Пайвандҳои дастрасӣ

Азим Иброҳим: Марзбандӣ бештар ба зарари Қирғизистон шуд


Азим Иброҳим дар Бишкек

Азим Иброҳим дар Бишкек

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар як гуфтугӯи ихтисоӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи натоиҷи иҷлоси навбатии кумиссиюни байнаҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек сӯҳбат кард.

Дар Бишкек нишасти навбатии кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии масоили умумӣ баргузор шуд. Ин нишаст рӯзи 29 август таҳти раёсати муовини нахуствазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев ва муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ба поён расид. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон, дар нишасти Бишкек масоили гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангу маориф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки тағйирот ба созиш дар бораи гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва аз ҷумла, мақоми байнулмилалӣ додан ба гузаргоҳи “Қарамиқ” ҳарчӣ зудтар ҳал шавад. Дар нишаст ба зарурати таҳкими ҳамкории наздиктари вилояти Суғд ва ноҳияҳои Мурғобу Ҷиргатоли Тоҷикистон бо вилоятҳои Ӯш ва Бодканд таъкид шуд.

Иброҳим Азим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, баъд аз анҷоми нишаст дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ нишастро муфид арзёбӣ намуд ва хабар дод, ки қарор аст нишасти навбатии комиссиюн аввалҳои соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Иброҳим Азим аз посух ба суол дар бораи мушкили бунёди роҳу пулҳо дар манотиқи баҳсталаби кишвар худдорӣ кард ва гуфт, ки ба ин мавзӯъ кумиссиюни дигари байниҳукуматӣ машғул аст. Дар ибтидои сӯҳбат аз ҷаноби Иброҳим Азим суол кардем, ки баста шудани марз бар асари ду моҷароҳо дар сарҳади ноҳияи Исфара ва вилояти Бодканд ба иқтисоди ду кишвар, ба ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон, то куҷо асар гузоштааст ва аз он кадом кишвар бештар осеб дидааст? Ӯ гуфт:

- Агар дар ним соли аввали соли 2014 содироти Тоҷикистон ба Қирғизистон аз 4,5м миллион доллар то 2,3 миллион доллар, яъне тақрибан ду баробар коҳиш ёфта бошад, дар ҳамин давра содироти Қирғизистон ба Тоҷикистон аз 9,9 баробар кам шудааст. Акнун худатон қазоват кунед, ки кадом кишвар бештар осеб дидааст. Аз ин рӯ, ба ақидаи мо, бояд ҳоло дар бораи интиқоли молу коло аз тариқи нақлиёти боркаш андеша кунем, зеро ин зарфияти бузурге барои берунрафт аз вазъи феълист. Ҷумҳурии мардумии Чин, тавре шумо медонед, кишвари бузургест ва молу коло аз он кишвар тавассути хоки Қирғизистон ва Тоҷикистон на фақат ба кишварҳои мо, балки ба кишварҳои саввум ҳам интиқол меёбад ва мо набояд аз ин зарфият сарфи назар кунем. Ва боиси хушнудист, ки мавзӯи додани мақоми байнулмилалӣ ба гузаргоҳи “Қарамиқ - Саритош” пазируфта шуд ва он бешак ба афзоиши интиқоли молу коло байни кишварҳои мо мусоидат мекунад.

Озодӣ: Ҷаноби Иброҳим Азим, тавре маълум аст, Тоҷикистону Қирғизистон тарҳҳои ҳамсони энерҷиро рӯи даст гирифтаанд. Аммо ба назар мерасад, ки ҳамкории миёни ду кишвар дар ин бахш он қадар муассир нест. Оё, аз нигоҳи шумо, имкони такони ҷиддӣ додан ба ин ҳамкорӣ мавҷуд аст?

- Бубинед, тайи чанд моҳи ахир мо ба Қирғизистон тақрибан 160 миллион киловатт-соат нерӯи барқ интиқол додем. Агар мо имкони бештар медоштем, метавонистем, ки ба дӯстони қирғизамон то 500-600 миллион киловатт-соат нерӯи барқ диҳем. Ман фикр мекунам, ки татбиқи ҳама гуна тарҳҳои марбут ба энержӣ, саноат ва нақлиёт ба нафъи кишварҳои моянд. Мо бояд дар ин росто талош кунем, зеро ин ба манфиати мардуми ҳарду кишвар аст. Дар робита ба ҳолати феълӣ... Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва захираҳои обӣ аз ҳам тафовути зиёд надоранд, бештари оби минтақа аз кӯҳистони кишварҳои мо сарчашма мегирад ва мо бояд бидуни осеб расонидан ба дигар кишварҳо аз ин истифода барем, зеро он метавонад ба рушди иқтисодии мо такон диҳад.

Озодӣ: Ва суоле ки солҳои ахир зеҳнҳоро зиёд машғул медорад, мавзӯи қочоқи молу мавод, аз ҷумла, сӯзишворӣ дар марзи ду кишвар... Ҳукуматҳо оё барои аз байн бурдани ин қочоқ аз иқдомҳое кор мегиранд?

- Рости гап, ман дар ин бора ягон иттилоъ надорам. Агар ин гуна иттилоъ ба комиссиюни мо мерасид – ё ба ҷониби Қирғизистон ё ба ҷониби Тоҷикистон, мо онро ҳатман баррасӣ ва ҳаллу фасл мекардем. Аммо, ҳадди аққал, ҳамин ҳоло мо дар бораи қочоқи молу мавод иттилое зери даст надорем. Албатта, қаблан мо дар ин бора шунида будем, аммо ҳамон вақт ин мавзӯъ баррасӣ шуд ва дар робита ба он тасмими дуруст гирифта шуда буд. Аммо ҳамкорони қирғизи мо масоили марбут ба постгоҳҳо, убур аз марз, тронзити нақлиётро дар ҷаласаи комиссиюн ба миён гузоштанд ва мо онро баррасӣ мекунему ҳалли онҳоро меҷӯем. Дар ин масоил ҳукумати Қирғизистон аллакай тасмимҳое гирифтааст, ҳукумати Тоҷикистон бошад ҳоло баррасии ин мавзӯъро идома медиҳад. Хуб, мавзӯъи қочоқ мавзӯъи нав нест, он дирӯз ё имрӯз рӯ назадааст. Ин мавзӯъ дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки характери оммавӣ дошта бошад. Аммо агар ҳодисаҳои ҷудогонаанд, тарве, ки дар хонавода ҳам ҳодисаҳои ҷудогона рӯй медиҳанд, онҳо наметавонанд мавриди баррасиҳои байнидавлатӣ қарор бигиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG