Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хазинаи Омӯ" бармегардад, аммо на дар шакли тило


Нусхаи бархе аз ёдгориҳои бостонии “Хазинаи Омӯ” дар арафаи Наврӯз ба Душанбе хоҳанд расид.

Қарор аст, дар арафаи Наврӯз ва рӯзи ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе Осорхонаи Бритониё чанд нусха аз ёдгориҳои бостонии “Хазинаи Омударё”-ро ба Тоҷикистон тақдим кунад. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрӯх Асрорӣ ба хабарнигорон гуфт, ки Осорхонаи Бритониё сармоягузории сохтани нусхаҳоро бар дӯш гирифтааст ва Тоҷикистон фақат барои зарандудсозии онҳо маблағ пардохт мекунад.

Нусхаи бозёфтҳои “Хазинаи Омӯ” бояд рӯзҳои таҷлил аз 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба Душанбе оварда мешуданд ва аммо чун бинои Осорхонаи Миллӣ пурра бунёд нашуда буд, интиқоли онҳо ба таъхир афтод. Гуфта мешавад, ки ба Тоҷикистон нусхаи фақат панҷ ёдгории Хазинаи Омударё тӯҳфа хоҳад шуд, зеро, ба гуфтаи мутахассисони Осорхонаи Боритониё, сохтани нусхаи бештари онҳо имрӯз ғайримумкин аст.

Ганҷинаи Омӯ мураккаб аз 200 ёдгори нодири тилоии садаҳои 6 то 3-и пеш аз милод аз гаронарзиштарин маҷмӯаҳои ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар соли 1877 дар Тахти Сангин, дар қаламрави феълии Тоҷикистон ошкор шудаанд. Ҳамон сол кишоварзони маҳаллӣ ин хазинаро ба тоҷирони бухороӣ ва онҳо дар навбати худ ин ганҷи бебаҳоро дар Ҳиндустон ба инглисҳо фурӯхтаанд.

Хазинаи Амударё; дар осорхонаи Лондон
Хазинаи Амударё; дар осорхонаи Лондон
Ҳамин тариқ, ин бозёфтҳои таърихӣ дар осорхонаи Бритониёи Кабир ҷой гирифтанд.
Дар авохири даҳаи 1970 Ганҷинаи Омӯ ё Дафинаи Амударё зери ҳимояти киштии низомии Бритониё ба Эрмитажи Ленинград (Санкт-Петербурги кунунӣ)-и Русия мунтақил шуд ва барои як моҳ ба маърази тамошо гузошта шуд. Таърихнигорон мегӯянд, ин нахустин бор буд, ки як киштии низомӣ масъулияти ҳифозат аз як маҷмӯаи намоиширо дошт.

Аввалин бор раиси пешини Бунёди Фарҳанги Тоҷикистон, шоираи тоҷик Гулрухсор дар солҳои 1990 масъалаи бозгардони ганҷинаи Омӯро ба миён гузошта буд. Дертар, чанд сол пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ ба иин мавзӯъ ишора кард. Вай гуфт, «Хазинаи Амударё» моли Тоҷикистон аст ва бояд бозпас дода шавад. Вале Осорхонаи Бритониё ин талаби Тоҷикистонро рад кард ва аммо баъдан эълом дошт, ки омодааст намоиши нусхаҳои ёдгориҳои “Хазинаи Омӯ”-ро дар Тоҷикистон ташкил кунад.

Музаффар Азизӣ - раиси идораи ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва ташхиси ҳунарии вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд: «Осорхонаи Бритониё ягон ганҷина ё экспонатҳоро, ки маҳфуз медорад, барнамегардонад. Баъдан дар қарни 19, вақте ин хазина ёфт шуд, ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надошт. Дар ин музеи овозадор на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз тамоми гӯшаву канори олам, ҳатто аз Африқову Ҳиндустон низ бозёфтҳоро нигоҳ медоранд ва ҳифз мекунанд. Тасаввур
кунед, агар ин гаҷинаи мо ба дасти савдогарону бозаргонони кишварҳои дигар меафтод, тақдираш чӣ мешуд? Шояд нобуд мешуд. Вале дар музеи Бритониё онҳоро ҳифз карданд ва ба онҳо умри дубора бахшиданд. Бояд шукрона кунем, ки онҳо ҳастанд ва бояд онҳоро ба насли ҷавонамон шинос кунем. Ноумед шудан ҳам нашояд. Ягон вақту шароите фароҳам меояд, ки ин хазинаи мо дар аслаш баргардонида шавад. Аммо ҳоло барвақт аст дар ин бора гуфтан. Мутаассифона, бархе расонаҳо сару садо мекунанд, ки чаро барнагардонданду дигару дигар. Набояд фаромӯш кард, ки чанд муддат пеш чунин норизоиятҳо пайдо шуданд ва инҳо ба гӯши масъулини музеи Бритониё расид ва боз чанд муддати дигар лозим шуд, ки миёни мо гармӣ пайдо шавад ва дар ин самт ба ифоқа бирасем. Ё гирем, ин ганҷина баргардонида шуд, магар мо ҳоло осорхонае бо тамоми шароиту имконоти нигаҳдории онҳоро ва ё мутахассисони ботаҷрибаро дорем, ки онҳоро нигаҳдорӣ карда тавонанд? Не. Ҳарчанд осорхонаи нави мо сохта мешавад, бояд чунин шароиту имконотро дошта бошем ва баъдан талаб кунем, ки хазинаву ганҷинаҳои таърихии мо баргардонида шаванд. Вале ба ҳар сурат ноумед шудан лозим нест."
XS
SM
MD
LG