Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз захмиён дар Исфара сардори дидбонгоҳи марзӣ будааст (ВИДЕО)


Сафаралӣ Мирзоев, додситони гарнизони ҳарбии Суғд.

Сафаралӣ Мирзоев, додситони гарнизони ҳарбии Суғд.

Додситони гарнизони ҳарбии вилояти Суғд гуфт, дар тирандозии рӯзи 11- уми январ дар ноҳияи Исфара сардори дидбонгоҳи марзӣ ва як афсари сарҳадбони тоҷик захм бардоштаанд.

Сафаралӣ Мирзоев, додситони гарнизони ҳарбии Суғд рӯзи 16-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир Файзулло Раҳимов, сардори дидбонгоҳи марзӣ ва Саидакбар Собиров, афсари марзбони тоҷик дар бемористон табобат мегиранд ва ҳолати саломатии онҳо хуб арзёбӣ мешавад.

Додситони ҳарбӣ дар бораи ҳодисаи тирандозӣ мутобиқи бандҳои Асноди ҷиноии Тоҷикистон – 32 - 104 “суиқасд ба куштор” ва 335 “ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон” парванда боз кардааст ва гурӯҳи тафтишотӣ ба таҳқиқи онро пеш мебарад.



Марзбони захмӣ: "Мо маҷбур будем, ки ҷавоб гардонем"

Марзбони захмии тоҷик Саидакбар Собиров, ки дар бемористон табобат мегирад, мегӯяд, орзу дорад, ки марзу буми Тоҷикистон ва ҳама давлатҳо ором бошад. Саидакбар Собиров, яке аз ду марзбони тоҷик дар бемористони Хуҷанд табобат мегирад. Рӯзи 14 январ, ки ба аёдаташ рафтам, дидам, ки дасти чапаш докапеч ва чеҳрааш низ марҳам баста буд. Вай танҳо набуд, дар утоқаш чанде аз пайвандону дӯстонаш ҳозир буданд. Саидакбар бо телефони ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш сӯҳбат мекард.

Саидакбар Собиров, марзбони маҷрӯҳи тоҷик

Саидакбар Собиров, марзбони маҷрӯҳи тоҷик

Марзбони захмии тоҷик дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки ҳолаш чун аст ва захми дасти тирхӯрдааш сахт дард намекунад?, гуфт, шикоят надорад ва чун сарҳадбон ба ин гуна осебҳо ҳама вақт омода буду ҳаст: “Ин захмҳо дар роҳи муҳофизати марзу буми ватан чизе нест. Ин гуна ҳодиса ба сари марзбони ватан омаданаш мумкин аст ва мо ҳама вақт омодаем. Мо ҳар лаҳза ба муҳофизати марзу буми ватан омодаем.”


Марзбони захмӣ дар посух ба ин саволи Озодӣ, ки нимарӯзи шанбеи 11 уми январ чӣ гуна тирпарронӣ байни сарҳадбонҳои тоҷику қирғиз дар назди рӯди Исфара, дар канори деҳаи Хоҷаи Аъло иттифоқ афтод ва мақомоти Қирғизистон эълон карданд, ки нахустин шуда, марзбонҳои тоҷик ба суи сарҳадбонҳои қирғиз оташ кушодаанд, чунин гуфт: “Ин гапҳо ҳама хато аст. Мо се бор назди онҳо (марзбонҳои қирғиз) рафтем ва зорӣ кардем, ки бародарон, шумо бар хилофи маслиҳатҳои ҳар ду давлат ба марзу буми мо даромадед. Шумо техника дароварда, дар инҷо роҳ сохта истодаед. Аммо се бор ҳам ки рафтем, онҳо ин даъвату илтимосҳои моро қабул накарданд, баъзе гапҳои қабеҳ ҳам заданд. Баъд омада тирпарронӣ ҳам карданд, мо маҷбур будем, ки ҷавоб гардонем.”

Ба гуфтаи вай, дар ин тирпарронӣ 2 сарҳадбони тоҷик захм бардошта, ҳоло нафари дигар дар бемористон бистарӣ аст. Ҳоли Саидакбар Собировро табибон хуб арзёбӣ мекунанд. Марзбони захмии тоҷик ҳангоми хайрухуш гуфт: “Орзу дорем марзу буми Тоҷикистон ва ҳама кишварҳо ҳамеша ором, мардум тинҷу осуда зиндагӣ кунанд. Ҳамин қадар орзу дорем. Бигзор ватанамон ҳамеша ободу поянда бошад.”

Зӯҳри 11 январ муноқишаи байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа, ба маълумоти тарафҳо, 2 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Баъди ин таниш равобити Тоҷикистону Қирғизистон ба сардӣ гароид ва Бишкек аз 12 январ гузаргоҳҳои марзиаш бо Тоҷикистонро баста, рӯзи 14 январ сафирашро аз Душанбе "барои машварат" бозхонд, ки дар дипломатия аломати нороҳатии хеле зиёди як кишвар аз кишвари дигар шумурда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG