Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Кӯлоб, машқҳои ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои изтирорӣ ташкил карда шуд.

Ин тамрин рӯзи душанбеи 10-уми март дар назди бинои ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва бо ширкати намояндагони муассисаву идораҳои мухталифи давлатӣ ва бо истифода аз техника ва таҷҳизоти зарурӣ сурат гирифт. Дилмурод Назаров, комиссари низомии минтақаи Кӯлоб дар оғози баргузории ин тамрин ҳадафи ин машқҳоро, "пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқуллода, кӯч додани аҳолӣ ба минтақаи амн, безарар гардондании об а омодагии ҳар чӣ бештари техникаву таҷҳизоти мудофиавӣ дар минтақа" унвон кард.

Ба гуфтаи вай, дар назди ҳукумат ситоди мудофиаивии ҳудудӣ созмон дода шудааст ва ва дар сурати ба вуқӯъ омадани ҳар гуна ҳолати изтирорӣ, бояд сохторҳои зирабт ва сокинони Кӯлоб омода бошанд, то аз паёмади он ҷилавгирӣ шавад. Ин аст, ки ҷаноби Назаров мегӯяд, аз тариқи баргузории ин машқҳо омӯзиш додани кормандони идораву муассисаҳо ва аҳолӣ ва ҳамчунин омода кардани гурўҳҳои вижа аст, ки дар сурати зарурат даст ба кор бошанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки раҳбарии Ситоди мудлофиавии ҳудудӣ дар минтақаи Кӯлобро Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб бар дӯш дошта ва ӯ низ баргузории ин машқҳоро барои сари вақт бартараф кардани ҳолатҳои фавқуллода, назири обхезиву заминҷунбӣ ва ғайра муҳим арзёбӣ кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки аз селеоби пуршиддат дар Кӯлоб, ки 6 ва 7 майи соли 2010 рух дода буд, чор сол сипарӣ мешавад. Дар пайи ин селоб 9 нафар кушта ва 38 нафари дигар бедарак шуданд. Аммо Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон шумораи кушташудагонро 15 нафар нишон дода буд. Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Ҳилоли Аҳмар, «Наҷоти кӯдакон»-и Британия ва ниҳодҳои СММ ба осебдидагони офати табиӣ дар Кӯлоб кумакҳои башардӯстона пешкаш кардаанд. Ин кӯмакҳо аз хаймаҳо ва ашёи рӯзгор иборат буд.

Навори тамрини ситоди мудофиавӣ дар шабакаи Ютюб дар инҷо қобили дастрасист.

http://www.youtube.com/watch?v=cSosK7Z_UI8&feature=youtu.be

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG