Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз ҷумла ба ин суол, ки қабул нашудани номзадии ӯ барояш чӣ таъсир гузошт, посух дод.

Раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров то ба ин авохир як номзади эҳтимолии мухолифин дар интихоботи моҳи ноябр маҳсуб мешуд. Вале дар ниҳоят Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳталаб(ИНИТ) ба номзадии Ойниҳол Бобоназарова бартарӣ дод ва ӯро ба унвони номзади ягона пазируфт.


Зоиров Раҳматулло Ҳамидович 16 марти соли 1958 дар деҳаи Боғистони ноҳияи Бӯстонлиқ, ё Бостандики ҳозира вилояти Тошканд дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ӯ солҳои 1965- 1975 мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм карда, соли 1977 ба хизмати ҳарбӣ рафт ва дар сафҳои артиши Шӯравӣ дар Олмон хидмат кард. Соли 1979 ба Донишкадаи ҳуқуқшиносии ба номи Ф. Э. Дзержинскийи шаҳри Харкови Украина доихл шуд. Аз солҳои 1983 то 1986 дар Академияи ҳуқуқшиносии Украина кор карда, аз соли 1986 то 1993 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳуқуқ дарс додааст. Оиладор, соҳиби се фарзанд. Ҳоло раҳбари ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон аст.
Раҳматулло Зоиров ин қарорро расман қабул кард ва аз тарафдоронаш ҳам хост, ки аз хонум Бобоназарова пуштибонӣ кунанд. Вале маълум мешуд, ки тарафдорони Зоиров радд шудани номзадии ӯ ва канор заданаш аз ширкат дар интихоботро ба сахтӣ пазируфтанд. Худи Зоҳиров низ зоҳиран аз ин чандон хушу розӣ наменамояд. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ ва ошкоро бо Радиои Озодӣ Раҳматулло Зоиров аз ҷумла ба ин суол, ки канор зада шуданаш аз ширкат дар интихобот барояш чӣ таъсир гузошт, посух дод.

Озодӣ: Пешниҳод нашуданатонро ҳамчун номзади ягона аз ҷониби ИНИТ чӣ гуна қабул кардед, дар ҳоле чанд моҳ боз бо дили пур мегуфтед, номзад хоҳед шуд ва дар интихобот ширкат хоҳед кард?

Раҳматулло Зоиров: Ростӣ, ман инро то ҳол қабул надорам, аниқтараш дилам қабул надорад. Лекин бо қарори ИНИТ розӣ шуда, изҳорот додам, ки номзадии Ойниҳол Бобоназароваро дастгирӣ мекунам. Баъдан ҳеҷ гоҳ бо дили пур нагуфта будам, ки ман номзади ягона мешавам. Ман гуфтам, ки омода ҳастам, номзади ягона шавам, агар ҷомеаи шаҳрвандӣ маро дастгирӣ кунад. Дар ИНИТ ҳам то лаҳзаҳои охирин ба ғайр аз ман касе номзадияшро пешниҳод накарда буд. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳам баъд аз ташкил шудани ИНИТ рӯзи 14 июл дар шӯрои сиёсӣ инро баррасӣ карда, номзадии маро чун номзад ба номзади ягона аз ИНИТ пешниҳод кард. Бинобар ин ман умедвор будам ва боварии комил ҳам доштам, ки номзади ягона мешавам. Аммо тавре дидем, рӯзҳои 9-10 сентябр дар ИНИТ, аз ҷиҳати мантиқ фаҳмидани ин мушкил бошад ҳам, ҷараёне ба миён омад, ки ман номзади ягона нашудам. Ҳоло бошад танҳо ҳаминро метавон гуфт, ки тағйир додани ин раванд оқибати хуб надорад. Аз ин сабаб мо бояд аз номзадии Бобоназарова ҳимоят карда, дар интихобот ширкат варзем.



Озодӣ: Гуфтед, дигар дар танҳоӣ имкони ширкат дар интихоботро надоред. Далелаш чист? Маблағ, набудани ҷонибдорон ё чизи дигар?

Раҳматулло Зоиров: Омилҳо гуногунанд. Якум омил ҷамъ овардани имзо аст. Барои ҷамъ овардани 210 ҳазор имзо дар Тоҷикистон замина вуҷуд надорад. Барои ба қайд гирифтани як ҳизби сиёсӣ ҳазор узв басанда аст. Лекин мо ҳамин гуна як муҳитеро ташкил кардаем, ки ҳизби сиёсӣ беш аз ҳазор аъзо ҳам дошта бошад, агар вай мухолиф бошад барояш ҷамъ кардани 210 ҳазор имзо ғайриимкон мешавад. Яъне воситаҳои маъмурӣ дар дасти ҳукумат аст. Як чизи дигарро низ ба инобат гирифтан лозим аст, дар дохили Тоҷикистон ҳамаги ду миллион интихобкунанда аст. Агар ҳафт номзад пешниҳод шавад, бояд интихобкунандагон то интихобот муқаррар карда тавонанд, ки ба ҷонибдории кӣ овоз диҳад. Ғайр аз ин дастурамали махсуси КМИР вуҷуд дорад, ки як интихобкунанда танҳо ҳаққи як имзоро дорад. Баъдан, 210 ҳазор имзо аз миқдори умумии интихобкунандагон, ки дар умум вуҷуд доранд, ҳисоб карда шудааст, яъне чор миллион. Аммо он наздики ду миллион шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, имзояшон ба инобат гирифта намешавад. Паҳлуи дигари масъала он аст, ки вақте мо дар асоси супоришҳои ҳукумат имзо ҷамъ мекунем, овозаҳо зиёд ҳаст, ки номзади ягонаи мо ва гурӯҳҳои имзоҷамъкунӣ барои ҷамъоварии имзо алаккай бо маҳдудиятҳо дучор шудаанд. Ин далолат медиҳад, ки худи ҳукумат ба он номзадҳое, ки ҷонибдори ҳукуматанд, ба онҳо мусоидат мекунад, то имзо ҷамъ кунанд, аммо онҳое, ки мухолифанд, ба монеаҳо дучор мешаванд. Чизи дигар, ки аҷиб аст, ин мебошад, ки 60 дарсад аз 8000 аъзои ҳизби сотсиал-демократ дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд. Ҳамин гуна аъзои ҲНИТ ҳам дар хориҷа кам нестанд. Кӣ дар хориҷ нест? Намояндагони ҳизби халқӣ-демократӣ,ки дар ҳама мақомотҳо кор мекунанд. Агар аз ин нуктаи назар нигоҳ кунем ва он меъёрҳое ,ки КМИР муқаррар кардааст, ҳатто аъзои ҳизби худамон наметавонанд, ба ҷонибдориямон овоз диҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар Қирғизистон барои пешниҳоди номзади ба президентӣ ҳамагӣ 30 ҳазор имзо ҷамъ мекунанд.

Озодӣ: Чаро КМИР овози муҳоҷиронро бекор кард?

Раҳматулло Зоиров: Ҳукумати феълӣ барои он овози муҳоҷиронро рад кард, ки медонад, ки аз ҳисоби онҳо ҳатто даҳ дарсад овоз намегирад. Барои гурез аз ин гуна мушкилиҳо ҳукумати Тоҷикистон тавассути КМИР эълон кард, ки дар имзоҷамъкунӣ муҳоҷирон ширкат карда наметавонанд. Ҳол он ки дар қонунгузорӣ гуфта нашудааст, ки овоздиҳанда бо сабаби иваз кардани макони зист ё кору фаъолияташ маҳдуд карда шавад. Ҳаққи раъйдиҳандагон новобаста аз он ки дар кадом гӯшаву канори дунё аст, баробар аст. Он баҳонае, ки КМИР пеш меорад, гӯё имзоварақаҳоро бояд раисони шаҳру навоҳӣ бояд имзо кунанд, комилан хатост. Сарқонуни Тоҷикистон шакли дастгирии ин ё он номзадро муқаррар накардааст. Дар ягон ҷо нависта нашудааст, ки ин танҳо имзоварақа бошад. Қонунгузорӣ иҷозат медиҳад, ки ин шакли электронӣ ҳам бошад. Ҷамъ кардани имзо дар хориҷ ҳам сурат гирад ва консулгариву сафоратхонаҳо онҳоро муқаррар кунанд. Ҳатто созмонҳои муҳоҷирон низ ин корро карда метавонанд.

Озодӣ: "Агенти Узбакистон", "дасти хориҷихо" унвонҳое хастанд, ки ба номи шумо часпондаанд, ҳарчанд ки шумо садҳо бор инро рад кардаед. Боре шудааст, ки давлате ё ҷонибе талош карда бошад, то шуморо ба одами худӣ ё ҷосус табдил диҳад?

Раҳматулло Зоиров: Ман агенти як давлат ҳастам, ки он ҳам Тоҷикистон аст. Алакай 15 сол мешавад, ки дар ин бора ВАО-и тоҷик мегӯяду менависад. Ҳатто шумораашро гум кардаам, ки дар ин маврид чӣ навистаанд ё гуфтаанд. Бинобар ин як нуктаро таъкид карданиям, ки агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар давоми ин 15 сол ягон асос ё далеле дар даст медошт, ки ман «агент»-и ягон давлат ё ба манфиати дигар давлат кор мекунам, кайҳо нисбатам парванда боз карда, ҳабс мешудам. Масъалаи дигар ин аст, ки воқеан ҳам ҷонибдори хуб шудани муносибатҳои байнидавлатӣ ва байни мардуми Тоҷикистону Узбекистон ҳастам. Ман ошкоро мегӯям, ки бояд Тоҷикистон худро ба инзивоъ ва худмухторӣ наоварад. Мо бояд бо ҳама мардуми кишварҳои ҳамсоя муносибати хуб дошта бошем ва ҳамкории хуб ҳам карда тавонем. Дар ин ростоУзбекистон аз ҳама муҳимтар аст. Барои он ки хуну фарҳанги мо як аст. Мисоли оддӣ, ягон абоби мусиқие нест дар Узбекистон, ки дар санъати тоҷик набошад. Аз рубобу чангу дутор сар карда ҳамааашон фарҳангу асбобҳои мусиқии тоҷикӣ аст. Ҷудо кардани инҳо аз мо ғайриимкон аст. Ҳазорсолаҳост дар як минтақа зиндагӣ мекунем. Аз он ки ду президент бо ҳамдигар муносибат карда наметавонанд, набояд азоби инро мардум кашад.


Аммо дар мавриди он ки нафаре ё ҷонибе талош кардааст, то маро ба ҷосус табдил диҳад, гуфтаниям, ки чунин ҳолат рух надодааст. Агар касе маро «агент»-и худ карданӣ мешуд, бо пул, вазифа ё манфиат бояд ин корро анҷом медод. Ҳол он ки ман аз бисёр манфиатҳо даст кашидам. Масалан, мушовири калони президент ва узви Кумитаи назорати конститутсионии ҷумҳурӣ будам. Агар ман агар «агент» мешудам, дар ин вазифаҳо фаъолиятамро идома медодам. Аммо ман инро накардам.

Озодӣ: Баъзе нафарон аз дохили ИНИТ мегӯянд, ҲНИТ барои бозӣ бо ҳукумат ба эътилоф пайваст ва номзадии Бобоназароваро пешниҳод кард. Оё ин воқеият дорад?

Раҳматулло Зоиров: Ин гуна иттилоъ ба ман ҳам расид. То ҳол бо ман баъзеҳо баҳс мекунанд, ки ба ҲНИТ якҷо шудан ё бовар кардан мумкин нест, лекин сиёсат ин сиёсат аст. Эътилоф эътилоф аст, бояд амалиётҳо оғоз кунем ва бо ҳам то охир равем. Агар фиреб медода бошанд ё доданд, инро вақт нишон медиҳад ва барои мардум ҳам фаҳмо мешавад. Дар бораи он ки ҲНИТ ба ҳукумат бозӣ мекунад ё не, ман ҳам зиёд мешунавам, аммо ягон далели мушаххас дар ин бора нашунидаам. Албатта, бозиҳо ҳастанд. Шӯрои сиёсии ҲНИТ номзадии маро қабул накард, ки гумон мекунам, ин худ бозиҳои гурӯҳҳои гуногуни ҲНИТ мебошад. Миёни аъзои ҲНИТ ақидае вуҷуд дошт, ки дар сурати пешниҳод шудани номзадии Раҳматулло Зоиров имиҷи ҲНИТ паст мешавад ва имкониятҳои ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боло меравад. Бинобар ин, фикр мекунам, аз рӯи манфиатҳои ҳизбӣ ин масъала ба миён омад. Лекин он ки ҲНИТ маро дастгирӣ накард, ин маънои онро надорад, ки бояд қарори онҳоро дастгирӣ накунам, аз бозӣ бароям ё ҲНИТ-ро танқид кунам. Ман номзади ягонаи ИНИТ-ро дастгирӣ мекунам. Ман махсус мақсади президент шудан надоштам. Ҳафад танҳо он аст, ки дар ҷомеа ислоҳоти конститутсионӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро баргузор кунем, ҷомеаи Тоҷикистонро ба як низоми ҷомеаи пешрафта овардан буд. Агар мо ин мақсадҳоро бо Бобоназарова ҳам амалӣ карда тавонем, хело хурсанд мешавам.

Озодӣ: Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешавад, ки гӯё Кабирӣ ва муовинаш дар ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ барои аз даст надодани бизнесашон бозӣ карданд. Оё намешуд, ки шумо ҳам ин корро мекардеду соҳиби курсии парлумон ё бизнеси худ мешудед?

Раҳматулло Зоиров: Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, кормандони мақомот, ходими давлатӣ ва узви порлумон бояд ба соҳибкорӣ ё тиҷорат машғул нашавад. Ин ғайриқонунӣ аст. Агар мо ҷомеаро бо ҳамин роҳ тоза накунем, ҷомеа пеш намеравад. Ба соҳибкорӣ машғул шудани вазирону шахсони мансабдор дар ҷомеа фасодро ба миён меорад. Агарчи Тоҷикистон ба фасод ғӯтида аст, боз бадтар мешавад. Агар мо мансабдоронро аз соҳибкорӣ ҷудо карда натавонем, ҳар яки онҳо вазифаи худро дар ҷояш иҷро карда натавонад, ин ҷомеа оянда надорад.

Озодӣ: Ҳизбҳои мухолиф қаблан ҷор мезаданд, ки мо ҳукумати ҷавон месозем. Магар метавон Бобоназароваро кадри ҷавон гуфт?

Раҳматулло Зоиров: Ба ин саволи шумо ман розӣ шуда наметавонам. Зеро зиёд будани ҷавонон дар ҳукумат маънои онро надорад, ки бояд ҳатман президент ҷавон бошад. Агар Бобоназарова президент бошаду дигар кадрҳо ҷавонон бошанд, албатта, ин ҳукумати ҷавонон мешавад. Лекин сараввал мо бояд дар интихобот ғолиб оем. Консепсияе, ки ИНИТ қабул кардааст, ба мардум расонида шавад, имзоварақаҳо ҷамъ шаванд ва номзадии Бобоназарова ба қайд гирифта шавад, он гоҳ мебинем, ки Ойниҳол Бобоназарова чӣ нақшаҳое боз хоҳад дошт ва то куҷо метавонад консепсияи ИНИТ-ро амал кунад?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG