Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андӣ: «Таронаҳоям садои дили мардони тоҷик аст»


Андӣ Мададиён, сарояндаи машҳури эронии муқими Амрико ба Тоҷикистон омад ва рӯзи 5-уми май барои ихлосмандонаш ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Дар ин барномаи ҳунарӣ, Андӣ Мададиёнро ҳунарманди ҷавон ва шинохтаи тоҷик Ҷонибеки Мурод ҳамроҳӣ мекунад. Дар аввалин лаҳзаи вуруди худ ба Тоҷикистон, Андӣ Мададиён пойи суҳбати "Озодӣ" нишаст ва ба пурсишҳои мухталиф дар бораи зиндагӣ ва ҳунараш посух гуфт.

«Озодӣ»: «Шумо қаблан ду дафъа ба Тоҷикистон сафар доштед. Хадафи ин сафар чист?»

Андӣ: «Омадем як бори дигар консерт нишон диҳем ва мардуми Тоҷикистонро хушҳол кунем.»

«Озодӣ»: Боз чӣ нақшаҳо доред дар ин сафар?»

Андӣ: «Ин ҷо як дӯстам арӯсӣ дорад. Мехоҳам он ҷо биравам. Канори дарё меравам. Мехоҳам равам ба дидани оғои Ҷӯрабек Муродов ва оши наҳор бихӯрам. Дӯстонамро мехоҳам бубинам. Ду рӯз барвақттар аз консерт омадам, то онҳоро бинам. Рустам, Садриддин ва Шабнам дӯстони мананд.»

«Озодӣ»: «Мегӯянд, ҳунармандони хориҷӣ аз сафар ба Тоҷикистон даромади молие ба даст намеоранд. Пас, ин қадар роҳи дарози заминию ҳавоиро паймудан ба хотири чист?»

Андӣ: «Ҳақиқаташ ин аст, ки мо ба ҳар кишваре меравем, ба андозаи даромади мардуми он пул мегирем. Агар ба кишваре биравем, ки мардум пул доранд ва билетҳоро саддолларӣ мехаранд, мо ҳам зиёд пул мегирем. Агар кишваре равем, мардум камтар пул доранд, мо ҳам камтар мегирем. Махсусан ҳадафи сафари ман ин нест. Худо ҳар касро як қадар рӯзӣ медиҳад. Агар мақсад бизнес буд, аслан намеомадем. Ба хотири дидори дӯстон омадам.»

«Озодӣ»: «Бо онҳо ҳамкорӣ доред?»

Андӣ: «Бале, як оҳанг дорам бо номи «Бародари ҳамзабон», ки онро ман, Рустам ва Эҳсон Амон, сарояндаи афғон хондаем. Он барои мардуми форсизабон аст ва дар Амрико хеле муваффақ буд. Бо Шабнам дар чанд ҷашнвораи мусиқӣ дар Ню-Йорк будам. Бо Ҷонибек хеле дӯстони қадимӣ ҳастем. Аз бачагиаш ӯро мешиносам. Ҳоло хонандаи хубе шудааст. Ҳар боре Амрико меояд, барномаҳояш хеле муваффақанд. Дар ин консерт як оҳанг бо ҳам мехонем. Рустам ҳам хонандаи хуб аст, бо ӯ ҳам як оҳанг мехоҳам бихонам.

«Озодӣ»: «Як хонандаи тоҷик Аҳмад Шариф аст, ки зиёд ба шумо пайравӣ мекунад. Шумо ба ӯ маслиҳат дода будед, ки имиҷашро дигар кунад. Ҳоло дар бораи ӯ чӣ иттиллое доред?

Андӣ: Имрӯз ӯро дидам, ба назарам либосу мӯйҳояшро каме дигар кардааст. Вале ҳанӯз дар сабки ман аст. Ин мушкиле надорад. Ҳама хонандаҳо аввал бо пайравӣ шурӯъ мекунанд. Ман худам ҳам бо пайравӣ шурӯъ кардам. Умедворам, Аҳмадҷон ҳам тадриҷан сабки худашро пайдо мекунад ва шабеҳи худаш мешавад.»

«Озодӣ»: «Шумо ба кӣ пайравӣ мекардед?»

Андӣ: «Ман ба овозхонҳои зиёде. Мусиқии фарангиро дӯст медоштам, роки амрикоӣ ва англисиро. Мусиқии солҳои ҳафтодумро ва тадриҷан сабки худамро пайдо кардам.»

«Озодӣ»: «Аз ин чанд сафаре, ки ба Тоҷикистон доштед, бардоштатон аз мардуми тоҷику Тоҷикистон чӣ гуна аст.»

Андӣ: «Чанд соле, ки набудам, дар нигоҳам Тоҷикистон сад сол пешрафт кардааст. Хеле сареъ пешрафт мекунад. То панҷ соли дигар ин ҷо хеле рушд мекунад. Ман ба ин умедворам. Мебинам, ки мардумаш хеле заҳматкашанд. Барои ман муҳимтаринаш ин аст, ки ҳар касро мебинам, ошиқи мусиқию фарҳангу ҳунар аст.»

«Озодӣ»: «Баъзе оҳангҳои шумо моли оҳангсозони тоҷик медонад, мегӯянд, масалан, суруди «Райҳон» -ро 50-60 сол қабл оҳангсози тоҷик эҷод кардааст.»

Андӣ: «Ман намедонам. Фикр мекунам, «Райҳон» як оҳанги эронӣ ё озарист. Чун вақте хурд будам, падарам онро ба забони озарӣ мехонд. Мусиқии мардуми Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон як аст. Танҳо забонамон андаке тафовут дорад.»




«Озодӣ»: «Шумо орзуи сафар ба Эронро надоред?»

Андӣ: «Чаро? Хеле зиёд чунин орзу дорам. Ман 33 сол аст, ки дар Эрон набудам. Ҳар соле, ки мегузарад, дилам бештар таҳ мехӯрад, шояд як рӯзе биравам. Ҳар боре дар Эрон интибохот мешавад, ман умедвор мешавам, ки вазъ каме барои мо муносибтар шавад, ки баргардем. Ман, ки одами сиёсӣ нестам, оҳангҳои сиёсӣ намехонам, мухолифи ҳеҷ давлате нестам. Фақат ҳамин аст, ки мусиқиии ман мусиқии лос-анҷелесист ва он ҷо мамнӯъ шудааст. Умедворам, ки касоне, ки дар интихоботҳои баъдӣ меоянд, як каме мусиқии моро ҳам қабул мекунанд. Мусиқии мо ҳам бад нест, ҷавонҳоро хушҳол мекунад. Вуҷуди мо он қадар бад нест, ки мамнӯъ бошем. Мутмаинам, рӯзе ин мамнӯъият бардошта мешавад ва мусиқӣ мисле, ки дар Тоҷикистон ҳаст, дар Эрон ҳам озод бошад.»

«Озодӣ»: «Оё ягон бор пушаймон нашудед, ки тарки Ватан кардед?»

Андӣ: «Ман ба Амрико барои таҳсил дар риштаи мусиқӣ рафта будам. Баъд инқилоб шуд. Мумкин ба назар ояд, ки мо тарк кардем. Вале баъди он ки дар Эрон мусиқии мо мамнӯъ шуд, он ҷо дигар ҷои ман набуд. Чун тамоми вуҷуди ман бо мусиқӣ зинда аст. Агар мусиқӣ набошад, пас будани ман он ҷо фоида надорад. Дар Амрико ҳам мардуми мазҳабӣ мусиқии попу рокро дӯст намедоранд. Дар ҳамаи дунё мазҳабиҳо муҳофизакоранд. Ман барояшон ишколе намегирам. Аз назари ман, ҳар кас бояд ба сабки худаш зиндагӣ кунад. Ман ба онҳо кор надорам. Фақат бояд ман ҳам иҷоза дошта бошам, ки ба сабки худам зиндагӣ кунам. Ба ҳамин хотир ҳам ман дар Амрико ҳастам, чун метавонам ҳар суруде мехоҳам, гӯш мекунам ва ҳар ҷои дунё мардум мехоҳанд суруди маро гӯш кунанд, ба он ҷо меравам. Ҳеҷ вақт касеро маҷбур намекунам. Ман муҳофизакоронро ҳам комилан мефаҳмам. Имсол як таҳаввул хоҳад буд. Ман бештар аз ҳар сол дилам мехоҳад, бо ҳунармандони дохили Эрон дар ин замина кор кунам. »

«Озодӣ»: «Дар хусуси зиндагии хонаводагиатон чӣ ҳарфе мехоҳед бигӯед. Агар иштибоҳ накунам, соли гузашта издивоҷ кардед?»

Андӣ: «Ман бо Шани чанд сол зиндагӣ кардам ва билохира порсол издивоҷ кардам. Шаби арӯсии хеле зебо ва хотираи ширине буд барои ману дӯстон ва хонаводаам. Мо дар Амрико зиндагӣ мекунем ва он ҷо тарзи зиндагии мардум фарқ дорад. Ман намехоҳам тарзи фикри ҷавонони ин ҷоро иваз кунам. Ҳар мамлакат ба тарзи худаш фикру зиндагӣ мекунад ва ман ба онҳо эҳтиром дорам. Вале ман дар чунин фикрам, ки мардҳо бояд дертар издивоҷ кунанд, ки ақлашон ба сарашон ояд.»

«Озодӣ»: «Фикр мекунед, мисли Шумо баъд аз панҷоҳсолагӣ?»

Андӣ: «Бале, барои ман ин қадар тӯл кашид. Зуд издивоҷ кардан фақат он вақте лозим аст, ки кас ошиқ шавад ва мутмаин аст, ки фақат ҳамин касро мехоҳад ва метавонад бо ӯ зиндагӣ кунад. Вагарна беҳтар аст, ки ҳам мардҳо ва ҳам занҳо думболи таҳсилу кор бираванд. Барои мамлакату ҷомеа одамони муҳиму муассире бошанд ва баъд издивоҷ кунанд.»

«Озодӣ»: «Фарзанд доред?»

Андӣ: «Не, ҳанӯз, вале ду-то саг дорам. Ҳардуашон духтар, номашон Изобелла ва Луна. Боз асп дорем ва мазраае дорем, ки асп он ҷо нигаҳбонӣмешавад. Ман ҳайвонотро дӯст медорам ва барои ҳамин веҷетериан ҳастам. Сӣ сол аст гӯшт нахӯрдаам. Дар Тоҷикистон ҳам худро роҳат эҳсос мекунам, чун нону панир ва сабзиҷоти хуб доранд.»

«Озодӣ»: «Мардҳои тоҷик барои баёни муҳаббат ба ҳамсарашон хиҷолат мекашанд. Шумо метавонед барои онҳо намуна бошед ва тавассути «Озодӣ» ба ҳамсаратон изҳори муҳаббат кунед?»

Андӣ: «Ман аз мардҳои тоҷик бештар хиҷолатитарам. Ман ҳам хиҷолат мекашам, вақте дар бораи ҳамсарам суҳбат кунам. Ман бештар бо сурудҳоям сухан мегӯям. Гумон мекунам, таронаҳоям баёнгари дили ҳар марди тоҷик аст ва метавонад бо он рози дилашро бигӯяд.»
XS
SM
MD
LG