо бо далели ин ки «ин нуқтаи кори онҳост», «рақиби» навро аз маҳалли кори худ берун карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG