Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

М.Ҳамроқулова: Кӯчиданам ба Амрико ба маънои тарки Тоҷикистон набуд


Акс аз бойгонии оилавии Махфират Ҳамроқулова гирифта шудааст

Акс аз бойгонии оилавии Махфират Ҳамроқулова гирифта шудааст

Овозхони маъруфи тоҷик дар як сӯҳбати ихтисосӣ аз шаҳри Ню-Йорк дар бораи зиндагиаш дар Амрико нақл кард.

Овозхони маъруфи тоҷик дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ аз шаҳри Ню-Йорк дар бораи муҳоҷираташ ба Амрико, зиндагиаш дар ин кишвар ва назараш ба мусиқии имрӯзи Тоҷикистон нақл кард. Зимнан, соли 2014 оркестри овозадори «Гулшан», ки Махфират Ҳамроқулова яке аз овозхонҳои он буд, 50-солагии таъсисёбиашро таҷлил кард. Хонум Махфират таронаи нави худро тақдими ҳаводоронаш кард.

Озодӣ: Бигӯед, зиндагиатон дар ИМА чӣ хел мегузарад?

Махфират Ҳамроқулова: Пеш аз ҳама ҳамватанони азизро бо Соли нав табрик карда, саломативу бурдборӣ ва ҳам амалишавии орзуҳоро таманно мекунам. Дар Амрико ман қариб 19 сол аст зиндагӣ мекунам. Албатта, осон набуд, вале мушкилоти бисёр дигар пушти сар шуд. Мехоҳам, ки дӯстонамро барои дастгириву кӯмак ташаккур кунам. Бахусус, барои пуштибониашон дар солҳои аввали зиндагиамон дар Амрико. Яке аз онҳо дӯст ва ҳамкорам Тамара Пӯлодова мебошад, ки ҳамроҳ дар оркестри «Гулшан» кор кардем. Ман якбора баъди ин ҷо омадан бо мусиқӣ машғул нашудам, ин кор тадриҷан сурат гирифт, чунки дар ҷои нав бояд ҳамаро аз сифр шурӯъ мекардем. Вале бо гузашти вақт, дастае ташкил шуд, ки ба он аҳли ҳунар ва ҳамфикрон пайвастанд. Мехоҳам махсус нақши Жора Ҳасановро таъкид кунам, ки ӯ навозанда ва оҳангсоз аст. Вай аз ҷумла барои тозаву нав садо додани баъзе сурудҳои қадимаи ман хеле заҳмат кашид.

Озодӣ: Яъне шумо аз зиндагӣ дар Амрико розӣ ҳастед ва ҳеҷ гоҳ пушаймон нашудед, ки якбора ҳама чиз – дӯстону наздикон, мухлисонатонро канор гузошта ба кишвари дигар кӯчидед?

Махфират Ҳамроқулова: Бале, ман миннатдорам, ки мухлисони зиёдам на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Самарқанду Бухоро, дар Алмаато зиндагӣ мекунанд. Кӯчидани ман ба Амрико ҳеҷ гоҳ ба маънои тарки пурраи Тоҷикистон набуд. Имконе шуд, ки барои худам як ҷаҳони навро кашф карда дар кишвари дорои фарҳанги нав зиндагӣ кунам. Ин чиз барои ғанӣ шудани ҷаҳонбинии ман ва ҳам барои беҳтар шудани малакаи ҳунарии ман кӯмак кард. Ин ҷо афроди ҳунарманд зиёд ҳастанд ва аз онҳо бисёр чизро омӯхтан мумкин аст. Хушбахтона, рафту омад озод шуд ва ман ҳам ҳар сари чанд ба Тоҷикистон рафта бо ҳамкоронам вомехӯрам. Ман шиносҳои нав пайдо мекунам ва ҳамин рангинии зиндагӣ маро хеле хушнуд мекунад.

Озодӣ: Пас мухотабони шумо – шунавандаҳоятон дар Амрико кистанд?

Махфират Ҳамроқулова: Ман ҳамеша бо мусиқӣ машғул будам, чунки ин ҳамон ҳавоест, ки ман нафас мекашам. Шунавандаҳои ман – ҳамватанони мананд, манзур на танҳо тоҷикистониҳо, балки ҳамсояҳо аз дигар кишварҳо ҳам мебошанд, ки барои кору таҳсил ин ҷо омадаанд.

Озодӣ: Зиёд мегӯяд, ки афроди саршинос баробари кӯчидан ба як макони нав, якбора одами қаторӣ мешаванд, маъруфияти худро аз даст медиҳанд, баъзе эҳсос мекунанд, ки ба касе лозим нестанд. Барои шумо ҳам шояд ин эҳсос бегона нест?

Махфират Ҳамроқулова: Одами қаторӣ чӣ маъно дорад? Ман шахси фавқулодда нестам ва ҳеҷ гоҳ дар осмон парвоз намекардам. Барои он ки ба одамон лозим бошед, бисёр кор кардан даркор ва самимияту одамгариро фаромӯш кардан даркор нест. Онҳое, ки мегӯянд, ки ба касе лозим нестанд, шояд дигар пешрафт карда натавонистанд. Бале, мо бояд ба зиндагии нав мутобиқ мешудем ва ин талошҳо на ҳамеша ҳамвору хуб гузаштаанд. Вале дар ин самт ҳам кӯмаки дӯстон ёрӣ карду ҳам масъулият дар баробари оила. Рости гап, такягоҳи ман – шавҳарам, фарзандон ва дӯстонам ҳастанд.

Озодӣ: Ҳоло муҳоҷират хоси бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам шудааст. Шумо кадом машваратҳое аз зиндагии худ доред, ки барои онҳо дар пешбурди зиндагӣ дар ҷои нав кӯмак шавад?

Махфират Ҳамроқулова: Як чизро бояд гуфт, ки ҳеҷ гоҳ чизе баосонӣ даст намедиҳад. Вале агар кас ноумед нашуда, пайваста ба сӯи мақсадаш ҳаракат кунад ва ҳатто дар оғоз дар ҷои барояш бегона кор кунад, албатта муваффақ мешавад. Сирри Амрико ҳам дар ҳамин аст. Одамони собитқадам ва меҳнатдӯст ҳатман ба муродашон мерасанд.

Озодӣ: Шумо аз таҳаввулоти Тоҷикистон пайгирӣ мекунед? Агар ҳа, пас кадом навоварӣ бароятон писанд будааст?

Махфират Ҳамроқулова: Бешубҳа, ман аз рӯйдодҳои Тоҷикистон пайгирӣ мекунам, ин ватани ман аст. Ман ватанамро дӯст медорам. Ман аз он чиз шодам, ки Душанбе сол ба сол зеботару бузургтар мешавад. Тағйироти симои меъмории шаҳр зуд ба чашм мерасад. Шаҳр тозаву покиза аст, одамони хушлибос ҳам зиёданд.

Озодӣ: Шумо бо ҷамъияти тоҷикони Амрико дар тамос ҳастед?

Махфират Ҳамроқулова: Ҷамъияти тоҷикон дар Амрико дар ин солҳо хеле тавсеа ёфтааст ва ҳамватанони зиёди мо дар ин ҷо муваффақ шуданд. Бизнеси худро боз карданд, тарабхонаҳои зиёде таъсис доданд, ки мо дар он ҷо барои таҷлили идҳоямон – иди Наврӯз, рӯзи Истиқлолият, арӯсиҳо ҷамъ мешавем. Умедворам, ки як маркази фарҳангии тоҷикон ҳам таъсис мешавад, чунки ҷамъиятҳои миллии дигар аллакай ин корро кардаанд. Мо ҳам бояд ин корро кунем. Дар Амрико ягон кори ғайриимкон вуҷуд надорад. Фақат хуб талош ва кор кардан лозим, ки ба мақсад бирасед.

Озодӣ: Дар бораи мусиқии имрӯзаи тоҷикӣ шояд аз Интернет хабар доред?

Махфират Ҳамроқулова: Бале, Интернет ҳамаро наздиктар кард, вале ман бо мусиқии тоҷикӣ на танҳо тавассути Интернет ошно ҳастам. Ҳамватанони зиёди ман ба Амрико меоянд, консертҳо барпо мекунанд. Ман хеле зиёд ба ин консертҳо меравам, ба ман писанд аст, ки эстрада дар кишвари мо хеле пешрафт кардааст. Мусиқӣ хеле рангоранг аст, оҳангсозону бастакорони хеле хуб пайдо шудаанд ва фикр мекунам, мусиқии имрӯза дар самти дуруст пеш меравад.

Озодӣ: Пас аз миёни овозхонҳои тоҷик таронаҳои киро бештар меписандед?

Махфират Ҳамроқулова: Барои худам чанд овозхони боистеъдодро қайд кардаам. Инҳо Нигина Амонқулова, Нозияи Кароматулло, Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов ва Фарзонаи Хуршед ҳастанд ва орзу дорам, ки ояндаи дурахшон дошта бошанд.

Озодӣ: Дар бораи зиндагии хусусии худ бигӯед.

Махфират Ҳамроқулова: Зиндагии ман дар ҳалқаи оилаи азизам мегузарад. Ин фарзандону наберагон, ҳамсару дӯстонам мебошанд. Ва Соли навро ҳам мисли дигар идҳо, ман кӯшиш мекунам, ки дар ҳалқаи оилаам қайд кунам. Дар оилаи мо ҳама меҳрубону тифоқанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG