Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба додгоҳ рафтани баҳси "Тоҷиксемент" бо як ширкати чехӣ


Корхонаи "Тоҷиксемент"
Корхонаи "Тоҷиксемент"

Як ширкати Ҷумҳурии Чехия аз додгоҳ хостааст, аз бузургтарин корхонаи давлатии истеҳсоли семент дар Тоҷикистон андаке бештар аз 2 миллион доллар қарзашро ситонда ба он ширкат баргардонад.

Дар сафорати Ҷумҳурии Чех дар Тошканд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, додгоҳи арбитражӣ дар шаҳри Маскав моҳи гузашта ин баҳсро баррасӣ кардааст ва ба эҳтимоли ғолиб ҳукм ба нафъи ширкати чехӣ хоҳад буд.

Дар ширкати EGAP, ширкати кафили қарордодҳои содиротии Ҷумҳурии Чех ва тарафи даъвогар, ба Радиои Озодӣ таъйид карданд, ки баҳси додгоҳӣ идома дорад ва ҳамин қазияи тӯлонӣ ҳамкорӣ дар иҷрои тарҳҳои дигар дар Тоҷикистонро мушкил кардааст.

Ҳана Ҳикелова, сухангӯи ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар воқеъ ин мушкили тӯлонӣ бо Тоҷиксемент, дар умум мусоидат ба ҳаргуна содирот ба Тоҷикистонро мушкил мекунад, вале айни замон ширкати EGAP ҳеҷ гоҳ нагуфтааст, ки мо дигар ҳеҷ қарордодеро бо Тоҷикистон суғурта намекунем. Мо имкон доштем, ки қарордоди дигари бунёди корхонаи сементи нав (дар Тоҷикистонро) бима кунем, вале ин корро накардем. “

Агарчӣ Ҳана Ҳикелова аз тарҳи мушахассе ном набурд, вале зоҳиран тарҳи дигар, бунёди корхонаи семент аз сӯи “Инекон Групп” бо тавоноии 500 ҳазор тонна семент дар Шаҳритус буд, ки рӯи коғаз мондааст. Талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо корхонаи “Тоҷиксемент” натиҷа надод.

Достони қарзи “Тоҷиксемент” ба 10 соли пеш бармегардад, ки дар он вақт корхонаи семент барои харидории технологияи нав ва то ба 450 ҳазор тонна афзудани истеҳсоли семент дар як сол бо ширкати «Инекон Груп»-и Чехия созишнома имзо кард. Бар асоси ин шартнома, ширкати чехӣ бояд таҷҳизоти лозим барои навсозии осиёби сементмолӣ, таъмири қӯраҳо, роҳи ҳавоии боркашӣ ва таҷҳизоти лозим барои кам кардани партобҳои зиёноварро ворид мекард ва «Тоҷиксемент» баъди навсозӣ ба по хеста, бозори дохилиро бо сементи баландсифат таъмин менамуд.


Азбаски «Тоҷиксемент» сармоя барои хариди таҷҳизоти нав надошт, соли 2004 созишномаеро барои гирифтани 10 миллион доллар қарз бо Бонки содиротии Чехия ҳам имзо кард. Аммо фурсати зиёде нагузашта, мушкилот шурӯъ шуд, зеро «Тоҷиксемент» дар иҷрои шарти гирифтани қарз, яъне пардохти 15 дар сади он ва ё якуним миллион доллар оҷиз монд. Вале дар ниҳоят бештар аз 880 ҳазор доллар пардохт кард ва бахши аввали қарзро гирифта, бо арзиши тақрибан 5 миллион доллар таҷҳизоти лозимро харид. Аз ҷумла таъмири баъзе аз хатҳо корро дар «Тоҷиксемент» осонтар кард, вале таҷҳизоти боқимонда дар анборҳои корхона зери гарду ғубор мондаанд. Зеро «Тоҷиксемент», ки бинобар қатъи гази Узбакистон, гоҳе кор мекард ва гоҳе бекор мемонд, натавонист, ҳудуди 2 миллион доллар қарзи бонки чехиро баргардонад ва ҳам барои гирифтани бақияи қарз, тақрибан 400 ҳазор доллар ҳиссаи худро бигузорад.

Аз ин рӯ бахши дуввуми қарзи 10-миллиондолларӣ, ки тақрибан 5 миллион доллари дигарро ташкил медод, ба «Тоҷиксемент» дода нашуд ва ҳамингуна тарҳи навсозии корхона нимкора монд. Бо гузашти вақт ва афзудани қарзу фоизҳои он ширкати кафили қарордод, EGAP, масъулияти ситонидани қарзро бар дӯш гирифт ва қазия то кунун идома дорад. Роберт Копетски, сафири собиқи Ҷумҳурии Чех дар Тоҷикистон дар мусоҳибааш ба рӯзномаи “Бизнес и Политика”-и чопи Душанбе гуфта буд, ки баҳси қарзи “Тоҷиксемент” як монеъаи ҷиддӣ дар роҳи ҳамкориҳои доираҳои соҳибкории кишвараш ва Тоҷикистон шудааст.
XS
SM
MD
LG