Пайвандҳои дастрасӣ

C. Исмонов: "Як писари ман ба Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳад"


Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов рӯзи 17 сентябр номзади ҳизби демократ(ҲДТ) барои ширкат дар интихоботи рӯзи 6 нобяр шуд. Аммо дар охири кори анҷуман 5 узви ҳизб, аз ҷумла Мамлакат Ҷайчиева, муовини аввали раҳбари ҳизб, Саидраҳмон Назриев ва Раҷаби Мирзо ба нишони эътироз узвияти худро муваққатан боздоштанд.

Дар сӯҳбате бо Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари ҲДТ ин масоил ва мавқеи ҳизб дар интихоботи қарибулвуқӯъ ба баҳс кашида шуд.

«Озодӣ»: Қаблан ҳадс зада мешуд, ки аз ҷониби Ҳизби демократ номзадии Табаралӣ Зиёев пешниҳод хоҳад шуд. Чӣ гуна шуд, ки интихоби вакилон сари номзадии шумо қарор гирифт?

Саидҷаъфар Исмонов соли 1960 дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, соли 1983 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Замони ҷанги шаҳрвандӣ ширкати истеҳсолии дорувории «Хатлон»-ро дар ноҳияи Ховалинг ташкил дод. Баъди ҷанг ба Душанбе омад ва дар ниҳодҳои мухталифи давлатӣ - Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Кумитаи радио ва телевизион, пулиси андоз ва Донишгоҳи аграрӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошт.
Соли 2005 ба таъсиси ҳизби ҷавонони прогрессиви Тоҷикистон азм кард, вале сабти ном карда натавонист. Саъидҷаъфар Исмонов соли 2006 ба ҳизби демократ пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси ҳизб интихоб шуд. Дар таърихи 17 сентябр дар анҷумани ҳизби демократи Тоҷикистон ба унвони номзад ба мақоми президентӣ муаррифӣ шуд.
Саидҷаъфар Исмонов: Шӯрои сиёсии ҲДТ Зиёевро номзад пешниҳод карда буд. Вале дар анҷуман вакилон дар баробари ман, номзадии Аҳмадшоҳи Комилзода ва Равшан Ахмедовро низ пешниҳод карданд. Чун онҳо номзадиашонро бозпас гирифтанд, номзадии ман ба унвони номзад аз ҳизб пазируфта шуд. Албатта, дар ин сурат ман ҳамчун раҳбари ҳизб муқобили тасмими вакилони анҷуман баромада наметавонистам.

«Озодӣ»: Анҷумани ҲДТ дар шароити тезутунде баргузор гардид ва чанд узви аршадаш, аз ҷумла, Мамлакат Ҷайчиева, Сайраҳмон Назриев ва Раҷаби Мирзо узвияти худро ба далели ихтилофоти дохили ҳизб боздоштанд...

Саидҷаъфар Исмонов: Мо Ҳизби демократи Тоҷикистонем. Ин ҷо озодандешӣ ҳаст, ҳар кас фикру ақидаи худро пешниҳод мекунад. Муовини аввали раиси ҳизб Мамлакат Ҷайчиева, узви шӯрои сиёсии ҳизб Саидраҳмон Назриев, узви шӯрои сиёсии ҳизб ва собиқ сухангӯ Раҷаби Мирзо, аъзои ҳизб Аслия Шогунбекова ва Юсуф Ҳотамов фаъолияти худро дар ҳизб боздоштанд. Рафтани онҳо боиси нигаронии анҷуман шуд. Рӯзи дигар шӯрои сиёсӣ ин масъаларо баррасӣ кард. Аз он ки чанд нафар рафтанд, касе на хурсанд аст, на зиқ. Агар эҳёи ҳизб ба онҳо маъқул набошад, ин мушкили шахсии ҳар кадоми онҳост.
Агар аксарият қарор қабул кунад, мо, 3-5 нафар эътироз кунем, ки гапи мо нагузашт ва бихоҳем фикри худамонро ба сари дигарон бор кунем, ин демократия нест.

«Озодӣ»: Далелашон чӣ буд? Чаро онҳо намехостанд ҳизби демократ дар интихобот ширкат кунад?

Саидҷаъфар Исмонов: Аз рӯи мушоҳидаи ман, онҳо мехостанд пуштибонӣ аз Ойниҳол Бобоназарова кунанд. Бобоназарова шояд шахси арзанда бошанд ва собиқ узви ҳизби демократ буд. Аммо анҷумани ҳизб тасмим гирифт ва номзад пешниҳод кард. Назари ман ва аксарияти аъзои шӯро ва вакилони анҷуман ин аст, ки ҳизб бояд дар интихобот ширкат кунад.

«Озодӣ»: Дар гузашта ҲДТ як ҳизби мухолифи ҳукумат буд. Аммо чаро ин ҳизб ба Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ) ҳамроҳ нашуд ва номзади онҳоро дастгирӣ накард?

Саидҷаъфар Исмонов: ҲДТ фикру ақида, мавқеи сиёсӣ, оиннома ва барномаи худро дорад. Бисёр ҷиҳатҳои барномаи мо бо барномаи ИНИТ мувофиқат накард. Мо, албатта, аввал дар нишастҳои онҳо ширкат доштем, вале баъд дидем, ки барномаи онҳо, самти ҳаракати онҳо ба ҳадафҳои мо мувофиқ нест, шӯрои сиёсӣ тасмим гирифт, ки худ мустақилона дар интихобот ширкат варзад, чунки ҳизби демократ 20 сол дар интихоботҳо ширкат надошт.

«Озодӣ»: Аслан, имрӯз ҲДТ ба ҳамон ормонҳое, ки бунёдгузорони ҳизб доштанд, содиқ аст ё ҳадафу нақшаҳояш дигар шудаанд?

Саидҷаъфар Исмонов: Имрӯз ҲДТ асосан аз собиқадорон иборат аст. Шахсе, ки аз соли 2006 ба ҲДТ омад, ин манам. Мо дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо ҳамаи онҳо барнома сохтем. Сохтори ҳизбро каме барои кор мувофиқ кардем. Моҳи гузашта мо ҷонибдорони ҳизб ва онҳое, ки узви ҳизб шуданианд ё узвияташонро мехоҳанд барқарор кунанд, муайян кардем. Онҳо наздики 16 ҳазор нафаранд. Ҳоло билети ҳизбии 4700 нафар омода аст. Масъалаи қабули дигарон ҳам баррасӣ мешавад.



«Озодӣ»: Бо ин зиддиятҳое, ки дар дохили ҳизб ҳаст, ояндаи ҳизбро чӣ гуна тасаввур мекунед?

Саидҷаъфар Исмонов: Анҷуман шоҳид буд, ки ду-се нафар мехост ақидаи худро ба сари мардум бор кунад. Агар мардум ақидаи онҳоро қабул накард, ҳизб вайрон намешавад. Баъди анҷумани ёздаҳуми ғайринавбатии ҳизб дар таърихи 23 декабри соли 2012 ҲДТ ба фаъолият шурӯъ кард. Дар 46 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳизб фаъолият мекунад. Мутаассифона, вақте аз Раҷаби Мирзо хоҳиш кардем, ки дар зодгоҳаш, ноҳияи Восеъ як ячейкаи ҳизбро иборат аз 13 нафар ташкил кунад, натавонист. Аз Мамлакат Ҷайчиева ҳам хоҳиш кардам, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкил кунад, натавонист. Ман барои он аз онҳо чунин хоҳиш кардам, ки нагӯянд, Исмонов дар ҳама ҷо одамони худашро раис мондааст. Вақте аз қафои шахс як нафар нест, ҳуқуқ надорад аз номи ҳама гап занад. Як нафар ҳизб нест. Онҳо аъзои ҳизб мемонанд, дар оянда шояд фикру ақидаашон дигар шавад.

«Озодӣ»: Муносибати шумо бо Масъуд Собиров, раиси пешини ҳизб чӣ гуна аст?

Саидҷаъфар Исмонов: Аз ҷониби ман бисёр беодобӣ мешуд, агар ягон гапи дигар гӯям. Чун раиси собиқ буданд, он кас ҳам кӯшиш мекард. Ҳамин қадар имкон дошт ва ақалан барои кӯшишҳояш раҳмат мегӯем. Мо як вақт бо Масъуд Собиров якҷоя будем. Он кас раис буданд, ман муовин. Баъд баъзе мушкилот пайдо шуд. Он кас устод ҳастанд ва масруфиятҳои зиёде доранд ва шояд аз ин хотир натавонистанд, ки бештар ба кори ҳизбӣ вақт ҷудо кунанд.

«Озодӣ»: Баргардем ба мавзӯи интихобот. Номзад ба мақоми президентӣ бояд 210 ҳазор имзо ҷамъ оварад. Теъдоди аъзои ҳизби шумо чандон зиёд нест. Оё ин имкон медиҳад, ки шумо миқдори зарурии имзоро ҷамъ биоред?

Саидҷаъфар Исмонов: Мо дар ҳизб шахсоне дорем, ки ҷомеа онҳоро шинохтааст. Табаралӣ Зиёев, муовини раҳбари ҳизб, муаллифи китоби таърихи синфҳои 7, 8, 9, 10, 11 аст. Яъне дар ҳар хонадон ӯро мешиносанд. Ман ҳам дар соҳаҳои гуногун кор кардам. Қариб 230 нафар узви гурӯҳи кории ташаббускор ба ҷамъоварии имзо машғул аст.

«Озодӣ»: Ҳоло ҷамъоварии имзоҳо чӣ гуна ҷараён дорад?

Саидҷаъфар Исмонов: То маълумоти дирӯза(сӯҳбат рӯзи 24 сентябр анҷом шудааст) 47 ҳазор имзо ҷамъ кардаанд.

«Озодӣ»: Барномаи шумо ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ таҳия шудааст? Меҳвари онро чӣ ташкил медиҳад?

Саидҷаъфар Исмонов: То анҷуман ман омода набудам, ки барномаи пешазинтихоботиро пешниҳод мекунам. Аммо барнома низ таҳия шудааст ва ҷанбаи асосии он, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии мардум аст. Аз ҷумла, сабук кардани андоз аз тиҷоратҳои хурду миёна. Дар баробари ин, ба андешаи мо, баъзе соҳаҳои тиҷоратии сердаромад ҳаст, ки бояд дар монополияи давлат бошад. Таъминоти баъзе соҳаҳои ғизо, сӯзишворӣ бояд дар дасти давлат бошад. Вагарна идора кардани оромию бехатарии ҷомеа бисёр душвор аст. Яке аз соҳаҳои асосӣ ин кишоварзӣ, яъне пахтакорӣ мебошад. Чун 70 дар сади мардуми мо дар соҳаи пахтакорӣ машғули коранд. Мо дар соҳаи пахтакорӣ пешниҳодҳои зиёд дорем.

«Озодӣ»: Дар бораи аҳли хонавода ва муносибати онҳо ба сиёсат чӣ гуфта метавонед?

Саидҷаъфар Исмонов: Оилаи ман собиқ корманди комсомол аст. Мо якҷоя кор мекардем. Дар хонаи мо ҳар кас ба таври демократӣ ба ҳар касе хоҳад, овоз медиҳад.

«Озодӣ»: Онҳо дар бораи номзадии шумо чӣ мегӯянд? Ба шумо овоз медиҳанд?

Саидҷаъфар Исмонов: Хешу табор, завҷаам ва як писарам мегӯянд, ки ба ман овоз медиҳанд. Писари калониам мегӯяд, ман ба Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳам. Ҳар кас бояд худ таҳлил кунад ва роҳи худашро интихоб кунад. Ман ақидаамро ба сари хонавода бор намекунам, онҳо бояд худашон интихоб кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG