Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷӯрабек Муродов: "Худо ба ҳама инсоф ва адолат диҳад"


Ҷӯрабек Муродов по писарҳояш Ҷонибек ва Хусрав

Ҷӯрабек Муродов по писарҳояш Ҷонибек ва Хусрав

Рӯзи 24 декабр овозхони маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов 73-сола шуд. Дар як тамоси телефонӣ аз шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Муродов ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод

Рӯзи 24 декабр овозхони маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов 73-сола шуд. Дар остонаи ин сана дар шабакаи Интернет оҳанги нави муштараки ӯ ва писараш Ҷонибек Муродову овозхон Валиҷон Азизов – “Ало шодоб соҳилҳо” нашр шуд. Клипи ин оҳангро дар як ҳафтаи аввали баъди нашраш даҳҳо ҳазор нафар тамошо карданд. Дар як тамоси телефонӣ аз шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Муродов ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод

Озодӣ: Зодрӯз ва Соли нави шумо муборак шавад. Нақшаҳоятон барои соли 2015 чӣ аст?

Ҷӯрабек Муродов: Имрӯз фаҳмам, шогирдон дар Хуҷанд бо сурудҳои ман консерте барпо кардаанд. Дар Душанбе ҳам чунин будааст. Бовар кунед, шогирдон дар Самарқанд, Бухоро, Сирдарё – ҳама бо сурудҳои ман консерт ташкил мекунанд. Ин ҳама як хушбахтӣ аст. Имсол ман 32 суруд хондам, аз шеърҳои Рӯдакӣ сар карда то Фарзона. Нақшаҳо дар соли 2015 ҳамин аст, ки ансамбли худро, худо хоҳад, дар Душанбе, баъд дар Самарқанду Бухоро ва агар шавад, дар хориҷа ҳам муаррифӣ кунем. Як орзуи дигар ҳам дорам, ки омехтаи балети аврупоӣ ва сурудҳои классикии "Шашмақом" як консерте барпо кунам.

Озодӣ: Шумо солҳои охир ҳамроҳ бо Ҷонибек зиёд ҳамкорӣ мекунед, дар жанрҳои нав ба нав таронаҳо иҷро мекунед. Ин ба кадом маъност – дастгирии писар дар саҳнаи калон ва ё кӯшиши андӯхтани таҷрибаи нав дар жанрҳои нави мусиқӣ?

Ҷӯрабек Муродов: Ҷонибек мехоҳад, ки маро ҷавонҳо ҳам шиносанду донанд. Ман худам солҳои 1967-68 дар эстрада ва ҳамроҳ бо оркестрҳои симфонӣ сурудҳо иҷро мекардам. Ҳоло маро ҷавонҳое, ки намешиносанд, мебинанд. “Ин падари Ҷонибек” мегӯянд, медонед ман чӣ қадар хурсанд мешавам! Ҳар кас дар давраи худаш зиндагӣ мекунад, бо муҳити худаш, бо қаҳрамонҳои худаш.

Озодӣ: Пас назаратон ба мусиқиҳои нав ба нави замони имрӯз чӣ аст? Шумо медонед, ки бисёри ҳамкасбонатон, ки ба мусиқии суннатӣ ё миллӣ одат кардаанд, ҳатто баъзе жанрҳои мусиқӣ назири рэп ё ҳип-ҳопро бегона ба фарҳанги миллӣ мегӯянд.

Ҷӯрабек Муродов: Кам бошад ҳам, ман каме дунёро гаштаам. Ҳамин Coca-Cola дар мо набуд, омад, халқ ба он часпид. Сақичи нав ба нав набуд, часпид. Матои ҷинс ҳам набуд, часпид. Чизҳои Хитой баровардагӣ ҳам часпид. Ҳар як чиз давру замони худро дорад. Рэпу эстрада ҳам ҳамчунин. Ман хоҳам ё нахоҳам, ин чиз мешавад. Мешаваду як давраи муайян мегузараду баъзеаш худ аз худ аз байн меравад. Чизҳои классикиро барои чӣ классикӣ мегӯянд? Чунки дар тамоми давру замон он чиз ҳаст. Худо хоҳад, мо рэп ҳам мехонем, эстрадаро ҳам мехонему лекин ҳамон "Шашмақом"-у сурудҳои миллӣ, фалаку рубоиёти зарафшонии мо боз ҳам хоҳанд монд. Ҳама чиз ҷои худро дорад.

Озодӣ: Як савол аз таҳаввулоте дар беруни Тоҷикистон. Мо шоҳиди ҳодисаҳои зиёде шудем, ки вақте низоъҳои Украина сар шуд, як қатор ситораҳои маъруфи Русия аз дигар ҳамкоронашон даъват карданд, ки ба он ҷо нараванд ва ба мардуми Украина консерт надиҳанд. Айни замон, шахсе мисли Андрей Макаревич зери фишори шадиди ҳамватанонаш қарор гирифт, ки мутобиқ ба мақоми инсониву граждании худ амал кард ва ба Украина бо консерт рафт. Дар Ӯзбакистон баъди ҳодисаҳои Андиҷон дар соли 2005 овозхони маъруф Шералӣ Ҷӯраев ба қавле персона нон-грата шуд, вайро аз ҳаққи овозхонӣ маҳрум карданд. Ба фикри шумо, оё овозхонону умуман аҳли фарҳанг метавонанд позитсияи гражданӣ дошта бошанд ва агар на, чаро?

Ҷӯрабек Муродов: Шумо медонед, ки вақте давраи Шӯравӣ ман депутат шудам, ба баъзеҳо писанд набуд. Шералӣ Ҷӯраев ҳам ҳамин хел шуд. Санъат сарҳад надорад. Санъат забон надорад. Қатъи назар аз он ки ба ман мегӯянд, ба Ӯзбакистон наравам, он ҷо миллионҳо тоҷик ҳаст. Ин ҷо миллион ӯзбек ҳаст. “Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор,” гуфтаанд. Гуфти Худоро накунем, Худо хафа мешавад. Худо ба ҳама баробар офтобу обу заминро додааст. Бояд ки Худо ба ин сиёсатмадорҳо ҳам инсоф диҳад, то ки санъату адабиётро дӯст доранд. Устод Турсунзода пеш аз вафоташон гуфтанд, ки “Халқи олам дӯст бо мо гаштааст...” Мо як давлати бузурги дорои 300 миллион аҳолӣ будем. Эҳтиёт накардем, давлат пош хӯрд. Акнун роҳашро кофта мегардем, ки дӯстӣ кунем. Дӯстии Русияву Украина гум шуд, сад афсӯс. 70-100 сол хишти дӯстӣ гузошта шуду дар они воҳид пош хӯрд. Ба роҳбарон, ба ҳама, ба ман – инсоф диҳад. Мо мехоҳем, ки дар дунё сулҳ бошад, ки мо сурудамонро хонда тавонем.

Озодӣ: Шумо шахсан пас пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро чӣ гуна қабул кардед?

Ҷӯрабек Муродов: Ба ғайр аз худо, камбудӣ дар ҳама банда ҳаст. Мо агар фақат камбудӣ кобем, ҷанг тамом намешавад. Мо бояд фақат ақли солимро кор барем, роҳи сулҳро бинем. Дар фарҳангҳои дигар, масалан дар Қафқоз ё дар араб “хунро бо хун мешӯянд”. Ин ба маънои қассос аст. Танҳо дар китобҳои тоҷикӣ “хунро бо об бояд шуст” навиштаанд. Мову шумо набояд ҷанг кунем ва барои ҳамин ҳам дар Тоҷикистон сулҳ шуд.

Ҷӯрабек Муродов дар ҳалқаи ҳамсар ва писараш

Ҷӯрабек Муродов дар ҳалқаи ҳамсар ва писараш

Дар ҳамин дунё инсон як бор зиндагӣ мекунад, ҳамин душманӣ ба кӣ даркор? Душманро дӯст кардан даркор. Чаро? Масалан, ин душман аст ва ман ӯро бад мебинам. Тасодуфан як коре шуду набераи ман набераи вайро дӯст дошт. Ана, бинед, ки мо хешу табор шудем. Барои ҳамин, бояд ҳаракат кард, ки сулҳ шавад ва ба раҳбароне, ки сари миз менишинанд, худо ба онҳо инсоф диҳад. Ҷаҳолатро канор гузошта, адолатро пеша кунанд.

Озодӣ: Вақте шумо ба таҳаввулоти ахири Тоҷикистон нигоҳ мекунед, мешавад мавридҳое, ки мехоҳед баъзе чизҳо дар ҷараёнҳои сиёсӣ ва ё ҷамъиятӣ ислоҳ шаванд, дигар шаванд?

Ҷӯрабек Муродов: Вақте шумо дар бораи пошхӯрии СССР гуфтед, ин чиз барои ман як фоҷеаи шахсӣ шуд. Чаро? Он вақтҳо санъати тоҷикро дар ҳама ҷо мешинохтанд, мо ба ҳамаи 15 республика рафта ҳунарнамоӣ мекардем. 20 сол шуд ин сафарҳо хеле кам шудаанд. Медонед, оқибати ҳар кор сулҳ ё пушаймонӣ аст. Мо як ҷанги бемаъниро пушти сар кардем, ҳоло ҳама оринҷ мегазанд. Мо 50 сол қафо мондем. Ҳоло ҳамин Украина ва Русия ҳам пушаймон мешаванд. Ин як бадбахтӣ аст. Мо мехоҳем, ки дар Тоҷикистон ҳамеша сулҳ бошад, ҳамсояҳо ором бошанд, рафту омад барқарор шавад. Мо ҳам барои ҳамин истиқлолият ҷон кандем. Вақте Лоиқ “Забонгумкарда”-ро навишту ман онро иҷро кардам, мисли як гимн шуда буд. Вале ҳоло ман ба ягон чиз ҳамроҳ намешавам. Ман дурӯғ гуфта наметавонам.

Озодӣ: Яъне шумо дар даруни дили худ орзурдагие, ранҷишҳое доред?

Ҷӯрабек Муродов: Не, ман аз тақдирам розӣ ҳастам. Рӯдакӣ хурсанд набуду рафт, бо Фирдавсӣ чӣ карданд, бо Ҳилолӣ, бо Айнӣ чӣ карданд – 75 чӯб заданд. Зиндагӣ ҳамин будааст, шукр. Вазифаи ман – ҳамчун овозхон эҷод кардани барномаву сурудҳои нав ба нав ва хизмат ба мардум аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG