Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазиру вазирони Қазоқистон – муаллифи китобҳо дар васфи Назарбоев


Дар намоишгоҳе, ки дар Алмаато ба ифтихори нахустин президенти Қазоқистон барпо шуд, на камтар аз 3000 китоб ба намоиш гузошта шуд, ки дар бораи зиндагиву корномаи Нурсултон Назарбоев нақл мекунад.

Дар намоишгоҳе, ки дар Алмаато ба ифтихори нахустин президенти Қазоқистон барпо шуд, нам камтар аз се ҳазор китоб ба намоиш гузошта шуд, ки дар бораи зиндагиву корномаи Нурсултон Назарбоев нақл мекунад.

Баъзе тамошобинон таъкид карданд, ки ин шумор китоб ба маротиб бештар назар ба таҷрибаи нависандагии раҳбарони худкомаи даврони шӯравӣ будааст. Ба мушоҳидаи сиёсатмадори мухолифи давлат Серикбӯлсин Абдилдин, ки замоне раиси Шӯрои олии Қазоқистон будааст, иншои китоб дар бораи президент “ба як анъана” табдил шудааст.

- Масалан, дар даврони шӯравӣ аксар раҳбарони аввал китоб нашр намекарданд ва намегузоштанд, ки ба таърифу тавсифи онҳо роҳ дода шавад. Албатта, китобҳое буданд, мисли “Замини хурд” ва ё “Замини навкорам”-и Леонид Брежнев, вале ин китобҳо ҳам ба муносибати ҷашнҳои вижа нашр мешуданд. Китоби Кунаев “Роҳи партия” на ба шахсияти ӯ, балки ба мавқеи ҳизби коммунист бахшида шуда буд, - мегӯяд ӯ.

Ҳоло ба китобнависиву васфи президент на танҳо адибони дарборӣ,

балки ҳамчунин ходимони давлат ҳам пардохтаанд, мегӯяд Серикбӯлсин Абдилдин.

1 декабр дар Қазоқистон чун Рӯзи президенти нахустини ин кишвар таҷлил мешавад ва намоишгоҳи китобҳо дар васфи Назарбоев, ки аз соли 1989 ба ин сӯ раҳбарии Қазоқистонро ба ӯҳда дорад, дар китобхонаи милии шаҳри Алмаато ташкил шуд. Давоми як моҳ тамошобинон имкони дидани ин китобҳоро хоҳанд дошт. Дар миёни онҳо очерку маҷмӯаҳои шеърӣ ҳам ба чашм мехӯранд. Муаллифони баъзе аз китобҳо мақомоти баландпояи давлатӣ ҳастанд, масалан, раҳбари собиқи дастгоҳи президент Маҳмуд Қосимбеков, ки аз соли 1996 ба ин сӯ раҳбари конселярияи президент мебошад. Дар баробари муаллифии ду китобе зери унвони «Нурсултан Назарбаев. Биография» ва «Елін сүйген, елі сүйген Елбасы», ӯ яке аз муаллифони 15-ҷилдаест, ки дар солҳои 2010-2013 чоп шуда, аз ҳаёт ва корномаи Назарбоев ситоиш мекунад. Дар миёни дигар муаллифон - муовини раиси дастгоҳи президент Бағлан Майлибоев, нахуствазири амалкунанда Карим Масимов («Модель Назарбаева: ответ на глобальный вызов»), раҳбари имрӯзаи дастгоҳи президент Нурлан Нигматулин, вазири собиқи умури хориҷа Қанат Савдобоев мебошанд. Дар миёни муаллифони дигар раиси сенат Қосимҷомарт Токав ва маҷмӯаи очеркҳояш зери унвони «Нур ва зулмот», «Он делает историю» ва муовини собиқи вазири мудофеа Абай Тосболатов ва «Верховный главнокомандующий – гарант военной безопасности» мебошанд.

Айни замон, худи Нурсултон Назарбоев ҳам ба унвони муаллифи 102 китобе баромад мекунад, ки дар бораи давлатдориву таърихи Қазоқистон баҳс мекуанд. Ҳамаи ин китобҳо ба шакли чопӣ ва ҳам электронӣ дар китобхонаи милии шаҳри Алмаато нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG