Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз мадраса то мактаби мусиқӣ: Чил ҳунари Муслиҳиддин Мирзоев


Муслиҳиддин Мирзоев

Муслиҳиддин Мирзоев

Сӯҳбати ихтисосии Радиои Озодӣ бо Муслиҳиддин Мирзоев, овозхони 13-солае, ки алакай пой ба зинаҳои баланди шӯҳрат гузоштааст.

Баъди иҷрои таронае бо номи «Модарам», ки Муслиҳиддин Мирзоев дар маросими таҷлили Иди модарон дар Кохи Борбад суруд, Муслиҳиддин машҳур шуд ва мухлисони зиёде пайдо кард. Муслиҳиддинро дар он консерт ҳатто раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон навозиш кард ва ба тобеъонаш амр ҳам дод, ки барои ин хонандаи наврас тамоми шароитро фароҳам биоранд.


Муслиҳиддин хоҳарзодаи Зулфиқору Вайсиддину Достон Азизовҳо - асосгузорони гурӯҳи машҳури "Анис" мебошад ва мегӯяд, таҳти тарбияи чунин тағоҳо пой гузоштанаш ба майдони ҳунар як амри табиӣ буд.

Аммо дар ин ним соле ки аз шӯҳрати якбора ба сари Муслиҳиддин мегузарад, оё бо ин ҳунарманди наврас чӣ гузашт ва дар асл фикри сохтани таронаи “Модарам” аз куҷо пайдо шуд. Дар гуфтугӯи ихтисосие аз Муслиҳиддин аввал аз ҳамин тарона пурсидем.

Муслиҳиддин Мирзоев: Муаллифи ин шеър шоира Меҳринисо аст ва оҳангашро бародарам Беҳрӯз Мирзоев навиштааст. Мо то ҷашни 8-март ин таронаро чанд бор хонда будам. Баъд Ибодулло Машрабов пешниҳод кард, ки ин таронаро дар Иди модарон хонам. Ман қабул кардам.

Озодӣ: Он рӯз раисҷумҳур пешниҳод кард, ки шумо бояд таҳсилро маҳз дар мактаби мусиқӣ идома диҳед ва гуфт, барои ин кумак хоҳад кард. Оё баъди ин дар зиндагии шумо дигаргуние шуд?


Муслиҳиддин Мирзоев 5 апрели соли 2000 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ҳоло хонандаи синфи 8-уми мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев аст. То имрӯз 15 тарона хондааст. Муаллифи оҳанги ҳамаи таронаҳояш бародараш Беҳрӯз Мирзоев аст, ки ӯ аз овони хурдӣ оҳанг менависад ва ҳоло дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад.
Муслиҳиддин ҳунари сарояндагиро бештар аз тағоҳояш овозхонҳои соҳибноми дастаи ҳунарии «Анис» Зулфиқор Азизов, Достон Азизов, Вайсиддин Азизов омӯхтааст.
Ғолиби озмуни телевизионии «Овози тиллоӣ» (2011) мебошад. Соли ҷорӣ дар Озмунии ҷаҳонии мусиқӣ дар Туркия ширкат кардааст.
Муслиҳиддин Мирзоев: Бале. Ман пеш дар гимназияи исломӣ мехондам, ҳоло дар мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев таҳсил мекунам.

Озодӣ: Хондани таронаи «Модарам» бароятон душвор набуд, чун авҷи баланд ва гардишҳо дорад?

Муслиҳиддин Мирзоев: Як сол пеш вақте ин таронаро хондам, душвор набуд. Аммо ҳоло душвор аст. Хондани дигар таронаҳо не, маҳз ҳамин суруд душвор аст. Чун дар давраи гузариш ва гардиши садоям сар шудааст.

Озодӣ: Аслан кай ба сурудан оғоз кардед?

Муслиҳиддин Мирзоев: Нахустин таронаамро дар сеюнимсолагиам хондаам. То он вақт тағоям Вайсиддин Азизов бародаронамро барои сурудхонӣ ба студия мебурданд, аммо маро не. Ман мегуфтам, «ман ҳам мехоҳам хонам». Мегуфтанд, ҳоло хурд ҳастӣ. Бо вуҷуди ин рӯзе тағоям сурудеро бо номи «Модар» оварда ба ман гуфтанд, ки хон ба садоят мувофиқ аст ё не. Ман калимаҳоро дуруст тавалаффуз карда наметавонистам. Вале хондам, ба тағоям маъқул шуд. Он сурудро сабт кардем ва тариқи телевизион пахш шуд.

Озодӣ: Ба озмуни «Овози тиллоӣ» чӣ гуна роҳ ёфтед?

Муслиҳиддин Мирзоев: Ба озмун ҳам маро тағоям бурданд. Ман аввал рафтан нахостам, зеро боварӣ надоштам, ки ғолиб меоям. Чун 1700 нафар дар он ҷо ширкат мекарданд. Вале хушбахтона, аз ҳамаи даврҳо баҳои хуб гирифтам ва ғолиб омадам.

Озодӣ: Дар ягон озмуни дигар ширкат кардед?


Муслиҳиддин Мирзоев: Бале. Соли ҷорӣ дар озмуни ҷаҳонии мусиқӣ дар Туркия ширкат доштам. Аммо ин дафъа иштирокам, ғайриозмунӣ, барои тайёрӣ буд. Соли оянда, агар дар даври интихобӣ дар Тоҷикистон ғолиб оям, боз дар он ширкат мекунам. Дар он аз 141 давлати дунё сарояндаҳо ширкат мекунад.

Озодӣ: Дар наворе мебинем, ки сарояндаи машҳури эронӣ Мансур ба ҳунари Шумо кафкӯбӣ мекунад. Оё бо ӯ мулоқоти рӯ ба рӯ доштед?

Муслиҳиддин Мирзоев: Бале, ман дар ҳузури Мансур суруд хонда будам. Он ҷо бисёр ҳунармандони тоҷик буданд аз ҳунармандони эронӣ Мансур, Афшин ва Бежани Муртазавӣ. Мансур аз ман хоҳиш кард, ки сурудро ба тариқи зинда барояш сароям. Баъди хондани ман гуфт, садоят бисёр хуб аст, онро эҳтиёт кун. Пурсид, ки оҳанги онро кӣ навиштааст, ман гуфтам, «бародарам Беҳрӯз». Вай бародарамро ба наздаш даъват карда гуфт, ки барои ман ҳам оҳанг навис, барои як тарона дар васфи модар. Ман мехоҳам бо ту ҳамкорӣ кунам.


Озодӣ: Бародари шумо оҳангсози касбӣ аст?

Муслиҳиддин Мирзоев: Соли таваллуди бародарам 1994 аст. Вай аз замони таҳсил дар мактаб оҳанг менавишт. Ҳоло донишҷӯи соли сеюми Консерваторияи миллии Тоҷикистон аст.

Озодӣ: Шумо танҳо бо мусиқӣ машғул мешавед ё шуғли писандидаи дигаре ҳам доред?

Муслиҳиддин Мирзоев: Ман бештари вақтамро сарфи мусиқӣ мекунам. Ба варзиш ҳам таваҷҷӯҳ дорам. Бо футбол, теннис ва гуштин машғул мешавем. Баъд ҳамроҳи тағоям ба моҳигирӣ ва баъзан ба шикор меравем.

Озодӣ: Муносибати ҳамсолонатон бо шумо чӣ гуна аст? Оё баъди шӯҳрат пайдо кардан муносибат тағйир ёфт?

Муслиҳиддин Мирзоев: Муносибатамон тағйир наёфтааст. Мисли пештара бо дӯстонам ҳастам. Аммо бо онҳо бозӣ намекунам, вақт надорам.

Озодӣ: Ҳоло рӯи кадом тарона кор мекунед?

Муслиҳиддин Мирзоев: Як таронаи нав омода кардам бо номи «Ватан». Баъди он ки тағоям Зулфиқор Азизов аз олам гузашт, мехостам бо ёдаш марсияе хонам. Ва як тарона дар сӯги тағоям хондам.

Озодӣ: Падару модаратон ҳунари шуморо чӣ гуна дастгирӣ мекунад?

Муслиҳиддин Мирзоев: Хеле хуб. Бештар модарам ҳамроҳи ман кор мекунанд. Аз хурдӣ ба ман тарзи калимаҳоро нишон медоданд. Ҳоло ҳам вақте мехоҳам таронаҳои Аҳмад Зоҳир ё Зафар Нозимовро сароям, модарам матни он сурудҳоро аз куҷое пайдо карда бароям менависанд. Дар ҷодаи мусиқӣ тағоям Вайсиддин маро бештар дастгирӣ мекунанд.

Озодӣ: Дар оянда овозхон шуданиед ё ягон пешаи дигарро интихоб мекунед?

Муслиҳиддин Мирзоев: Мегӯянд, ки барои як мард чил ҳунар кам аст. Албатта, пешаи аслиам овозхонӣ хоҳад буд. Лекин боз мехоҳам забонҳои дигарро омӯзам, барои фарохтар шудани ҷаҳонбиниам дар мактаби байналмилалӣ таҳсил кунам. Ва ният дорам, ки ба наздикӣ барои мухлисонам консерте баргузор намоям.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG