Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барои панҷ рӯз тамоми кори идоравии худро як сӯ гузошта, рафтори як раҳбар дар айни ҷанг ва муқобила бо ҳамлаҳои ногаҳониро аз худ кардаанд.

Раҳбарони 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барои панҷ рӯз утоқи корӣ ва курсиҳои нарми худро як сӯ гузошта, муқобила бо ҳамагуна ҳамлаҳои эҳтимолиро аз худ карданд. Дар миёни онҳо - Маърифат Зоҳирзода, раиси ноҳияи Балҷувон ва Раъно Раҳимзода, раиси ноҳияи Фархор - низ буданд.

Ин омодагии ҳарбӣ дар доираи размоиши 50-ҳазорнафарии Вазорати дифои Тоҷикистон дар Хатлон ва он ҳам бо номи “Ҷанги эҳтимолӣ” сурат гирифт. Мақомот мегӯянд, раисон нозукиҳои рафтори як раҳбар дар айни ҳодисаҳои нохуш ба мисли ҷангро омӯхтаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки ҷараёни тамрини раисонро назорат мекард, Давлатшо Гулаҳмадзода – раиси вилояти Хатлонро низ дар он ҷо дидааст.

Вазорати дифои Тоҷикистон бо эълони “Ҷанги эҳтимолӣ” дар навоҳии марзӣ бо Афғонистон ва дар тамоми навоҳии вилояти Хатлон, як размоишро барои омодагии ниҳодҳои қудратӣ ва сокинони осоиштаи минтақа, ки ҷамъан 50 ҳазор нафарро дар бар гирифт, баргузор кард. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, размоиши фарогир бо ширкати намояндагони тамоми ниҳодҳои қудратӣ ва сокинони навоҳии вилояти Хатлон бо истифода аз 100 зиреҳпӯш ва теъдоди зиёди нақлиёт, сурат гирифтааст.

Фаридун Маҳмадалиев афзуд, дар доираи размоиши “Ҷанги эҳтимолӣ”, сатҳи тавонмандии мақомоти қудратӣ дар баробари ҳамлаи душман санҷида хоҳад шуд. Вай гуфт, шурӯъ аз намояндагони ҷамоатҳо, раисони навоҳию вилоят, намояндагони ҳама ақшори ҷомеа ба ин размоиш даъват шудаанд ва ба онҳо мутахассисони вазорати дифоъ машварату маслиҳатҳо хоҳанд дод.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, "дар ҳолати ҷанг мардуми осоишта низ ширкат хоҳанд кард ва хусусан сокинони навоҳии марзӣ бояд омода бошанд, ки размоиши мазкур сатҳи омодагии онҳоро нишон хоҳад дод."

Ин дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта низ як чунин размоиш бо ширкати 500 нафар аз ҳарбиёни захиравии ноҳияи Рӯдакӣ зери унвони "Омодагӣ ба ҳамлаи хориҷӣ" баргузор шуд, ки дар он барои бори аввал занон ширкат карданд. Дар моҳи июни соли гузашта дар чунин размоиш дар вилояти Хатлон, 5 ҳазор нафар ширкат карда буданд, ки ҳадафи он омодагӣ ба ҳамлаи ғайриинтизор аз беруни кишвар буд.

Баргузории ин размоиш дар ҳолест, ки сару садоҳо аз таҳдиди гурӯҳҳо ва ҷангиёни мустақар дар Афғонистон ба амнияти минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, рӯз ба рӯз бештар мешавад. Аз ҷумла Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия рӯзи 5 март зимни нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ҳузури фаъол дорад ва ба амнияти Тоҷикистон таҳдид мекунад. Пеш аз ин ҳам бархе аз мақомҳои тоҷик, афғон ва рус гуфта буданд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ҷойгоҳ пайдо кардааст.

Анатолий Антонов дар ин нишасти хабарӣ гуфта буд, "ҷангиёни гурӯҳи Давлати исломӣ ба таҳдиде барои кишварҳои Паймони амнияти дастҷамъӣ табдил ёфтаанд." Ба гуфтаи вай, бештари таҳдидҳо аз сӯи ин гурӯҳ равонаи Тоҷикистон аст, чун бо Афғонистон марз муштараки тӯлонӣ дорад.

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ё ОДКБ рӯзи 13 март дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар сурати сар задани кадом муноқиша дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон нерӯҳои кишварҳои узви ин созмон дар муддати 3 рӯз ба ёрӣ хоҳанд расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG