Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҳамдеҳаи Комилҷон Эсанов, сокини 48-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар маркази муҳоҷирати Маскав даргузашт, мегӯяд, ҳамватанон дар фикри интиқоли ҷасади ӯ ба Тоҷикистон ҳастанд.

Дилшод Ашӯров, як ҳамдеҳаи Комилҷон Эсанов, сокини 48-солаи шаҳри Панҷакент, ки шаби 6 апрел дар маркази муҳоҷирати “Сахарово” даргузаштааст, гуфт, дар фикри ҷамъоварии маблағ ба хотири интиқоли ҷасади ӯ ба Тоҷикистонанд. Ашӯров афзуд, тибқи пешниҳоди аввалия, ки дар сардхона (морг)-и пажӯҳишгоҳи тиббии ба номи Боткини Маскав, маҳалли нигаҳдории ҷасади Комилҷон Эсанов, карда шудааст, танҳо барои ҳаққи хизмати мурдахона 20 ҳазору 800 рубл зарур аст.

Ба гуфтаи ӯ, як ширкати назди мурдахона гуфтааст, барои интиқоли ҷасад то Тоҷикистон 73 ҳазор рубл зарур мешавад. "Ҳанӯз ба қарори ниҳоӣ наомадаем ва барои интиқоли ҷасади ҳамватан бояд ҳамроҳ бо дигар

Ин акси Комилҷон Эсанов барои патенти кор гирифта шудааст

Ин акси Комилҷон Эсанов барои патенти кор гирифта шудааст

муҳоҷирону ҳамдеҳагон пул ҷамъ кунем,"-афзуд Диловар Ашӯров.

Комилҷон Эсанови 48-сола шаби якшанбе ба душанбе ногаҳон дар маркази муҳоҷирати “Сахарово” даргузашт. Ӯ баъд аз чанд соати интизорӣ дар навбати супурдани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патенти кор дар дохили ин марказ ҷон дод. Ҳанӯз сабаби марги ӯ мушаххас нашудааст. Хабари марги ӯро ба мақомоти намояндагии вазорати кор ва меҳнати Тоҷикистон дар Маскав раҳбари ин маркази муҳоҷират Николай Федосеев телефонӣ соати 1-и шаби 6 апрел хабар додааст.

Саид Боев, корманди масъули ин намояндагӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, интиқоди ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба ватан кори серхарҷ аст. Вале тибқи қонунгузории Тоҷикистон, дар сурате ки шаҳрванд танҳову бекас дар ғарибӣ даргузашта, ҳеҷ нафаре хароҷоти ӯро ба гардан намегирад, имкони интиқоли ройгони ҷасад бо ҳавопаймои ширкатҳои “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” вуҷуд дорад.

  • Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон, ҳоло мо барояшон кумак мекунем, аз хизматрасонии ширкатҳои ҳавоӣ бепул истифода шавад. Ҷасади ҳамватани мо Комилҷон Эсанов фардо шом бо хатсайри Маскав-Душанбеи ширкати “Тоҷик Эйр” бепул бурда мешавад. Танҳо хароҷоте, ки мемонад, ин додани ҳаққи ширкати интиқолдиҳандаи тобут аз мурдахона ба фурудгоҳ, таҳияи санадҳо ва аз назари гумрук гузаронидани он, инчунин омода кардани тобути фулӯзин аст, ки барои ҷо кардан дар ҳавопаймо тақозо мешавад,-гуфт Саид Боев.

Нархи хадамоти таҳияву интиқоли ҷасад аз мурдахона то фурудгоҳ ва танзими шароити интиқоли ҷасад ва тамоми ҳуҷҷатҳо дар ширкатҳои махсус аз 50 ҳазор рубл шурӯъ мешавад. Ба гуфтаи Боев, намояндагии вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав бо ширкати маҳаллии “Эдем-сервис” созише дорад, ки бар асоси он, ин хадамот ду-се баробар камтар анҷом мешавад. Дар ҳолати пеш омадани фоҷиае, онҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон машварат медиҳанд, аз хадамоти ширкатҳои тиҷоратии ғайр ба хотири гаронии нархҳояшон истифода накунанд. Саид Боев гуфт, ҳоло бо наздикони Комилҷон Эсанов дар машварат ҳастанд, то дар интиқоли ҷасад ба фурудгоҳ аз назари пулӣ азият накашанд.

Комилҷон Эсанов, сокини деҳкадаи Суҷина дар ноҳияи Панҷакент, падари 4 фарзанд – се писар ва як духтар буд. Дар Тоҷикистон бо корҳои деҳқонӣ машғул буд. Ӯ дар вилояти Маскав дар як бригадаи ҳамватанон барои як ширкати сохтмонӣ кор мекард ва собиқаи 5-6-солаи муҳоҷирати корӣ дар Русияро дошт. Соли ҷорӣ писари калониаш Суннатулло аз хизмати артиш баргашт. Ин навбат ба Русия ӯ 25 январ ҳамроҳ бо писари 18-солааш Мурод, хатмкардаи мактаби миёнаи деҳа омада буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG