Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Ҳайит: “Ба тафтиши одилона зиёд эътимод надорам”


Муҳаммадалии Ҳаит. Акс аз соли 2007
Муҳаммадалии Ҳаит. Акс аз соли 2007

Аз ҳодисаи лату кӯби муовини раиси ҲНИТ чаҳор рӯз гузашт. Муҳаммадалӣ Ҳайит мегӯяд, ин қазия сиёсӣ буда, бо интихоботи президентӣ иртибот мегирад.

Баъди як рӯзи муолиҷа дар бемористони марказии Қарияи боло (бемористони ҷумҳуриявии ба номи Диякови Душанбе), ин сиёсатмадори маъруф муолиҷаро дар шароити хона идома медиҳад. Дар сӯҳбати телефонӣ бо Ҳаит радиои Озодӣ аз ҳолу аҳволи ӯ пурсон шуд:

Ҳаит: Феълан вазъи саломатии банда хеле ҳам хуб шудааст. Феълан дар хона табобат мегирам.

Озодӣ: Табибон чӣ мегӯянд – ба шумо чӣ осебе расидааст?

Ҳаит:
Такони мағзии дараҷаи миёна, лату кӯбе, ки ба пушт ва самти чапи болои косахонаи сар расидааст ва ноҳияи қабурға. Ин аст осеби мо, вале шукри Худо, зиндаву саломатем.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:46 0:00
Линки мустақим


Озодӣ: Шумо метавонед рӯйдодҳои шоми 19 апрелро бори дигар ёдовар шавед, ки ин ҳамла дар чӣ шароите рӯй дод?

Ҳаит:
Он шом, наздикиҳои намози шом ман аз кор берун омада соатҳои 7:30 ба даромадгоҳи хона ворид шудам, ки ногаҳон як нафар ба ман дарафтод. Ӯ бо мушти оҳанине ба сарам кӯбиду маро аз по даровард. Баъд ду нафар маро дар​ҳудуди се то панҷ дақиқа лату кӯб карданд. Ва ҳамон лаҳзае, ки ҳамсояҳо бохабар шуданд, онҳо фирор карданд.

Озодӣ:
Шумо ҳамлагаронро намешинохтед.

М.Ҳаит дар бемористон
М.Ҳаит дар бемористон
Ҳаит: На. Ман танҳо вақти роҳ рафтан чеҳраи як нафарашонро дидам ва ҳамсояҳо ҳам баъдан гуфтанд, ки онҳоро дида буданд.

Озодӣ: Ба андешаи шумо, сабаби ин ҳамла чӣ буда метавонад?

Ҳаит: Ин ҳамла ба фаъолияти сиёсии банда рабт дорад, ба суҳбатҳое, ки ахиран дар матбуот ва дар мулоқот бо баъзе мақомоти ҳокимияти марказӣ анҷом дода будам. Ягон рабте ба масоили иҷтимоӣ ва ё хонаводагӣ надорад. Ман бо касе ҷанҷоле надоштаам. Ин кор қасдан буд ва амале, ки онҳо анҷом додаанд, хоси гурӯҳҳои махсус аст, ки сару рӯро абгор мекунанд.

Озодӣ: Яъне шумо ин қазияро сиёсӣ мепиндоред?

Ҳаит: Бале, сиёсӣ аст.

Озодӣ:
Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ гуфт, гуруҳҳое манфиатдори инанд, ки бо чунин ҳамлаҳо Ҳизби наҳзатро ба иғво таҳрик диҳанд. Бардошти шумо ҳам чунин аст?

Ҳаит: Бале, бардошти банда ҳам чунин аст, ки беш аз ду соли охир Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зери тазъйиқу фишори мақомоти иҷроия ва интизомӣ қарор дорад. Ҳама протоколи 3220 ва ҳам ҷаласаи Шӯрои амнияти моҳи феврали соли ҷориро ба хубӣ дар ёд доранд. Дар ин ҷаласа ҳам дар робита бо ҳизб таъкидҳои хеле ҷиддӣ шудааст. Қабл аз ин ҳодиса, нозири минтақавӣ ду маротиба ба хонаи ман омад. Ман бо он одам рӯбарӯ не, телефонӣ сӯҳбат доштам. Гӯё аз боло дастуре шудааст, ки мақомоти умури дохила шахсиятҳои машҳури сиёсиро, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд, бояд зери назорат бигиранд. Гӯё ин ҳама кор ба интихобот рабт доштааст. Ман бо ӯ баҳси зиёде доштам ва гуфтам, ки агар зери назорат ҳамин бошад, пас мо аз ин безорем.

Озодӣ:
Ҷараёни тафтиш то ҳол ба куҷо расидааст? Муфаттишон бо худатон гуфтугӯе доштанд?

Ҳаит: Шаби ҳодиса муовини вазири умури дохила генерал-майор Шералӣ Сабзов, сардори Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе Абдураҳмон Бузмаков ва масъулини зиёде ба шифохона омада буданд ва субҳ ҳам дар он ҷо бо ман сӯҳбатҳое доштанд. Парвандаи ҷиноӣ аз ҷониби шӯъбаи корҳои дохилӣ боз шудааст, таҳқиқ идома дорад, бубинем, то куҷо мерасем.

Озодӣ:
Маҷмаи парлумонии САҲА аз ҳамла ба шумо изҳори нигаронии амиқ карда, хостори ба масъулият кашондани омилони ин ҳамла шудааст. Раиси ин ниҳод Волфганг Гроссрук гуфтааст, ки таҳқиқи ин қазия бояд аз сӯи «мақомоти босалоҳият, холис ва мустақил» анҷом шавад. Ба фикри шумо, оё воқеан ҳам зарурате барои таъсиси як комиссиюни мустақили таҳқиқи ин ҳодиса зарур аст, ки дар оянда пеши роҳи ингуна ҳамлаҳо гирифта шавад?


Ҳаит: Назари ман дар робита бо изҳороти сахте, ки аз ҷониби созмонҳо мешавад, ин аст, ки онҳо баъдан ин изҳороти худро дунбол намекунанд. Дар Тоҷикистон ҳеҷ як қазия мунсифона ва аз рӯи адолат таҳқиқ нашудааст. Ва ҳар кас, ки корфармо аст, қазияро ба манфиати худ ҳал кардааст. Қазияи Ҳикматулло Сайфуллозода, дигар қазияҳои лату кӯб ва ба додгоҳ кашидани журналистонро ёд дорем, ки ҳеҷ яки онҳо мунсифона ва ба манфиати ҷабрдидаҳо ҳал нашудааст. Ман ҳам аз ин қазияе, ки сари ман ва сари ҳизб омадааст, нигаронам. Дуо мекунем, ки ҳукуматдорони мо аз инсоф кор гирифта қазияро мунсифона ҳал кунанд.
XS
SM
MD
LG