Пайвандҳои дастрасӣ

Соли нави 2015 барои Тоҷикистон чӣ соле хоҳад буд? Кадом мушкилот кишварро дар пешанд ва ҳукумати Тоҷикистон барои расидагӣ ба онҳо чӣ омодагӣ дорад?

Табрикҳои солинавӣ одатан саршори орзуҳои нек, умеди хушбахтӣ ва шодкомиянд. Аммо, бе ягон шубҳа, 2015 барои Тоҷикистон як соли сахту сангин хоҳад буд. Ин нуктаро на танҳо коршиносон, балки сокинони одии кишвар низ пешбинӣ мекунанд, зеро чанд омили муҳиму сарнавиштсоз дар соли 2015 бо ҳам тасодуф хоҳанд кард. Инҳо:

  • Бӯҳрони молӣ ва иқтисодӣ дар Русия
  • Бозгашти бахши зиёди муҳоҷирони тоҷик ба ватан
  • Бурунрафти нерӯҳои НАТО аз Афғонистон
  • Эҳтимоли узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Авруосиё
  • Шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ дар минтақа

Коҳиши қурби рубле, ки муҳоҷирони тоҷик бо машаққат ва зери хатарҳои зиёд дар Русия ба даст меоранд, аллакай ба буҷаи хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистон зарба задааст. Шумораи ҳарчӣ бештари онҳо ба натиҷае мерасад, ки айни он маблағро мешавад дар ватан низ пайдо кард. Монеаҳои наве мисли «патент», имтиҳони забони русӣ, таърих ва қонунҳои Русия, шиносномаи хориҷӣ теъдоди зиёде аз муҳоҷиронро ба кори «ғайриқонунӣ» тела медиҳанд ва ронда шудани онҳо «рӯйхатти сиёҳ»-и бе ин ҳам дарози ихроҷшудагонро густариш хоҳад дод.

Мақомоти Русия эътироф мекунанд, ки соли 2015 дар ин кишвар «як тӯфон»-и иқтисодӣ ба вуқӯъ хоҳад пайваст ва буҷаи Русияро суқут хоҳад дод. Ин на танҳо ба маънои кам шудани шуғл дар Русия аст, балки ҳамчунин ба маънои то охирин ҳад коҳиш ёфтани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Русия бо Тоҷикистон.

Усмон Солеҳ

Усмон Солеҳ

Мақомоти Тоҷикистон хатари бӯҳрони Русияро дарк мекунанд ва 29-уми декабр раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати худ дастур дод, барномаи зиддибӯҳронии давлатро омода кунад. Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби халқии демократӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҷалби сармояҳои хориҷиро барои эҷоди шуғл дар кишвар муҳим хонд.

Аммо раҳбари созмони ғайридавлатии "Индем" дар Душанбе, Саймиддин Дӯстов бар ин аст, ки блоки иқтисодии ҳукумат ба таҳияи барномаи қавӣ ва фарогири зиддибӯҳронӣ қодир нест ва коршиноси мустақил Марат Мамадшоев мегӯяд, ҳатто агар беҳтарин барнома сохта шавад ҳам, ҳукумат тавонмандии иҷрои онро надорад ва он мисли барномаҳои дигари давлат дар рӯйи коғаз боқӣ хоҳад монд.

Баҳои Усмон Солеҳ ва Саймиддин Дӯстов ба кори ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2014-ро инҷо тамошо кунед:

Ибораи «барномаи зиддибӯҳронӣ» аз соли 2008 ба ин сӯ дар долонҳои ҳукумати Тоҷикистон давр мезанад ва бо вуҷуди танқидҳои сахти матбуот аз вазирони «блоки иқтисодӣ», ки ҳатто хостори истеъфои онҳо шуда буд, касе ҷузъиёти онро надида ва нашунидааст. Ба ақидаи таҳлилгари умури сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов, ҳукумати Тоҷикистон бо роҳи озмудашудае пеш меравад ва асли барномааш аз таҳкими субот бо ҳифзи системаи мавҷудаи ҷамъиятӣ-иқтисодӣ иборат аст. То ҳоло ин барнома кор додааст, вале оё он дар шароити анбоштагии мушкилоти зиёди соли 2015 низ он мадад хоҳад кард?

Посухи аксари ҳамсӯҳбатони мо ба ин пурсиш манфист. Ақидаи онҳо андарзи беохир ба лаби об солим нарасидани кӯзаро ба ёд меорад. «Барномаи зиддибӯҳронӣ» набояд аз чораҳои одатии «иҷрои нишондодҳои Буҷети давлатӣ, истифодаи босамару ҳадафманди маблағҳои буҷетӣ ва коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна» иборат бошад. Саймиддин Дӯстов ҳамоно барканории фаврии ҳамаи раҳбарони «блоки иқтисодӣ», қатъи «гурӯҳбозӣ, маҳалгароӣ ва авлодбозӣ»--ро муҳим медонад.

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов роҳро дар «гуногунсозӣ ё диверсификатсияи иқтисодӣ, канор рафтан аз иқтисоди маводи хом ва иқтисоди «пули муҳоҷирон» бо роҳи сохтани ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои заҳматталаб, то камтарин ҳадди мумкин коҳиш додани коррупсия барои беҳбуди иқлими сармоягузорӣ, ислоҳоти низоми идорӣ ва таъмини дастрасии баробари намояндагони ҳамаи минтақаҳо ба захираҳои маъмурӣ ва иқтисодӣ, барҳам додани минтақагароӣ ва маҳалгароӣ» мебинад.

Аммо ҳарду коршинос бар ин ақидаанд, ки дар ҳайати ҳукумат «дастаи ислоҳотхоҳе», ки дар тасмимҳои худ ба доираи васеи коршиносон, журналистон, шореҳон ва фаъолони ҷомеаи маданӣ такия кунад, вуҷуд надорад. Шояд дар ин замина аз интихоботи порлумонии Тоҷикистон истифода шавад, ки аввали моҳи марти соли 2015 баргузор хоҳад гашт? Марат Мамадшоев, мегӯяд, эҳтимоли «сюрпризҳо»-ро дар ин маърака набояд нодида гирифт: «Мумкин чеҳраҳои наве низ ба порлумон оянд, ки бо ҳукумати феълӣ пайванд надоранд.»

Аммо чанд чеҳраи нав то куҷо хоҳанд тавонист, фазоро иваз кунанд? Ва ҳам то куҷо метавон умедвор буд, ки интихобот одилона ва шаффоф хоҳад буд? Аксари таҳлилгарон ин эҳтимолро рад мекунанд.

Аз нав хулосае садо медиҳад, ки ҳатто дар сахттарин соли худ, яъне 2015, низ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гумон аст, даст ба ислоҳоти бунёдӣ занад, зеро яккаҳокимиятии ӯ дигар монанди солҳои 2000-ум нест ва низоме, ки вай дар ин муддат дар атрофи худ сохтааст, ҳар кадом дорои манфиатҳои хос ва гуногун буда, ба таври худ ва барои худ аз қудрат истифода мекунанд. Аз ин ба баъд танҳо бозгардони баробарӣ ва истиқлолияти шохаҳои қудрат – ҳукумат, порлумон ва додгоҳ хоҳад тавонист, вазъро нисбатан тағйир диҳад.

Рафтан бо роҳе, ки 23 сол боз ин кишвар меравад, дар шароити ба «нуқтаи ҷӯш» расидани норозигии ҷомеа зери фишори бӯҳрони шадид ба маънии фароҳам овардани беҳтарин имконият барои нерӯҳое хоҳад буд, ки дар орзуи «баҳори тоҷикӣ» нишастаанд.

Дар ҳоле ки ин матлаб омода мешуд, Бунёди сулҳ ва маҷаллаи "Foreign Policy" Тоҷикистонро кишвари осебпазир ва шикананда номид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG