Пайвандҳои дастрасӣ

Иқтисодшиноси тоҷик Собир Вазиров мегӯяд, фармони боло бурдани маошу нафақаи мардум натиҷаҳои мусбат бештар дорад, то манфӣ.

Иқтисодшиноси тоҷик Собир Вазиров дар шарҳи фармони рақами 697-уми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 6 июн, ки бар асоси он аз 1 июл маошу нафақаҳо дар Тоҷикистон боло бурда мешаванд, гуфт, ин фармон натиҷаҳои мусбат бештар дорад, то манфӣ.

Бар асоси фармони раисиҷумҳур, аз 1 июл маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон аз 250 сомонии феълӣ якбора 60 дарсад боло рафта, ба 400 сомонӣ расонда мешавад. Маоши вазифавии кормандони риштаҳои маорифу тиббу фарҳанг аз моҳи оянда 20 дарсад, низомиҳо дастикам 15 дарсад, нафақаи ҳадди ақал низ 20 дарсад боло меравад. Нафақаи ҳадди ақал баъди як моҳ дар Тоҷикистон 156 сомониро ташкил хоҳад дод. Стипендияи донишҷӯён низ аз моҳи июл 30 дарсад боло бурда мешавад ва ба 103 сомонӣ мерасад.

Боло бурдани маош аз ҷумлаи ваъдаҳоест, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар паёми соли 2015-умаш дода буд ва қарор буд, ин барнома ҳанӯз моҳи сентябри ҳамон сол иҷро шавад. Вале мушкилоти иқтисодие, ки ба далели бӯҳрони иқтисодии Русия ва башиддат коҳиш ёфтани ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик аз гиребони Тоҷикистон гирифт, имкон надод, ки ҳукумат дар соли 2015 ба ваъдааш амал кунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш дигарбора ба ин масъала баргашт ва ваъда дод, ки имсол ҳатман маошу нафақаи мардумро боло хоҳанд бурд.

Иқтисодшиноси тоҷик Собир Вазиров рӯзи 7 июн дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, вазъи иқтисодии ҳукумат имсол беҳтар шудааст, вале танҳо ин омил нест, ки маошу нафақаҳоро боло мебаранд.

Собир Вазиров

Собир Вазиров

Собир Вазиров: Хароҷот барои боло бурдани маошу нафақаҳо дар нақшабандии буҷаи имсола аз пеш дар назар гирифта шуда буд. Боло бурдани маоши кормандони давлатӣ ва нафақаҳо ҳанӯз дар буҷаи соли 2015 пешбинӣ шуда буд, вале ба далели иҷро нашудани нақшаи даромади буҷа ин барнома иҷро нашуд. Аммо имсол ҳолат назар ба соли гузашта каме беҳбуд ёфтааст ва сониян, давлат боло бурдани маошу нафақаҳоро ба мардум ваъда дода буд ва ин ӯҳдадориашро бояд амалӣ мекард.

Радиои Озодӣ: Аммо боло бурдани маошу нафақаҳо аз буҷа садҳо миллион сомонӣ хароҷоти изофӣ талаб мекунанд. Оё ин қадар харҷ ба хотири иҷрои ваъдаи кӯҳна бори изофие ба дӯши буҷаи бе ин ҳам начандон пури кишвар нахоҳад шуд?

Собир Вазиров: Гаронӣ дар қисми буҷа ҳатман мешавад, вале на ба ҳадду андозае, ки дар соли 2015 буд. Чаро? Чунки

  1. қурби асъор тағйир ёфтааст,
  2. қисми даромади буҷа аз андозу боҷу хироҷҳо, фурӯши моликияти давлатӣ ва аз ҳисоби қарзҳои беруна ташкил меёбад.

Имсол қурби сомонӣ билохира дар як нуқтаи зоҳиран собит қарор гирифт ва имконияти такмили қисми даромади буҷа аз ҳисоби қарзҳои хориҷиву грантҳо зиёдтар шудааст. Ин имконият дод, ки ҳукумат ваъдаашро иҷро кунад.

Ин аз як нуқтаи назар. Аз тарафи дигар, вақъе музди кор боло бурда мешавад, ба иқтисод пули нав ворид мешавад ва ин пули нав ба афзоиши қобилияти харидории мардум мусоидат мекунад. Афзоиши қобилияти харидории мардум ба навбати худ сабаби афзоиши қисми даромади буҷа мешавад, чунки авҷ гирифтани савдо ҷамъоварии андозҳоро боло мебарад.

Радиои Озодӣ: Яъне метавон интизор шуд, ки бо ворид шудани ин маблағҳои изофӣ ба гардиш савдо дар Тоҷикистон, ки дар як соли охир хеле суст шуда буд, аз нав зинда шавад?

Собир Вазиров: Бале, чунки вақте музди миёна 15 фоиз боло бурда шавад, дар маҷмӯъ сухан дар бораи садҳо миллион сомонӣ меравад. Маълум аст, ки бахши умдаи даромади кормандони давлатӣ ё риштаҳои иҷтимоӣ, ба истеъмолот сарф мешавад. Ин маошҳо ба ҳадде нестанд, ки амонат гузошта шаванд ё сарфа шавад, онҳо аксаран ба иқтисод хоҳанд рехт ва ин ба иқтисоди мо таъсири мустақими мусбат хоҳанд расонд.

Радиои Озодӣ: Аммо чунин барномаҳои иҷтимоӣ, ки халқро муддате хурсанд мекунанд, паҳлуи манфӣ ҳам доранд, чунки маъмулан ба афзоиши таваррум ҳам оварда мерасонанд...

Собир Вазиров: Бале, ин паҳлуяш ҳам ҳаст, албатта. Чунки вақте дар иқтисод пул зиёд шавад, сатҳи таваррум табъан боло меравад. Вале ба сурати умум ин як барномаи мусбат аст ва бояд гуфт, кадом нақшаи кӯтоҳмуддате набуд. Ин чизе буд, ки ҳанӯз ду сол пеш тарҳрезӣ шуда буд, вале танҳо имсол имкони амалӣ карданаш даст дод. Дуруст аст, ки бори гардани буҷаро бештар хоҳад кард, вале таъсироти манфиаш имсол ба ҳадде нахоҳад буд, ки соли гузашта буд.

Радиои Озодӣ: Яъне ба назари шумо, паҳлуҳои мусбаташ назар ба асароти манфиаш бештар аст?

Собир Вазиров: Бале, бале. Чунки назар ба соли 2015 қурби пули миллии сомонӣ дар муқобили доллар аз 5 сомонӣ то тақрибан 8 сомонӣ боло рафт. Вале маошҳо дар ҳамон сатҳи соли 2014 монданд. Ва азбаски аксари молҳои мавриди ниёзи мардум ба Тоҷикистон аз хориҷ ворид карда мешаванд, аксар дигар тавони харидани ин молҳоро надоштанд. Боло бурдани маошҳо қобилияти харидории мардумро болотар мебарад ва боварии мардумро нисбат ба ҳукумат низ то як андоза боло мебарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG